“Гӯсфандҳоямро бо зӯр гирифта, ба ман гуфтанд, ҷавоб”

Сулаймон Баротов

Сокини шаҳри Ҳисор, Сулаймон Баротов, шикоят дорад, ки беш аз 400 чорвои шахсии ӯро ба ҳисоби идораи давлатии "Искандаркӯл" гузаронидаанд ва ӯ зиёда аз ду моҳ боз талош дорад, онҳоро пас бигирад.

Ӯ мегӯяд, бо мақсади ҳалли мушкили чарогоҳ бузу гӯсфандҳояшро ба молҳои "Искандаркӯл" ҳамроҳ намуда, панҷ моҳ барои ин ниҳод чӯпонӣ ҳам кардааст.

"Дар Шаҳритус чорворо якҷоя кардем. Дар он ҷо об набуд, шонздаҳ мошин об харидам. Дар зимистон кунҷораву алаф харидам. Моҳи апрел гӯсфандҳоро ҳисоб кардам, кам буд. Гӯсфандҳои маро бо зӯр гирифта, ба ман гуфтанд, ҷавоб," – нақл кард ӯ.

Як намояндаи муассисаи давлатии "Искандаркӯл" иддаои ин чӯпонро беасос хонда, гуфт, ӯ ҳеч санад ё шартномае надорад, ки ин миқдор чорворо ба моли онҳо ҳамроҳ карда бошад.

Вай, ки нахост номаш зикр шавад, камомади чорворо дар муассиса тасдиқ карда, шарҳ дод, ки барои ин сарчӯпон Абдуҷаббор Бобокалонов таҳти пайгард аст. Назари Бобокалонов ба қазия маълум нест.

Сулаймон Баротов ҳам тасдиқ мекунад, ки дар бораи ҳамроҳ кардани чорвояш ба моли "Искандаркӯл" ҳеч санади расмӣ надорад. Вале шоҳидону далелҳои дигаре дорад, ки дар сурати санҷиши мунсифона беадолатиеро, ки нисбаташ шудааст, ба исбот хоҳад расонд.

Ӯ бо умеди он ки ягона сарчашмаи даромади хонаводааш ва натиҷаи заҳматҳои чандинсолааш барқарор мешавад, ба Вазорати корҳои дохилӣ ва дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ муроҷиат кардааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Шикояти як чӯпон аз мусодираи гӯсфандҳояш

Ин дувумин ҳолат дар Тоҷикистон аст, ки ниҳодҳои давлатӣ моли шахсии шаҳрвандонро аз худ мекунанд ва бар пояи набудани ҳуҷҷат барнамегардонанд.

Пештар чунин воқеа бо сокинони ноҳияи Ҳамадонӣ рух дод, ки садҳо сар моли 46 нафар ба ихтиёри Оҷонси таъминоти амволи махсуси Тоҷикистон гузашт.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Гуфтанд дар сари суд молатонро мегиред, аммо ҳеч чиз нашуд"