Даҳ сол пеш, охири моҳи августи соли 2016, чашму ҳушҳо ба сӯйи Тошканд равона буд. Хабарҳои тасдиқношудае мерасид, ки гуё президенти вақти Узбекистон Ислом Каримов фавтидааст. Телевизиони давлатии Узбекистон танҳо рӯзи 2-юми сентябр расман аз марги Каримов хабар дод. Ӯ 78 сол дошт ва 27 соли охираш Узбекистонро бо мушти сангине идора кардааст.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар маросими видоъ бо Ислом Каримов. Сентябри 2016
Каримов дар таърихи муосири Тоҷикистон низ нақши хосе бозида, муносибатҳои байни ду кишварро ба сардтарин нуқта расонда буд. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон яке аз нахустинҳо шуда ба маросими дафни Каримов рафт. Бо вуҷуди он ки муносибати ду раҳбар дар солҳои охир сард буд.
Зери сояи Тошканд
Дар ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-97 ва якҷо бо Русия дар ташкили ҳукумати нав дар Тоҷикистон бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон саҳм дошт. Баъд, аз ин ҳукумат рӯ тофт, марзҳоро симхорпечу минакорӣ ва барои шаҳрвандони Тоҷикистон виза ҷорӣ кард ва шадидан зидди сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” буд. Ин тасвири чанде аз сиёсатшиносони тоҷик аз нақши Ислом Каримов, раисҷумҳури пешини Узбекистон, дар таърихи муосири Тоҷикистон аст.
Ба ақидаи сиёсатшинос Парвиз Муллоҷонов, нақши Каримов дар ҷанги Тоҷикистон барои ҳифзи низоми пешинаи робитаҳои дуҷониба буд.
Парвиз Муллоҷонов
"Дидгоҳаш ба Тоҷикистон дар заминаи воқеаҳои аввали садаи 20-уми қарни гузашта шакл гирифта буд. Вақте Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурии худмухтор дар ҳайати Узбекистон қарор дошт. Яъне, аз рӯзи нахустини фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ то рӯзи охирини зиндагиаш бовар дошт, ки Тоҷикистон бояд ҳам сиёсати берунӣ ва ҳам дохилии худро дар зери сояи Тошканд анҷом диҳад," – шарҳ дод Муллоҷонов.
Таъсиси ҳизбу созмонҳои динӣ дар Тоҷикистону Узбекистон пас аз фурӯпошии Шӯравӣ ва нуфузи рӯзафзуни онҳо Ислом Каримовро ба ҳарос оварда буд. Вакилон аз Узбекистон дар намоишҳои эътирозии Душанбе низ ширкат мекарданд. Баъзе аз ҷунбишҳо даъвои ба тоҷикон мансуб будани Самарқанд ва Бухороро мекарданд.
Сироҷиддин Толибов, рӯзноманигор ва таҳлилгар, мегӯяд, Каримов мехост хатарҳоро нисбат ба худаш ва кишвараш бо роҳи бастани роҳҳо идора кунад.
Сироҷиддин Толибов
"Дар замони Каримов марҳилаи бадтарини равобити ду кишвар буд. Каримов мехост Тоҷикистонро ба Ғазза табдил диҳад. Аз ҳар лиҳоз: сиёсӣ, иқтисодӣ, фишорҳои гуногун. Роҳҳо баста буданд, марзҳоро минагузорӣ карда буд. Ҳатто роҳи оҳанро тарконида буд, роҳе оҳане, ки аз Тирмиз то Кӯлоб мерасид. Мирзиёев бо кушодани марзҳо ва роҳҳо Узбекистонро идора мекунад. Ин фарқи асосии раҳбарони собиқ ва кунунӣ аст," – афзуд ӯ.
Инро ҳам бинед:
Соатҳои охирини умри Ислом Каримов дар тасвири яке аз шоҳидонПрезидент Ислом Каримов дар робита ба ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон се дафъа тағйири назар кард. Дар соли 1992 аз Созмони Милал ва Русия дахолати қатъиро талаб намуд. То оғози гуфтушунидҳои сулҳ дар соли 1994 талабгори сулҳу оромӣ шуд, аммо баъдаш аз ширкат дар раванди сулҳ даст кашид.
Ин шева Тошкандро аз ҷойгоҳи асосияш дар ҷангу сулҳи Тоҷикистон канор гузошт ва Маскаву Теҳронро ба бозигарони асосӣ табдил дод. Аммо Ислом Каримов ҳамоно мехост, кишвараш дар Осиёи Марказӣ сухани аввалро гӯяд.
Бародари хурдӣ ва калонӣ
Муҳаммад Шамсуддинов
Сиёсатшинос Муҳаммад Шамсуддинов мегӯяд, “Ислом Каримов Узбекистонро чун давлате бо сатҳи баланди соҳибихтиёрӣ ва як пешвои бузурги минтақаӣ арзёбӣ мекард ва аз ҳамин ҷиҳат ҳам Тоҷикистонро аз ҳампаймони баробарҳуқуқ намешумурд.”
“Як интизорие дошт, ки Тоҷикистон пас аз поёни ҷанги шаҳрвандӣ шарик ё бародари хурдӣ мешавад. Ҳамин муносибатро дар робита бо сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” мешавад баръало мушоҳида кард. Каримов ба ин андеша буд, ки “Роғун” Узбекистонро вобастаи Тоҷикистон мекунад,” – шарҳ дод мусоҳиби мо.
