Танҳо дар як шуъбаи Бозрасии Давлатии Автомобилӣ дар Тоҷикистон беш аз 240 миллион сомонӣ, баробар ба 25 миллион доллар, зарари молӣ ошкор шудааст.
Ин рақамро намояндагони Оҷонси мубориза бо коррупсия рӯзи 13-уми феврал дар ҳузури хабарнигорон эълон карданд.
Фирӯз Камолзода, муовини раиси Оҷонси мубориза бо фасод, гуфт: "Нисбат ба масъулони шуъбаи бақайдгирии имтиҳоноти БДА-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуд. Барои бе расмиятдарории гумрукӣ ба қайд гирифтан ва додани рақами воситаҳои нақлиёт."
Дар ҷараёни таҳқиқ, ба гуфтаи ӯ, "зиёда аз 253 миллион сомоние, ки барои надодани пардохтҳои гумрукӣ ба миён омада буданд, аз ҳисоби кормандони БДА ва соҳибкорони дигар пурра ба буҷа ворид карда шуд. Парванда нисбат ба онҳо ба суд (додгоҳ) фиристода шуд.”
Дар Оҷонсӣ ҷузъиёти дигар надоданд.
Тамосҳои батакрори мо ба Бозрасии Давлатии Автомобилӣ (ГАИ) бенатиҷа монд ва маълум нест вокуниши онҳо ба чунин иттиҳомот чист.
Навор дар Ютуб:
Зулфиқори Исмоилиён, коршиноси иқтисодӣ, шарҳ дод, ки садҳо миллион сомонӣ зиёни молӣ дар як шуъбаи Бозрасии Давлатии Автомобилӣ бозгӯйи чист.
“Ин нишондиҳандаи фасоди густурда аст дар Тоҷикистон. Ҳамин фасод дар тамоми соҳаҳои Тоҷикистон вуҷуд дорад. Тасаввур кун, ту меравӣ пеши духтур, пул надиҳӣ ягон кас туро нигоҳ намекунад. Дар кӯча агар милиса туро дошт, ронанда бошӣ, ҳатман пул медиҳӣ, дорӣ ё надорӣ,” – афзуд ӯ.
Ба иттилои расмӣ, соли 2025 дар Тоҷикистон зиёда аз 1900 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодӣ ошкор карда шудааст. Як бахши он ба кори Бозрасии Давлатии Автомобилӣ бармегардад.
Дар гузашта интиқод аз ҳукумати Тоҷикистон бисёр зиёд буд, ки ба кормандони Бозрасии Давлатии Автомобилӣ дасти боз додааст, ки ҳарчӣ хоҳанд мекунанд ва аз ронандагон ҳар вақт хостанд, ришва мегиранд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ду сол пеш фармон дода буд, то теъдоди нозирони роҳ ва ё кормандони Бозрасии Давлатии Автомобилиро 30 дар сад кам кунанд.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар як шуъбаи БДА 240 млн. сомонӣ зарар ошкор шудааст