"Гуфтанд, мурда-мурда меравӣ." Даъво барои чанд бино дар Хуҷанд

Сокинони се бинои сохти шӯравӣ дар маркази шаҳри Хуҷанд шикоят доранд, ки ширкати “Асри мо” манзилҳои онҳоро бе пардохти ҷуброни муносиб вайрон карда, хонаҳои муосири баландошёна сохтанист. Онҳо мегӯянд, дар ин муомила ҳуқуқашон нодида гирифта шудааст

"Аввал, ҷойи тинҷамонро нотинҷ карда истодаанд. Дуюм, аз рӯзе, ки инҳо пайдо шудаанд, бо мо дағалона рафтор мекунанд. Дурӯғ мегӯянд." Ин шикояти Дилбар Эркабоева ва ҳамсояҳояш дар маркази шаҳри Хуҷанд аст. Онҳо мегӯянд, ширкати бинокори "Асри мо" талош дорад, бар хилофи хосту талабҳояшон, манзили онҳоро вайрон кунад. Сухан дар бораи се бинои сохти шӯравӣ меравад. Ҷое, ки ҳудуди 200 оила зиндагӣ доранд.

"Мо зидди ободкорӣ нестем, аммо…"

Дилбар Эркабоева рӯзи 11-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “намояндагони ширкати сохтмонӣ дар назди раиси вилояти Суғд гуфта буданд, ки аввал як бинои навро сохта, мардумро ба онҷо мекӯчонанд. Ҳоло кӯшиш доранд, ки ҳамаи биноҳоро вайрон кунанд. Оё моро маҷбурӣ ба кӯча пеш кардан дуруст аст? Дар мо ҳуқуқи инсон ҳаст? Дар Тоҷикистон як ҳамин ширкат ҳаст, бас?”

Масъулони ширкати “Асри мо” омода нашуданд, ки масъаларо дар назди дурбин шарҳ диҳанд. Онҳо дар як посухи хатӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки рафторашон мувофиқи қонун аст ва ба сокинон ҷуброн пешниҳод кардаанд. Аз ҷумла, 8 ҳазор сомонӣ ба ивази ҳар метри мураббаи хонаашон ва ё аз 2 то 3 ҳазор сомонӣ пули иҷора дар моҳ.

Тарҳи биноҳои баландошёнае, ки боис ба баҳс шудааст

Сокинони биноҳои баҳсӣ чизи дигар мегӯянд. Наталя Кутузова яке аз онҳост: “Намояндагони ширкат ба рӯям нигариста, гуфтанд, “мурда-мурда меравӣ”. Ман ба ҳеч куҷо намеравам, инҷо ватани ман аст. Мо зидди ободкорӣ нестем, аммо назари ҳар истиқоматкунандаро бояд гирифт. Аксар сокинони инҷо аз 60-сола боло ҳастанд ва мо аз оилаҳои одӣ ҳастем.”

Қарори шаҳрдории Хуҷанд дар бораи бунёди баландошёнаҳои нав ба ҷойи чор бинои сохти шӯравӣ дар маркази вилояти Суғд соли 2024 қабул шудааст. То кунун яке аз биноҳоро тахриб кардаанд. Баҳси ширкати "Асри мо" бо сокинони се бинои боқимонда ба Додгоҳи шаҳри Хуҷанд кашида шудааст. На бо даъвои сокинон, балки бар асоси муроҷиати ширкати бинокор.

"Ягон чизи тилоӣ на, хонаи худамонро мехоҳем"

Абдуқаҳҳор Ҳидоятов, сокини яке аз биноҳои баҳсӣ, гуфт, “моро барои он ба додгоҳ кашидаанд, ки шарту шароити ширкат қонеъ гардад. Қарордодҳое, ки ба мо пешниҳод кардаанд, маъқул нест. Он маблағе, ки ба ҷои хонаҳоямон медиҳанд, натанҳо аз маркази шаҳр, балки аз ҷойҳои дигар ҳам чунин хона харида намешавад”.

Сокинони биноҳои баҳсӣ мегӯянд, талабшон ин аст, ки ширкати бинокор назару хости онҳоро ба эътибор гирад

“Талаби мо ҳамин аст, ки шароити сокинон беҳтар карда шавад. Чи хеле ширкати “Асри мо” аз маркази шаҳр чунин ҷойи хубро истифода карда, ба худаш кори нағз мегирад, мо ҳам мехоҳем, ки ба худамон шароити нағз созем. Мо ягон чизи зиёдатӣ талаб накардем. Ягон чизи тилоӣ намехоҳем. Мо хонаи худамонро мехоҳем,” – гуфт Рустам Эркабоев, сокини дигари бинои баҳсӣ.

Ҳоло ҳарду тараф мунтазири хулосаи додгоҳ ҳастанд.

Солҳои охир дар Тоҷикистон баҳсҳои вобаста аз манзили наву кӯҳна зиёд аст. Сокинон аксар вақт шикоят мекунанд, ки ширкатҳои бинокор манзилашонро тахриб карда, дар иваз ҷуброни ночиз пешниҳод мекунанд.

Тайи як моҳи охир бори дувум аст, ки баъзе аз соҳибмулкон дар Хуҷанд ширкати "Асри мо"-ро ба кӯшиши ғасб ё бо зӯр гирифтани биноҳояшон гунаҳкор мекунанд. Пештар молики "Ҷумъабозор", яке аз маконҳои серхарид дар канори дарёи Сир, шикоят дошт, ки "Асри мо" макони ҷойгиршавии бозорро гирифтааст, то дар онҷо биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ созад. Шаҳрдори Хуҷанд аз ин тасмим пуштибонӣ кард ва онро дурусту қонунӣ номид.

Дар бораи ширкати "Асри мо" дар манбаъҳои боз иттилофи кофӣ дар даст нест. Танҳо дар чанд хабар гуфта шудааст, ки ин ширкати тозатаъсис дар Душанбе ҷойгир буда, чанд тарҳи сохтмониро дар пойтахт бар уҳда дорад.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Баҳси сокинон бо ширкати "Асри мо" дар Хуҷанд