"Физик дарси математика медиҳад. Ин нодуруст". Дар Тоҷикистон садҳо омӯзгор аз ихтисоси дигар дарс медиҳанд

Як мактабе дар ноҳияи Ҳисор, ки шароити синфхонаашро вазири маорифи Тоҷикистон ҳам интиқод кардааст

Оҷонсии назорат дар соҳаи маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, дар садҳо мактаби Тоҷикистон мушкили камбуди омӯзгорро ошкор намудааст. Ба иттилои ин ниҳод, даҳҳо мактаби ҳамагонӣ дар саросари кишвар мушкили норасоии омӯзгор доранд ва мактабҳо барои ҳалли ин мушкил аз кӯмаки омӯзгорони ихтисосҳои дигар истифода мекунанд, ки ин чиз ба сифати таълим таъсир мерасонад.

Як ҳафта пеш аз ин изҳорот мақомоти вазорати маорифи Тоҷикистон вуҷуди мушкили камбуди омӯзгорон дар мактабҳои ҳамагониро рад карда буданд.

Рӯзи 4 феврал раҳбарони Оҷонсии назорат дар соҳаи маорифро дар нишасти матуботӣ дар бораи мушкили камбуди омӯзгорон пурсиданд. Муҳаммадтоир Саидзода, раиси ин идора вуҷуди мушкилро эътироф кард. Ӯ, аз ҷумла, гуфт, ки барои муайян кардани ин мушкил як санҷиш ҳам анҷом дода шуд. Ӯ дар бораи натиҷаҳои санҷиш гуфт:

“Дар асоси натиҷаи аттестатсияи давлатӣ ва санҷиши сатҳи сифати таҳсилот аз оғози соли таҳсили 2025-2026 ба ҳолати 20-уми декабри соли 2025 муайян гардид, ки норасоии омӯзгорон дар 374 муассисаи таҳсилоти умумӣ 245 воҳиди кориро ташкил медиҳад. Ҳамзамон дар ин муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 158 нафар омӯзгори ғайриихтисоси омӯзгорӣ, 901 нафар омӯзгорони ғайриихтисоси фаннӣ, яъне омӯзгор ҳастанду аз фанҳои дигар сарбории таълимӣ доранд ва 456 нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҳамчун омӯзгор фаъолият доранд”.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Мақомот мегӯянд, норасоии омӯзгорон “ҳал шудааст”

Раиси оҷонсӣ таъкид намуд, ки камии омӯзгорон боис шудааст, то донишҷӯён барои дарсдиҳӣ ба мактабҳо ҷалб шаванд. Вай афзуд, чунин норасоӣ ба сифати таҳсил таъсир гузоштааст. Ин изҳорот дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфта буданд, дар кишвар норасоии омӯзгор нест ва ҳама мактабҳо бо муаллим таъмин ҳастанд. Дар нишасти хабарии вазорати маориф Равшан Каримзода, муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон ба саволи хабарнигорон дар ин замина, аз ҷумла, чунин посух дод:

“Мо имрӯз дар ҷумҳурӣ норасоии кадрӣ надорем, айни ҳол дар ҷумҳурӣ зиёда аз 136 ҳазор омӯзгор фаъолият менамояд ва мо бояд як чизро фаромӯш накунем, ки 16 ҳазор омӯзгори мо айни ҳол дар нигоҳубини кӯдак аст. Рафтуомад бисёр мешавад. Вақте ки меравад, боз ҷойҳои онҳоро дигар нафароне, ки аз нигоҳубини кӯдак мебароянд, мегиранд. Мо норасоии кадрҳо надорем”.

Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илм моҳи июли соли 2024 дар нишасти хабарӣ гуфта буд, ки дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бештар аз 2 ҳазору 600 омӯзгор намерасад.

Вале дар чанде аз мактабҳои Тоҷикистон тасдиқ намуданд, ки ҳоло ҳам камии омӯзгор вуҷуд дорад ва бештар аз фаннҳои дақиқ, бино бар ин, баъзе омӯзгорони ихтисосҳои дигар, аз фаннҳое ба мисли риёзӣ дарс медиҳанд. Вазири пешини маорифи Тоҷикистон Мунира Иноятова мегӯяд, таъмини мактабҳо бо омӯзгорон бар асоси ихтисос хеле муҳим аст ва ин на танҳо масъалаи сифати таълим, балки ҳадаф мусоидат дар тарбияи шогирдони замонавӣ мебошад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Ихроҷи зиёда аз 600 донишҷӯи тоҷик аз Русия

Иноятова дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Албатта, мутахассис буданаш даркор ва мутахассисе, ки таҷриба дорад. Мутахассисе, ки фикрронии замонавӣ дорад. Дар баъзе мактабҳо физик дарси математика медиҳад ваё математик дарси физика медиҳад ва ин нодуруст аст. Ҳар фан мувофиқ ба худаш илм дорад, барои ҳамин албатта мутахассис буданаш даркор».

Дар ҳоле ки солона ҳазорҳо донишҷӯ бо ихтисоси омӯзгор донишгоҳу донишкадаҳои Тоҷикистонро хатм мекунанд, камбуди муаллим дар кишвар ҳанӯз аз мушкилоти ҳалношуда боқӣ мондааст. Солҳои ахир барои омӯзгорони ҷавон баъзе имтиёзҳое пешбинӣ шудааст, вале рӯ ба дигар касбу кор овардани онҳо ё ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанашон ҳам ба назар мерасад. Маоши муаллимон моҳи сентябри соли гузашта 30 дарсад боло рафт ва қарор аст моҳи сентябри имсол низ 25 дарсад зиёд шавад. Омӯзгорони мактабҳо ба ҳисоби миёна 2500-3000 сомонӣ маош мегиранд, ки дар миёни кишварҳои собиқ Шӯравӣ камтарин аст.


ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Қонун қабул шуд. Обунаи маҷбурӣ ва ҷалби омӯзгор ба "ҳашар" аз байн мераванд? Боз як оила аз азияти фарзандашон дар мактаб шикоят дорад"Муаллимонро ҳурмат намекунанд, барои ҳамин ҷавонон омӯзгор намешаванд"