Панҷуним сол ҳабси як сокини маҳаллаи "Дарвоз" барои "ифротгароӣ"

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ як сокини 24-солаи маҳаллаи "Дарвоз"-и пойтахтро ба панҷуним сол зиндон маҳкум кард. Раҷабалӣ Давлатови 24-сола ба "тундгароӣ" гумонзад аст.

Ду манбаъ аз қавли наздикони Раҷабалӣ Давлатов ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки мурофиаи додгоҳӣ дар авоили моҳи август пушти дарҳои баста сурат гирифт ва ҳеч яке аз пайвандонаш ба он роҳ наёфтанд.

Ба гуфтаи яке аз наздиконаш, Раҷабалӣ Давлатов дар шаҳри Санкт-Петербург дар як анбор кор мекард ва 10 марти соли ҷорӣ бинобар дар ҷустуҷӯ қарор доштанаш, ба Тоҷикистон истирдод шуд ва пас аз як бозпурсӣ ӯро озод гузоштанд, вале баъди панҷ моҳ дигарбора боздошташ карданд.

"Баъдтар фаҳмидем, ки бар асоси маълумоти пешниҳодкардаи раиси маҳалла, дубора боздошт шуд. Пас аз дастгир шуданаш мо дигар аз ӯ хабаре надоштем",-мегӯяд яке аз наздикони хонаводаи Раҷабалӣ Давлатов.

Мақомот ҷузъиёти парвандаи Раҷабалӣ Давлатовро ошкор накардаанд. Маълум нест, таҳқиқи парванда ва мурофиаи ӯ таҳти чӣ шароит гузаштааст ва мавқеи худаш ба айбнома чист. Талошҳои Радиои Озодӣ барои сӯҳбат бо раиси ҷамоати "Дарвоз" натиҷа надод.

"Фақат ҳаминро фаҳмидем, ки ӯро барои кӯмак ба модари Парвиз Зоиров, дастгир карданд",-гуфт яке аз ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ. Маълум нест, ки ӯ ба модари Парвиз Зоиров чӣ кӯмаке кардааст.

Парвиз Зоиров, сокини маҳаллаи "Дарвоз" моҳи октябри соли гузашта аз Фаронса ба Тоҷикистон истирдод ва ба 13 сол маҳкум шуд.

Раҷабалӣ Давлатов дар хонавода фарзанди ягона буда, падару модараш чанд сол пештар даргузаштаанд.

Номи маҳаллаи "Дарвоз" дар шаҳри Душанбе тайи ду соли ахир дар пайи амалиёти мақомоти интизомӣ ва боздошти даҳҳо нафар расонаӣ гашт.

Дертар баъзе аз онҳо ба ифротгароӣ ва барангехтани адовати диниву мазҳабӣ гунаҳкор дониста шуданд. Пайвандонашон иттиҳомҳоро беасос хонданд.