Дар натиҷаи нобуд кардани паҳподҳо дар фазои Ростови лаби Дон тирезаҳои 14 бинои истиқоматии баландошёна шикастаанд. Юрий Слюсар, раҳбари вилоят гуфт, аз як бинои баландошёна 68 сокинро ба ҷои бехатар интиқол додаанд. Мардумро дар як литсеи маҳаллӣ ҷой карда барои гарм нигоҳ доштанашон автобус овардаанд. Дар ин ҳодиса инчунин мошинҳои дар наздикиҳо буда осеб дидаанд. Чанде баъд Слюсар гуфт, ки дар яке аз ин биноҳо қубури газ хароб карда шуд ва рӯзона мутахассисон барои таъмири он даъват мешаванд.
Дар ноҳияи Чертовскии вилояти Ростов биноҳои маъмурию маишии як корхонаи маҳаллӣ осеб дидаанд. Шаш корманди он ба ҷои амн интиқол ёфтанд. Касе осеб надидааст.
Дар бораи ҳамлаҳои шабонаи бесарнишинҳо волии Волгоград Андрей Бочаров ҳам хабар дод. Ӯ гуфт, ки пораҳои ҳавопаймоҳои бесарнишин ба истгоҳи нафти ноҳияи Кумилженский афтодаанд. Ба гуфтаи ӯ, сӯхтор сар назад ва дар миёни сокинон ва биноҳои маишӣ осебе мушоҳида намешавад.
Дар минтақаи Краснодари Русия ҳам пораҳои паҳподҳо бом ва тирезаҳои панҷ бинои истиқоматиро хароб кардаанд. Дар ин бора волии Краснодар Вениамин Кондратйев хабар додааст. Ин ҷо ҳам касе осеб надид.
Вазорати дифои Русия гуфт, шаби гузашта дар фазои минтақаҳои мухталифи ин кишвар 36 паҳпод нобуд карда шуд. Нисфи онҳо дар фазои вилояти Ростов, 11 адад – дар Волгоград, 5 – дар Белгород ва ду ададаш дар фазои минтақаи Краснодар нобуд карда шудаанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Сокинони Мариупол зистан дар хонаҳои холимондаро "ғайриахлоқӣ" меномандФСБ гуфт, чор зан бо гумони омодагӣ ба ҳамлаи террористӣ боздошт гардидКеллог гуфт, таҳримҳои зидди Русияро мешавад боз ҳам шадидтар кард