Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мактабҳои тоҷикӣ барҳам хӯрдаанд." Гуфтугӯ бо Асад Гулзодаи Бухороӣ. ВИДЕО


Асад Гулзодаи Бухороӣ
Асад Гулзодаи Бухороӣ
Шоиру рӯзноманигори тоҷик ва яке аз тарафдорони эҳёи мактабаҳои тоҷикӣ дар Бухоро, Асад Гулзодаи Бухороӣ, рӯзи якуми апрел 88-сола шуд. Ӯ солҳои охир дар Амрико зиндагӣ мекунад, вале барои чопи китобу навиштаҳояш ба Бухорову Тоҷикистон меояд. Ахиран китоби навашро ба номи “Паёме аз Бухоро” дар Тоҷикистон чоп кард. Хабарнигори Радиои Озодӣ бо Асад Гулзода дар зодгоҳаш вохӯрд ва аз ӯ пурсид, ки “Паёме аз Бухоро” чӣ паём дорад?

Асад Гулзодаи Бухороӣ: Китоб ба он сабаб “Паёме аз Бухоро” ном гирифтааст, ки бо чунин унвон шеър навиштаам:

Аз Бухоро мо салом овардаем,

Ҳурмату сад эҳтиром овардаем.

Мо барои дӯстони меҳрубон,

Як паёми бомақом овардаем.

Аз Бухорои шарифи арҷманд,

Ҳамзабононро паём овардаем.

Китоб бо ташаббуси ду бародари ба ҷон баробару фарҳангӣ - Исмоил Зарифӣ ва Иброҳими Наққош омода ва дар шаҳри Душанбе нашр шуд.

Радиои Озодӣ: Шеърҳо асосан дар кадом мавзуъ ҳастанд?

Асад Гулзодаи Бухороӣ: Дар ин китоб асосан шеърҳои ишқӣ аст. Дубайтиҳову қитъаҳо ҳаст. Бахшида ба бузургони Бухоро шеърҳо ҳаст. Мавзӯи асосии китоб Бухоро – таърих ва анъанаҳои он аст.

Радиои Озодӣ: Ишора кардед, ки дар бораи бузургони Бухоро менависед, яъне киҳо?

Асад Гулзодаи Бухороӣ: Аз Рӯдакӣ сар мешавад, тақрибан сад нафаранд онҳо.

Радиои Озодӣ: Метавонед аз асрҳои наздик бузургонеро ба ёд оред. Онҳо киҳо буданд. Аз бузургони асри 19-20 ба киҳо шеър навиштаед?

Асад Гулзодаи Бухороӣ: Дар васфи Садриддин Айнӣ, Мушфиқӣ, Шавкати Бухороӣ, Носири Бухороӣ, Ҳайрат, Аҳмади Дониш навиштаам.

Радиои Озодӣ: Ангезаи илҳоми Шумо чӣ буд? Барои чӣ бештар дар бораи бузургони Бухоро шеър гуфтаед?

Асад Гулзодаи Бухороӣ: Дар шароити Узбекистон ягон кас ин шоиронро ба забон намегирад. Мо, ки 60 сол инҷониб мактаби тоҷикӣ надорем, дар вилояти Бухоро аксарият дар бораи бузургони Бухоро маълумот надоранд. Мақсади ман ҳамин ки мардумро бедор кунам, мардуми Бухоро донад, ки гузаштагонашон киҳо буданд ва чӣ корҳоро анҷом додаанд. Гузаштагонашон ба кадом забон гап задаанд. Ин ҳамаро ман дар шеърҳоям инъикос кардаам. Ин навиштаҳо дар эҳёи забони тоҷикӣ нақш мебозад.

Гуфтугӯ бо Асад Гулзодаи Бухороӣ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:29:17 0:00

Радиои Озодӣ: Гуфтед, ки тақрибан 60 сол боз мактаби тоҷикӣ нест, пас ин шеърҳои Шуморо кӣ мехонад? Барои кӣ менависед?

Асад Гулзодаи Бухороӣ: Хонандагони шеърҳои ман асосан дар Тоҷикистон ва дигар минтақаҳои тоҷикнишини Узбекистон мебошанд. Мардуми Бухоро ҳама бо забони тоҷикӣ гап мезананд, шеъри маро мехонанд ва мефаҳманд.

Радиои Озодӣ: Оё Бухоро шаҳри асосии тоҷикон набуд дар гузашта? Имрӯз мактаби тоҷикӣ нест?

