Субҳи якшанбеи 7-уми июн дар Арманистон овоздиҳӣ барои интихоби 101 вакили порлумон оғоз шуд. Ин маърака дар шароите баргузор мешавад, ки Ереван талош дорад бо Иттиҳоди Аврупо наздиктар шавад ва ин кор хашми Русияро барангехтааст.
Нуқтаҳои раъйдиҳӣ соати 8 ба вақти маҳаллӣ боз шуданд ва қарор аст овоздиҳӣ то соати 20 идома ёбад.
Тибқи омори Комиссияи марказии интихобот, 2,5 миллион шаҳрванди ҳаққи раъй сабти ном шудаанд.
Барои назорати интихобот, 13 гуруҳ аз дохил ва 8 ҳайат аз нозирони байнулмилалӣ сабти ном шудаанд.
Дар интихобот 18 нерӯи сиёсӣ, аз ҷумла 16 ҳизб ва ду эътилоф ширкат доранд. Ҳизби "Паймони шаҳрванди"-и нахуствазир Никол Пашинян, ҳизби "Арманистони пурқувват"-и соҳибкори наздик ба Русия Самвел Карапетян ва ҳамчунин эътилофи "Арманистон"-и президенти собиқ Роберт Качерян аз неруҳои асосӣ дар интихобот ҳастанд.
Тарафдорони ҳизби мухолифи "Арманистони пурқувват"
Карапетян дар ҳабси хонагӣ қарор дорад ва ӯ ба талоши зӯран ғасб кардани ҳокимият муттаҳам аст. Ин соҳибкорро неруҳои қудратӣ ба ҳавзаи интихоботӣ оварданд.
Дар назар аст, ки натиҷаҳои аввалини интихобот нимашаби 7 ба 8-уми июн эълон шаванд. Ба гузориши расонаҳои Арманистон, натиҷаҳои пешакӣ танҳо баъди расидани маълумот аз шаҳрҳои бузург аниқ мешавад.
Ин интихобот дар шароите баргузор мешавад, ки равобити Арманистон ва Русия сард шудааст.
Маскав аз наздикшавии Арманистон бо Иттиҳоди Аврупо норозӣ аст. Ереван бошад Созмони паймони амнияти дастаҷамъиро ба иҷро накардани уҳдададориаш дар давраи ҷанги Қарабоғи Куҳӣ дар соли 2023 муттаҳам мекунад. Он вақт Озарбойҷон назорат бар ин минтақаро дубора ба даст гирифта буд.
Таҳқиқи OCCRP ва The Insider аниқ карда буд, ки маъракаҳо барои бадном кардани ҳукумати Никол Пашинян ва дастгирии нерӯҳое, ки ҷонибдори муносибатҳои наздиктар бо Русия мебошанд, роҳандозӣ шудааст. Дар ҳуҷҷатҳои фошшуда ҳамчунин аз талошҳо барои ҷалби диаспораҳои армании муқими Русия низ ёд шудааст.
Нашрияи Forbes навиштааст, ҳадаф аз ин корҳо суст кардани наздикшавии Арманистон ба Ғарб, монеъ шудан ба одӣ шудани муносибатҳо бо Озарбойҷон ва Туркия ва ҳифзи нуфузи Маскав бар масирҳои муҳими нақлиётӣ ва энергетикии Қафқози Ҷанубӣ мебошад.
Таъсири ҷанги Қарабоғ бар ҷомеаи Арманистон
Никол Пашинян дар нуқтаи овоздиҳӣ
Мавқеи сиёсии нахуствазир Никол Пашинян бинобар норозигии қисме аз ҷомеа аз паёмадҳои муноқишаи Қарабоғ ҳамоно осебпазир боқӣ мемонад.
Мухолифони нахуствазир сиёсати ӯро барои одӣ кардани робита бо Озарбойҷон танқид намуда, онро ҳамчун гузашт ба Боку муаррифӣ мекунанд. Онҳо инчунин аз хатарҳои марбут ба тарҳҳои нақлиётӣ ва зерсохтҳое нигаронӣ мекунанд, ки аз сӯи кишварҳои ғарбӣ сармоягузорӣ мешаванд.
Ба даст омадани созишномаи сулҳ миёни Арманистон ва Озарбойҷон, Маскавро аз яке аз абзорҳои асосии нуфузаш дар минтақа — муноқишаи ҳалношуда маҳрум хоҳад кард. Агар Ереван тавонад муносибатҳоро бо Боку ва Анқара ба эътидол оварда, ҳамзамон робитаҳоро бо Ғарб густариш диҳад, нуфузи Русия дар Қафқози Ҷанубӣ метавонад коҳиш ёбад.
Ба андешаи як қатор таҳлилгарони ғарбӣ, ин барои Иёлоти Муттаҳида низ аҳамият дорад. Тавре Townhall менависад, рушди масирҳои устувори нақлиётӣ ва энергетикӣ тавассути Қафқози Ҷанубӣ метавонад амнияти энергетикии Аврупоро таҳким бахшида, вобастагии онро аз захираҳои Русия коҳиш диҳад ва нуфузи Эронро ба ҷараёнҳои тиҷоратии минтақавӣ маҳдуд созад.
Никол Пашинян дар барномаи пешазинтихоботии худ ба рушди иқтисодӣ ва ҳамгироии минтақавӣ такя мекунад. Ба андешаи ӯ, боз шудани долонҳои нақлиётӣ ва густариши робитаҳои тиҷоратӣ бо ҳамсоягон метавонад ба Арманистон барои раҳоӣ аз инзивои чандинсола ва коҳиш додани вобастагӣ аз Русия кумак кунад.
Дар ин замина интихоботи кунунӣ, аз ҷониби нозирон интихоб барои муайян кардани самти минбаъдаи сиёсати хориҷӣ ва рушди иқтисодии кишвар арзёбӣ мешавад.
Пирӯзии Пашинян эҳтимолан раванди сулҳи оғозёфтаро байни Арманистон ва Озарбойҷон ҳифз карда, гардиши Арманистон ба самти Ғарбро амиқтар хоҳад кард. Бозгашти Роберт Кочарян ва дигар нерӯҳои ҷонибдори Кремл ба қудрат метавонад ин равандро боздорад ё баръакс гардонад, боиси афзоиши дубораи танишҳо бо Озарбойҷон шуда, нуфузи Русияро дар Қафқози Ҷанубӣ барқарор кунад.
Худи Пашинян пас аз раъйдиҳӣ изҳор дошт, ки муносибат бо Русияро буҳронӣ намеҳисобад. "Ман ягон танишро намебинам, ин таниши сунъист. Муносибатҳои мо бо Русия хусусияти расмӣ ва байнидавлатӣ доранд ва бар пояи эҳтироми мутақобил бунёд шудаанд".