Ҳамсари Далери Имомалӣ: “Орзу дорем, зудтар ба хона баргардад”

Далери Имомалӣ. Акс аз бойгонии Радиои Озодӣ

“Дадаҷон, зодрӯз муборак. Худоё, соли оянда дар хона бошед.” Ин паёми Шаҳноз, духтари калонии Далери Имомалӣ, ба падараш дар зиндон аст. Рӯзноманигор ва блогери зиндонии тоҷик, Далери Имомалӣ, рӯзи 28-уми июл 38-сола шуд.

Хонаводаи Далер дар рӯзи зодрӯзаш телефонӣ бо ӯ даҳ дақиқа суҳбат кардаанд. Се фарзанд ва ҳамсари ин блогер танҳо дудақиқаӣ фурсат доштанд, ки таманниёти худро баён кунанд.

Зайтуна Иноятова, ҳамсари Далери Имомалӣ, рӯзи 28-уми июл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ӯ, фарзандонаш ва наздикони шавҳараш ҳоло фақат як орзу доранд: “Далер ҳарчӣ зудтар озод шуда, ба хона баргардад. Падару бародари Далер аз Русия занг заданд, ки аз номи мо ҳам табрик кунед.”

Далери Имомалӣ соли чорум аст, ки зодрӯзи худро паси милаҳои зиндон пешвоз мегирад.

Ин блогери шинохта, ки асосан мавзуъҳои иҷтимоиро инъикос мекард, моҳи июни соли 2022 боздошт ва ба иттиҳоми соҳибкории ғайриқонунӣ, дурӯғпароканӣ ва узвият дар созмони мамнӯи “Гурӯҳи 24” ба 10 сол зиндон маҳкум шуд. Иттиҳомоте, ки худашу наздиконаш беасос донистанд.

Инро ҳам бихонед:

Далери Имомалӣ. "Барои далерияш зиндонӣ карданд" ВИДЕО

Далери Имомалӣ дар моҳи ноябри соли 2022 дар номае ба раисҷумҳури Тоҷикистон навишт, “тафтишу мурофиа пур аз дурӯғу туҳмат ва духӯрагиҳои зиёд" буд ва ӯ ҳукми Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахтро эътироф намекунад.

Хабаре, ки ҳоло хонаводаи Далери Имомалиро хушҳол кардааст, се сол кам шудани ҳукми ӯ тибқи қонуни афв аст. Бо ин ҳол, ӯ бояд се соли дигар дар зиндон бимонад.

Зайтуна Иноятова, ҳамсари Далери Имомалӣ, мегӯяд, феълан саломатии шавҳараш хуб аст.

Ин блогер дар маҳбаси маъруф ба “Якум Советский”-и шаҳри Душанбе адои ҷазо мекунад. Ҷое, ки чанд рӯзноманигори дигар, аз ҷумла Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва Аҳмади Иброҳим низ ҳастанд. Хабарнигор Завқибек Саидаминӣ, ки дар ҳамин зиндон буд, 18-уми июл бар асоси қонуни афв озод шуд.

Далери Имомалӣ хатмкардаи Донишгоҳи ҳунарҳои зебои Тоҷикистон аст ва ҳунарпешагӣ ҳам мекард. Пештар дар Радиои Ватан, гурӯҳи театрии “Нигоҳи нав” ва радиои "Имрӯз" кор кардааст.