Асад Гулзодаи Бухороӣ: Агар таърихро гирем, ин шаҳрро тоҷикон сохтанд, забони тоҷикӣ аз ин шаҳр сарчашма гирифта, ба минтақаҳои дигар паҳн шудааст.

Радиои Озодӣ: Мушоҳида кардем, ки дар гузарҳо, дар кӯчаву бозор мардум ба тоҷикӣ суҳбат мекунанд, ҳарчанд таҳсилу коргузорӣ ба забони узбекист. Ба андешаи Шумо, дар Бухоро чӣ гуна забони тоҷикӣ то имрӯз омада расид?

Асад Гулзодаи Бухороӣ: Забони модарии мо бисёр бой, ширин ва забони шеъру ғазал аст. Барои маъқул аст. Русҳо, намояндагони Қафқозу тоторҳо буданд. Ҳамаашон баъд аз як сол зиндагӣ дар Бухоро забони тоҷикиро меомӯхтанд. Мутаассифона, мактабҳои тоҷикӣ барҳам хӯрд. Бахусус дар давраи Ислом Каримов мо хеле азоб кашидем.

Радиои Озодӣ: Ҳоло ҳам маконҳое ҳастанд, ки ба мисли икитобхона он ҷо хоҳишмандон ба забони тоҷикӣ китобҳои бадеӣ бихонад?

Асад Гулзодаи Бухороӣ: Ҳаст, дар китобхонаҳои шаҳриву вилоятӣ чунин имконият ҳаст.

Радиои Озодӣ: Ман иттилоъ пайдо кардам, ки дар зодгоҳи Шумо деҳаи Шавгони ноҳияи пешкӯҳи Бухоро ҳанӯз синфе ҳаст, ки бо забони тоҷикӣ дарс мехонанд.

Асад Гулзодаи Бухороӣ: Ман худам дар ҳамин мактаб хондам ва кор ҳам кардаам, 10 сол муаллим будам, директорӣ ҳам кардам. Ин мактаб солҳои 1930-юм ташкил шудааст. То имрӯз фаъолият дорад. Имрӯз фақат як синфи тоҷикӣ дораду бас. Мо равшанфикрон талош дорем, ки як ду мактаби тоҷикиро аз нав барқарор кунем.

Радиои Озодӣ: Шояд замина нест? Чун дар Узбекистон забони давлатӣ узбекӣ аст ва шахсоне, ки мактаби тоҷикиро хатм мекунанд, имкони ба забони тоҷикӣ супурдани имтиҳони дохилшавиро нахоҳанд дошт. Шояд ангеза барои хатм кардани мактаби тоҷикӣ нест?

Асад Гулзодаи Бухороӣ: Воқеан ҳам, ин масъала як мушкили асосӣ аст, чунки падару модарон ҳам фикр мекунанд, инҳо мактаби тоҷикӣ хонанд, дар куҷо таҳсилро идома медиҳанд, дар куҷо кор мекунанд. Падару модарон ҳам маҷбур шуда истодаанд, ки фарзандони худро ба мактабҳои тоҷикӣ надиҳанд.

Радиои Озодӣ: Маълум аст, ки дар Бухорову Самарқанд ва минтақаҳои дигар шумори зиёди тоҷикон зиндагӣ доранд, барои ташкили гурӯҳҳои тоҷикӣ дар мактабҳои олӣ ягон пешниҳод ва ташаббус аз ҷониби равшанфикрон шудааст?

Асад Гулзодаи Бухороӣ
Асад Гулзодаи Бухороӣ

Асад Гулзодаи Бухороӣ: Ду сол қабл бо мудири шуъбаи маорифи вилоят вохӯрдем, аз он кас рухсат гирифтем, ки мактаби Шавгонро тоҷикӣ кунем. Дар он ҷо як синфи тоҷикӣ ташкил карданд, 15 рӯз давом кард. Рӯзи 15 ин синфро бастанд. Сабаб муаллимҳо узбекзабонанд.

Радиои Озодӣ: Шумо гуфтед, дар китобатон шоирону нависандагоне, ки дар Бухоро зиндагӣ кардаанд, васф шудаанд. Ҳоло ҳам дар Бухоро шоирони тоҷикзабон зиёд ҳастанд?