Пас аз имзо шудани созишномаи сулҳи тоҷикон, Узбекистон ба нерӯҳое паноҳ дод, ки зидди ин сулҳ буданд. “Маҳмуд Худойбердиев соли 1998 чанд нуқтаи Тоҷикистонро забт кард. Одамон кушта шуданд. Ин вазъ Тоҷикистонро водор кард, ки сиёсати худро пурра тағйир диҳад. Тоҷикистон мунтазир набуд, ки кишвари ҳамсоя чунин корро мекунад,” – гуфт Сироҷиддин Толибов.
Вай афзуд, “Тоҷикистон фаҳмид, ки бо кӯшиши худ бояд аз ин бунбаст берун барояд. Фишорҳои иқтисодӣ ва сиёсии Узбекистон Эмомалӣ Раҳмонро водор кард, ки роҳи байни шимол ва ҷануби Тоҷикистонро дуруст кунад, хати мустақили барқро эҳё кунад. Фишори Узбекистон зиёд буд, аммо ин чиз водор кард, ки Тоҷикистон мустақилона мушкили худро ҳал кунад.”
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Рӯзҳои охирини Ислом Каримов. АКСФарқи Мирзиёев аз Каримов чист?
Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев. Шаҳри Душанбе, 18-уми апрели 2024
Ба ақидаи таҳлилгарони ҳамсуҳбати мо, ин оғози шикасти сиёсати Ислом Каримов дар Тоҷикистон буд. Парвиз Муллоҷонов гуфт: “Намефаҳмид, ки барои тоҷикон дигар бародари калон даркор нест. Вақте Мирзиёев дар Узбекистон сари қудрат омад, дар се моҳ муносибат ислоҳ карда шуд. Мирзиёев, баръакс, воқеиятҳои имрӯзаро ба инобат гирифт. Агар хоҳем, ки муносибати мо хубу бобарор бошад, ҳамчун шарики баробар бояд бо ҳам муносибат кунем.”
“Дигаргуниҳое, ки баъд аз соли 2016 сар шуданд, танҳо бо шахсияти Мирзиёев вобаста нестанд. Ин ҷо масъала усулӣ аст, ки модели эҷодкардаи даврони Каримов кӯҳна шуд ва вақти тағйирот ҳам дар сиёсати дохилӣ ва ҳам хориҷӣ расид. Агар Узбекистон дар давраи Каримов баста буд, Мирзиёев дар сиёсати хориҷӣ даркушоӣ кард. Яке аз ин самтҳо одисозии муносибатҳо бо ҳамсояҳо буд,” – гуфт Муҳаммад Шамсуддинов.
Рӯзноманигор Сироҷиддин Толибов мегӯяд, “фарқи Шавкат Мирзиёев аз Ислом Каримов ин аст, ки Мирзиёев пантуркист нест, миллатгаро нест, хусумат ба кишварҳову фарҳангҳои дигар надорад.”
Ин ҳам ҷолиб аст:
Ёддошти сафири пешин: "Каримов гуфт, ибораи "Ҷаноби олӣ"-ро Раҳмон дӯст медорад"“Ёдам ҳаст, як вохӯрӣ бо соҳибкорон буд. Соҳибкоре аз Самарқанд хесту гуфт, ки “мебахшед, узбекии ман хуб нест, мехоҳам фикрамро ба русӣ баён кунам”. Мирзиёев дар ҷавоб гуфт: “Ман солҳои зиёд дар Самарқанд кор кардаам, тоҷикиро ҳам мефаҳмам, тоҷикӣ гап занед” ва хандид,” – ба ёд овард ӯ.
Шавкат Мирзиёев соли 2016 дар натиҷаи интихоботи зудҳангом зимоми сиёсатро дар Узбекистон ба даст гирифт. Қабл аз он беш аз даҳ сол сарвазир буд. Пешиниёни ӯ аз деҳаи Яхтани ноҳияи собиқ Ғончӣ (Деваштичи ҳозира)-и Тоҷикистон буда, солҳо пеш ба Ҷиззах ё Дизаки Узбекистон кӯчидаанд.
“Ҳозир ҳама паҳлуҳои муносибати дуҷонибаи Узбекистону Тоҷикистон дар шакли дуруст қарор доранд. Шояд каме фарқият дар дидгоҳ вуҷуд дошта бошад. Аз ҷумла, муносибати Узбекистон ба ҳукумати “Толибон” дар Афғонистон... Дар Узбекистон ва Туркманистон бовар доранд, ки шояд Толибон зери манфиатҳои иқтисодӣ дигар хоҳанд шуд. Онҳо бовар доранд, ки ҳукумати ҳозираи Афғонистонро метавон нармтар кард, дӯсту бародар кард. Мо ба ин чиз бовар надорем, ман шахсан бовар надорам," – хулоса кард сиёсатшинос Парвиз Муллоҷонов.
Расонаҳои Тоҷикистон, ки дар гузашта дар бораи Ислом Каримов зиёд менавиштанд, акнун тақрибан ёде аз замони раҳбарии ӯ, муносибаташ ба Тоҷикистон ва як давраи таърихи муштарак намекунанд. Аммо он таърих фаромӯшшуданӣ нест.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ислом Каримов барои тоҷикон кӣ буд?