Дар ҳоле ки аксар сиёсатмадорони Русия муҳоҷиронро зери тозиёнаи танқид мегиранд, тақрибан бори аввал дар солҳои охир яке аз онҳо аз муҳоҷирон ва ҳуқуқи онҳо ҳимоят кард.
Шаҳрдори Маскав, Сергей Собянин, ки худ низ дар гузашта аз муҳоҷирон интиқод мекард, дар як мусоҳибаи матбуотӣ на танҳо муносибати шаҳрдорӣ ба муҳоҷирон, балки худи онҳоро дар муқобили танқиду саркӯбҳо дифоъ намуд.
Вай рӯзи 3-юми декабр дар мусоҳиба бо шабакаҳои телевизиони Русия ба шикояти сокинон дар бораи зиёд шудани муҳоҷирони камтахассус ва онҳое, ки забони русиро намедонанд, посухи тунд дод.
"Ҷинояткории муҳоҷирон чӣ маънӣ дорад? Ҷиноятро аввал бояд ошкору исбот кунем. Сипас метавон гуфт, ки масъул муҳоҷир аст ё шаҳрванди Русия. Худоро шукр, муҳоҷирон ҳастанду ҳамин кори вазнини сиёҳро бар дӯш мегиранд," – афзуд ӯ.
Собянин ба чунин коршиносони, ба гуфтааш, "норозӣ" машварат дод, ки бо маълумоти олӣ худашон ба даст ҷорӯб гирифта, кӯчаҳои Маскавро покиза кунанд. Ба таъкиди шаҳрдори пойтахти Русия, "аз соли 2018-ум шумораи муҳоҷирони корӣ дар Маскав бетағйир мондааст."
Ӯ ҳамчунин бо истинод ба омори Вазорати умури дохилии Русия гуфт, теъдоди ҷиноятҳои содиркардаи муҳоҷирон коҳиш ва аммо мизони ифшои қонунвайронкунии онҳо афзоиш ёфтааст.
"Дар Маскав низоми гирифтани нишондиҳандаҳои биометрии хориҷиён: изи ангушту акси онҳо роҳандозӣ шудааст. Дар марказҳои муҳоҷират намунаи ДНК-и онҳо гирифта мешавад. Дар телефони мобилии муҳоҷир барномаеро ҷо медиҳанд, ки тамоми ҳаракати ӯро шабонарӯзӣ сабт мекунад. Мо сабтиноми иловагии макони буду боши онҳоро мебинем," – гуфт шаҳрдори Маскав.
Ҳамзамон Сергей Собянин ба камбуди ним миллион нерӯи корӣ дар Маскав ишора кард, ки ба гуфтаи ӯ, аз вазъи демографии Русия бастагӣ дорад.
Русия яке аз маконҳои корҷӯии даҳҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аст. Мақомоти ин кишвар дар ду соли охир фишору маҳдудиятро ба муҳоҷирон ба ҳадде афзоиш додаанд, ки Русия макони амни корӣ барои муҳоҷирон дониста нашуда, онҳо масирҳои навро интихоб мекунанд.