Иттиҳоди Аврупо беш аз 6 млрд еврои дигар ба дифоъ аз Украина ҷудо кард

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина бо Урсула фон дер Ляйен, раиси Комиссияи Аврупо.

Комиссияи Аврупо рӯзи 24 август бо ҷудо кардани 6,1 миллиард евро кӯмаки молии нав ба Украина барои хариди системаи дифоӣ мувофиқат кард. Ҳамзамон Бритониё эълон кард, ки маълумоти маҳрамонаи заруриро барои монтаж ё бандубасти мушакҳои дурбурд дар хоки Украина дар ихтиёри Киев қарор медиҳад.

Ба гуфтаи Комиссияи Аврупо, будҷаи нав барои хариди системаи дифои ҳавоӣ, мушак, таҷҳизот ва радар харҷ хоҳад шуд ва ба 16 миллиард евро тарҳҳои пешини хариди аслиҳа аз сӯи ин иттиҳодия, илова мешавад. То кунун 8,35 миллиард евро аз будҷаи қаблӣ пардохт шудааст.

Урсула фон дер Ляйен, раиси Комиссияи Аврупо бо ишора ба афзоиши ҳамлаҳои Русия гуфт, "мо низ талошҳоямонро афзоиш медиҳем, то ба Украина барои муҳофизат аз мардум ва дифоъ аз осмони худ кӯмак кунем".

Мувофиқати Иттиҳоди Аврупо ба ироаи ин кӯмакҳо ҳамзамон бо баргузории нишасти "Эътилофи кишварҳои довталаб" ба раҳбарии Бритониё, Фаронса ва Олмон сурат гирифт.

Ин эътилоф иборат аз ҳудуди 34 кишвари пуштибони Украина аст ва ҳадафи он идомаи кӯмакҳои низомӣ, тақвияти системаи ҳавоӣ ва таҳияи барномаи амниятии дарозмуддат барои Киев, мебошад.

Энди Бернэм, нахуствазири Бритониё низ рӯзи 24 август дар нахустин сафари хориҷии худ аз замони ба даст гирифтани ин мақом, вориди Киев шуд.

Дафтари нахуствазири Бритониё эълон кард, ширкати саноати дифоии MBDI иҷоза ёфтааст маълумоти маҳрамонаи вобаста ба қитъаҳои бритониёии мушаки дурбурди SCALP-ро дар ихтиёри Украина қарор диҳад.

Як рӯз пеш аз ин нишаст низ раҳбарони Дания, Эстония, Латвия, Литва ва Норвегия барои нишон додани ҳимояти худ аз Украина, дар Киев ҷамъ омаданд.

Нахуствазири Норвегия ваъда дод ҳимояти кишвараш аз Украина дар соли оянда низ дар сатҳи имсол, яъне ҳудуди 9 миллиард доллар, боқӣ бимонад, ки бахши асосии он кӯмакҳои дифоӣ хоҳад буд.

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина бо таъкид бар зарурати дарёфти системаи дифои ҳавоии бештар, аз кишварҳои аврупоӣ хост, раванди таъмини будҷаи дифоии ин кишварро суръат бахшанд. Ӯ гуфт, артиши Украина бо коҳиши 27-миллиарддолларӣ рӯбарӯ аст ва хостори интиқоли ҳарчи зудтар қарзи 90-миллиарддолларии ваъдадодашудаи Иттиҳоди Аврупо шуд.

Зеленский рӯзи 23 август ҳамчунин ҳушдор дод, ки Украина бар ин бовар аст, ки Русия қасд дорад пас аз интихоботи порлумонӣ дар моҳи сентябр, 300 ҳазор нерӯи нав барои ҷанг сафарбар кунад.

Ба гуфтаи ӯ, Маскав мумкин аст дар соли 2027 низ нерӯҳои бештаре даъват кунад, то шумори нерӯҳои наваш ба 500 ҳазор нафар бирасад. Сафарбаркуние, ки эҳтимолан бештар минтақаҳои дурафтодаи Украинаро ҳадаф қарор хоҳад дод. Зеленский ҳамчунин ҳушдор дод, ки Русия дар пайи афзоиши чашмгири тавлиди мушакҳои баллистикии худ аст.

Талошҳои нави Аврупо барои тақвияти тавони дифоии Украина дар ҳоле сурат мегирад, ки ҳамлаҳои мутақобили ду кишвар шиддат гирифтааст. Нерӯи ҳавоии Украина эълон кард, Русия шоми 23 август 127 паҳпод ба сӯи нуқтаҳои гуногуни ин кишвар партоб кард.

Вазорати дифои Русия низ рӯзи 24 август гуфт, системаи дифои ҳавоии ин кишвар дар ҷараёни ҳамлаи густурда, 351 паҳподи украиниро дар 9 минтақаи Русия ва бар фарози Баҳри Сиёҳ ва Баҳри Азов раҳгирӣ ва аз байн бурдааст.

Мақомҳои Русия ҳамчунин аз кушта шудани ду кӯдак ва захмӣ шудани 9 нафар бар асари афтодани боқимондаҳои паҳпод бар як маркази нигаҳдории кӯдакон дар минтақаи Краснодар хабар доданд.

Русия эълон кард, дар ҳамлаҳои мушакӣ ва паҳподии худ ба минтақаи Одесса, як нафткаши ҳомили маводи сӯхт барои нерӯҳои мусаллаҳи Украина, чанд анбори маводи сӯхт, иншооти соҳилӣ ва як истгоҳи барқрасониро ҳадаф қарор додааст. Мақомоти Украина ҳанӯз ҷузъиёти мустақиле дар бораи ҳаҷми хисороти ин ҳамлаҳо ироа накардаанд.