"Аз гӯшу бинӣ ва пояш захмӣ шуд." Ҳамла ба як муҳоҷири тоҷик дар Русия

Иброҳимҷон Ҳусейнов

Як марди ниқобпӯш дар шаҳри Подолски Русия як шаҳрванди Тоҷикистонро бераҳмона латукӯб карда ва бинии ӯро буридааст.

Иброҳимхон Ҳусейнови 21-сола аз Душанбе, ки дар як корхонаи халтабарорӣ дар Русия кор мекард, айни замон дар шифохона муолиҷа мегирад.

Яке аз наздикони Ҳусейнов ба Радиои Озодӣ гуфт, фарди ниқобпӯш шаби 20 ба 21-уми июн дар шаҳри Подолск ҳангоми бозгашт аз хонаи хоҳараш ногаҳонӣ ба ӯ дарафтодааст. Дар натиҷаи ин ҳамла муҳоҷири кории тоҷик аз гӯшу бинӣ ва пояш захмӣ шудааст.

"Ёрии таъҷилӣ омад ва ӯро ба шифохонаи марказии Подолск бурд. Пизишкон гуфтанд, ки хуни зиёд рафтааст. Полис ҳам омаду пурсишҳои аввалияро барпо кард. Маълум нест, ки то куҷо ин ҳамла ангезаҳои нажодпарастона дошт, чун ҳамлавар ҳеч ҳарфе ба забон наовард," – гуфт мусоҳиби Радиои Озодӣ рӯзи 22-юми июн.

Сабабҳои ҳамла маълум нест. Худи Иброҳимхон Ҳусейнов ба полис гуфтааст, ҳамлаварро намешиносад, чун чеҳрааш пинҳон буд.

Ба гуфтаи пайвандонаш, Иброҳимхон Ҳусейнов чанд сол боз қонунӣ дар Русия кору зиндагӣ мекунад.

Мақомоти Русия солҳои охир ва бавижа баъд аз ҳамла ба толори консертии "Крокус" муҳоҷирони кориро сабаби мушкилоту бадбахтиҳои ин кишвар номида, сабаби афзоиши бегонаситезӣ ва аз ҷумла афзудани ҳамла ба муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ шудаанд.

Ҳоло як нигаронии наздикони Иброҳимхон Ҳусейнов ин аст, ки оё ҳодиса беғаразона ва ҳамаҷониба таҳқиқ хоҳад шуд ё не.