Асад Гулзодаи Бухороӣ: Дар ҷумҳурӣ тахминан 300 шоиру нависандаи тоҷик ҳастанд. Дар Бухоро ду кас мондаем. Ман ва Ҳадяи Бухороӣ. Ман донишгоҳи Душанберо хатм кардам, Ҳадяи Бухороӣ Самарқандро. Дигар эҷодкорҳо тоҷик бошанд ҳам, узбекӣ менависанд.

Радиои Озодӣ: Кай Шумо узви иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шудед?

Асад Гулзодаи Бухороӣ: Соли 2003 ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудам. Аз оғоз алоқаи эҷодӣ бо Тоҷикистон доштем. Бо Ҷалол Икромӣ, Лоиқ, Бозор Собир, Ӯрун Кӯҳзод робитаҳои адабӣ доштем.

Радиои Озодӣ: Тақрибан 50 сол дар телевизион ва радио ҳам кор кардаед ва барномаҳои тоҷикӣ мебурдед. Дар давраи Шӯравӣ талабот ба барномаҳои тоҷикӣ дар телевизион ва радио чӣ хел буд ва ҳоло чӣ гуна аст?

Асад Гулзодаи Бухороӣ: Аз ҷониби халқ талабот буд, барномаҳои тоҷикиро беҳад дӯст медоштанд. Барномаҳоро интизор мешуданд, занг мезаданд. Миннатдорӣ баён мекарданд.

Радиои Озодӣ: Аз ҳукумати пешин ёд овардед, ки муносибат бо тоҷикон хуб набуд, вале дар бораи панҷ шаш соли охир чӣ таассурот доред. Чӣ тағйироте аст дар Бухоро шуд?

Асад Гулзодаи Бухороӣ: Чизи асосӣ барои мо ин аст, ки дар давлати демократӣ зиндагӣ карда истодаем. Сиёсати давлат тағйир ёфт. Озодии сухан ҳаст, фикри ақидаи хешро бо кадом забоне, ки хоҳед баён мекунед. Ин барои мо мукофоти олӣ аст.

Радиои Озодӣ: Мо медонем, ки дар Донишгоҳи давлатии Бухоро гурӯҳи тоҷикӣ ҳаст. Дар бораи фаъолияти ин гурӯҳ чи гуфта метавонед?

Асад Гулзодаи Бухороӣ: Ин гурӯҳ барои мактабҳои ибтидоӣ ва боғчаҳо кадр тайёр мекунад. Як гурӯҳ 25 донишҷӯ дорад. Як сол қабул кунанд, гурӯҳи тоҷикӣ се сол қабул намекунад. Имсол ба ин гурӯҳ донишҷӯ қабул карданд, аммо як нафар ҳам аз Бухоро донишҷӯ нест. Ҳамаашон аз минтақаҳои дигар, ки мактабҳои тоҷикӣ доранд, қабул шуданд.

Радиои Озодӣ: Дар мактабҳои Бухоро ақаллан фанни забони тоҷикӣ ҳаст?

Асад Гулзодаи Бухороӣ: Не нест, мутаассифона, аммо ҷорӣ намудани фанни забони тоҷикӣ зарур аст. Агар дар ташкил шавад, бисёр олӣ мешавад.

Радиои Озодӣ: Дастрасиӣ ба китобҳои тоҷикӣ чӣ гуна аст? Аз навгониҳои илмиву адабии Точҷикистон чӣ гуна огоҳ мешавед, аз куҷо мехонед?

Асад Гулзодаи Бухороӣ: Ҳозир ба воситаи телевизион ва радио. Рафтуомад бисёртар шуд ба Тоҷикистон. Китобҳои нав барояд, бародарон мефиристанд. Зарур шавад худамон меравем ба Тоҷикистон. Китоби тоҷикӣ мехондагӣ дар Бухоро зиёд, лекин калонсолон бештар мехонанд.

Радиои Озодӣ: Шояд ягон марказ ё китобхонаҳое бояд таъсис дод, ки дар онҷо китобҳои тоҷикӣ бошад. Шумо дар Бухоро камбудӣ адабиёти тоҷикиро эҳсос мекунед?

Асад Гулзодаи Бухороӣ: Мекунем, албатта.

Радиои Озодӣ: Дар ин робита чӣ пешниҳод доред?

Асад Гулзодаи Бухороӣ: Мехостам, ки дар Бухоро мағозаи китобфурӯшии тоҷикӣ ташкил шавад. Инро Тоҷикистон ташкил карда, адабиёти тозанашрро фиристода меистод, хуб мешуд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG