Фарқияти харид ва фурӯши доллар дар бонкҳои Тоҷикистон бархе муштариён, аз ҷумла тоҷирону соҳибкоронро нигарон намудааст. Дар бонкҳои тиҷоратии кишвар 100 долларро 920-922 сомонӣ харида, 937 то 940 сомонӣ мефурӯшанд. Тоҷирон мегӯянд, фарқияти зиёд дар хариду фурӯши доллар ба кори онҳо зарар мерасонад.
Шӯҳрат Файзиев, сокини Душанбе рӯзи 8-уми январ барои хариди доллар ба яке аз бонкҳои тиҷоратии воқеъ дар назди фурӯшгоҳи "Садбарг" омад, вале ба иллати гаронии доллар аз хариди ин асъори хориҷӣ худдорӣ кард. "Ба ман даркор буд, аммо нагирифтам. Шояд боз арзон мешавад".
Ҷустуҷӯи Радиои Озодӣ нишон дод, ки фарқияти хариду фурӯши ҳар 100 доллар дар бонкҳои тиҷоратӣ аз 7 то 17 сомонӣ аст. Ба назари бархе тоҷирон, чунин фарқият дар хариду фурӯши доллар ба нархи маҳсулоти онҳо, ки бо доллар оварда мешавад, таъсири ҷиддӣ дорад.
"Масалан, тоҷир вақте мехоҳад долларро бо сомонӣ иваз кунад хеле зарари ҷиддӣ мебинад. Барои ҳамин гуфтаниам, ки бонкҳо камтар арзонтар кунанд, хубтар мешавад. Барои мисол бонки Алиф 100 долларо 920 сомонӣ мехараду 935 сомонӣ мефурӯшад. Хеле фарқияти калон дорад. Агар боз пули зиёдтарро дар назар дошта бошем зарар ба шаҳрвандон бештар мешавад", афзуд тоҷир Меҳровар Ҳусейнзода.
Видеоро инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Чаро фарқи хариду фӯруши доллар зиёд аст?
Рӯзи 9-уми январ 100 доллари амрикоӣ дар бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон аз 922 то 928 сомонӣ харида ва аз 932 то 940 сомонӣ фурӯхта мешавад.
Як намояндаи Бонки Миллии Тоҷикистон бо шарти фош нашудани номаш гуфт, масъулияти таъйини қурби асъори хориҷӣ дар бонкҳои тиҷоратӣ бар дӯши худи бонкҳост ва онҳо бо назардошти талаботи худашон арзиши асъори хориҷиро муайян мекунанд.
"Масалан як бонки тиҷоратӣ ба доллар бештар эҳтиёҷ дорад ва барои ҳамин қурби хариди долларро нисбат ба дигар бонкҳо баландтар мекунад. Бонки дигар масалан доллари зиёд дорад ва барои ҳамин қурби харидашро пастар нишон медиҳад. Қурби расмии Бонки миллии Тоҷикистон танҳо бо мақсади ҳисобгирӣ ва пардохтҳои гумрукӣ таъйин карда мешавад", - гуфт ин ҳамсуҳбати мо.
Қурби асъор дар Активбонк. 8 январи 2026
Дар бонкҳои тиҷоратӣ мавзӯъро шарҳ надоданд, вале шуморе аз коршиносон бар инанд, ки сабаби тафовути зиёди қурби пул дар бонкҳои тиҷоратӣ ноустувории асъори миллӣ ва пешгирӣ аз хавфҳои эҳтимолист.
Уктам Ҷумаев, коршиноси иқтисодӣ мегӯяд, чунин раванд бояд аз сӯи Бонки миллӣ мавриди таҳлил қарор гирад.
"Бонки Миллии Тоҷикистон бояд, ки назоратро пурзӯр кунад. Ва дар натиҷаи назорат, вақте онҳо мониторинг мегузаронанд, ҳисобот мешавад, камбудиҳо муайян мешавад, лекин ин маълумот нашр намешавад", - шарҳ дод Уктам Ҷумаев.
Як коршиноси дигар ба Радиои Озодӣ гуфт, "бонкҳои тиҷоратӣ бовар надоранд, ки устувории қурби пули миллии сомонӣ дар баробари доллари амрикоӣ зиёд давом мекунад. Барои ҳамин дар фурӯши доллар эҳтиёткор ҳастанд".
Ба иттилои расмӣ, қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА дар нимсолаи аввали соли гузашта ба андозаи 9,4 дарсад устувор гардидааст, ҳарчанд дар ҳафтаи гузашта болоравии қурби доллар дар баробари сомонӣ дида мешавад.