"Ба мо чӣ даркор?" Эътирози вакили мардумии Русия нисбат ба тоҷикон

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед

"Тоҷикон, оҳ, шаҳрвандони мо. Шашумин миллат. Шумо чӣ кор мекунед?" Ин баёнияи эътирозомези Сергей Миронов, вакили Думаи давлатии Русия, дар як нишасти матбуотӣ дар Маскав садо дод.

Вай аз он норозӣ аст, ки дар даҳ соли гузашта иҷоза додаанд, тоҷикистониҳои зиёде шаҳрвандии Русияро бигиранд. Байни Тоҷикистон ва Русия низоми душаҳрвандӣ ҷорист. Дар даҳ соли гузашта 800 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ҳамзамон соҳиби шиносномаи русӣ шудаанд.

"Чаро мо инро таҳаммул мекунем?"

Сергей Миронов дар нишасти мабуотӣ ҳамин оморро гаштаву баргашта такрор кард: “Ҳаштсад ҳазор тоҷик дар муддати 10 соли гузашта шаҳрванди Русияи мо шудаанд. Бисёр хуб. Акнун медонед, ки оқибаташ чӣ шуд? Онҳо аз рӯйи теъдод шашумин миллати Русия гаштанд. Ин ба мо чӣ лозим аст?”

800 ҳазор чист? Яъне шаҳрвандони нав. Раъйдиҳандагон. Мардуме, ки ҳуқуқи сиёсӣ доранд. Инаш зиёд муҳим нест. Дар воқеъ, имкон доранд, табаддулоти давлатӣ анҷом диҳанд.
Сергей Михеев

Ингуна баёнияҳо дар нишасти хабарии Ҳизби “Русияи одил”, ки рӯзи 18-уми август сурат гирифтааст, фаровон буд. Нишаст ҳам “Пайомадҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии равандҳои муҳоҷират барои Русия” ном дошт, ки ба гуфтаи ҳозирони он барои ин кишвар фалокатбор будааст.

Сергей Миронов гуфт, “онҳо бо урфу одатҳову дастурҳои худашон меоянд. Пӯстканда бигӯям, ба зиндагии шаҳрвандони мо халал мерасонанд. Аз назари иқтисодӣ, ҳузури муҳоҷирон боис ба коҳиши музди кор мешавад. Ба онҳо музди кам медиҳанд. Биноан, ба шаҳрвандони худи мо ҳам, ки мехоҳанд, онҷо кор кунанд, музди кам медиҳанд. Чаро мо ин корро мекунем? Чаро мо инро таҳаммул мекунем?”

Дар Русия, бино ба омори расмӣ, аз 3 то 4 миллион муҳоҷири корӣ аз Осиёи Марказӣ, бахусус Тоҷикистону Узбекистону Қирғизистон кору иқомат мекунанд. Нерӯи кории арзоне, ки корфармоёни Русия ба онҳо эҳтиёҷ доранд ва бо ҷону дил ба кор мегиранд, аммо ба қавли сиёсатшинос ва узви Ҳизби “Русияи одил” Сергей Михеев “фавқулода хатарноканд”.

“800 ҳазор чист? Яъне шаҳрвандони нав. Раъйдиҳандагон. Мардуме, ки ҳуқуқи сиёсӣ доранд. Инаш зиёд муҳим нест. Дар воқеъ, имкон доранд, табаддулоти давлатӣ анