Пайвандони Асадулло Бобоев, намояндаи боздоштшудаи мухолифини тоҷик, гуфтанд, ки ӯро дар Боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Душанбе ёфтанд, аммо то ҳанӯз аз наздик надиданд. Ин узви Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон, созмони мухолифи ҳукумат, моҳи июни имсол аз Олмон ронда шуд.
"Ягон адвокат ба мо муроҷиат накард"
Агар дуруст бошад, мегӯянд, вакили мудофеи давлатӣ дорад. Пайвандон ӯро надидаанд. Ягон адвокат ҳам ба мо муроҷиат накард.Ҳамсари Асадулло Бобоев
Мастона Файзуллоева, ҳамсари Асадулло Бобоев, ки берун аз Тоҷикистон қарор дорад, рӯзи 27-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, хешовандон барои шавҳараш ба боздоштгоҳ чанд дафъа хӯрок бурда, дар посух танҳо як навиштаи ӯро дарёфт кардаанд, ки гуё ҳолаш хуб аст.
"Аз лаҳзаи ба Тоҷикистон бозпас фиристода шуданаш беш аз ду моҳ гузашт. Пайвандон боре ӯро аз наздик надиданд ва мулоқот накарданд," -- гуфт Мастона Файзуллоева.
Ҳамсари Асадулло Бобоев афзуд, ҳарчанд хешовандон аз шавҳараш навиштаи "Ман хубам" гирифтаанд, ҳамчунон аз шароити нигаҳдорӣ ва рафтори маъмурон бо ӯ ташвиш доранд.
"Агар дуруст бошад, мегӯянд, адвокат (вакили мудофеъ)-и давлатӣ дорад. Пайвандон ӯро надидаанд. Ягон адвокат ҳам ба мо муроҷиат накард. Аз вазъияти ӯ хабар надорем, сахт нигарон ҳастем," – илова карда Мастона Файзуллоева.
Мақомот дар Тоҷикистон ҳеч гоҳ дар бораи боздошт ва дар куҷову таҳти чӣ шароит нигоҳ дошта шудани Асадулло Бобоев шарҳе надодаанд. Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ, моҳи июл дар нишасти матбуотӣ гуфт, дар бораи Асадулло Бобоев ягон хабар надорад.
Нигаронии созмонҳои ҳомии ҳуқуқ
Сарфи назар аз нигарониҳо аз эҳтимоли шиканҷа ва зиндонӣ шудан, мақомоти Олмон моҳи июни имсол Асадулло Бобоевро ҳамроҳи писари нуздаҳсолааш, Муҳаммад, ба Тоҷикистон ихроҷ карданд.
Ӯ боздошт ва писараш ба хешовандон супурда шудааст. Бобоев қабл аз ронда шудан аз Олмон ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки дар Тоҷикистон ба тундгароӣ гумонзад аст ва мумкин аст шиканҷаву зиндонӣ шавад.
Инро ҳам хонед:
HRW мақомоти Олмонро барои ихроҷи Асадулло Бобоев танқид кардСозмонҳои ҳомии ҳуқуқ дар гузашта мақомоти Тоҷикистонро танқид карда буданд, ки мухолифони сиёсиашро дар хориҷа ҳадаф қарор додааст. Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) рӯзи 7-уми июли имсол Олмонро низ накӯҳиш кард, ки "уҳдадориҳои худро барои ҳимоят аз касоне, ки ҳангоми ихроҷ шудан бо бадрафторӣ ва поймоли ҷиддии ҳуқуқ рӯ ба рӯ ҳастанд, иҷро намекунад."
Радиои Озодӣ барои шарҳи қарори истирдоди Асадулло Бобоев ба Додгоҳи шаҳри Крайс Клевеи Олмон муроҷиат намуд. Сухангӯйи додгоҳ навишт, маълумот дар бораи далели истирдоди Бобоев танҳо бо ризоияти шахсии ӯ имконпазир аст. Касе, ки ҳоло дар Душанбе ва дар боздошт аст.
Муроҷиати мо ба Идораи муҳоҷирати федеролии Олмон беҷавоб монд.
Асадулло Бобоев пеш аз ихроҷ шуданаш ба Тоҷикистон гуфта буд, ки Хадамоти муҳоҷирати Олмон ӯро барои мушкил дар санади иқомат ва ба поён расидани муҳлати зист боздошт кардаанд. Ӯ ҳамроҳи хонаводааш аз соли 2017 дар Аврупо мезист.