Марги корманди пешини ҳукумати Исфара бо ҳамсару фарзандаш

Искандар Маликӣ мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи ҳукумати Исфара буд

Искандар Маликӣ (Шафеиён), корманди пешини ҳукумати шаҳри Исфара ва ҳамсару духтараш шоми 7-уми декабр дар шароити номаълум фавтидаанд. Наздиконаш мегӯянд, аҳволи аъзои оила баъд аз хӯрдани ғизои шом бад шуда, се нафар то даъвати пизишкон ҷон доданд. Сабаби расмии марги ин афрод маълум нест.

Баъзе аз наздикони Искандар Маликӣ тахмин мекунанд, ки эҳтимол баъди хӯрдани хӯриш ба ин ҳол афтоданд. Гуфтаашонро ба он асоснок мекунанд, ки модар ва ду фарзанди дигари Маликӣ дар бемористон ҳастанд ва зери назорати вижаи пизишкон қарор доранд.

"Ҷасади Искандар Маликӣ, ҳамсараш Муаттархон ва духтари 4-солаашон Оишахон феълан дар сардхонаи шаҳри Исфара қарор дорад ва сабаби марги онҳо таҳқиқ карда мешавад", - гуфт як манбаи огоҳи Радиои Озодӣ рӯзи 8-уми декабр.

Аксар фарзандони ин оила ноболиғ буда, хурдтаринашон ҳамагӣ семоҳа будааст.

Тайибиддин Муҳаммадов, сардухтури бемористони марказии Исфара, рӯзи 8-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, "ҳоло мутахассисон аз вилояти Суғд омада, сабаби фавташонро таҳқиқ мекунанд. Феълан ҳеч тафсилот нест".

Ӯ афзуд, як фарзанди Искандар Маликӣ дар шуъбаи эҳё қарор дорад. "Вазъи кӯдаки семоҳа ва модари Маликӣ хуб аст. Як фарзанди дигарашон шаби ҳодиса ҳамроҳи хонавода набудааст."

Пайвандон мегӯянд, пас аз колбадшикофӣ ҷасади Искандар Маликӣ ва ҳамсару духтарашро ба деҳаи Вешисти шаҳри Панҷакент мебаранд.

Искандар Маликӣ солҳои дароз дар идораҳои давлатӣ дар вилояти Суғд кор кардааст. Вазифаи охиринаш мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи ҳукумати Исфара буд. Як сол пеш аз ин вазифа сабукдӯш гардид ва тибқи иттилои дарёфтӣ ба соҳибкорӣ машғул буд.

Маликӣ ҳангоми кораш дар ҳукумати Исфара ва ҳангоми муноқишаи шаби 28 ба 29-уми январи соли 2022 дар марз бо Қирғизистон сахт захмӣ шуда буд.

Хабар давоми рӯз такмил мешавад.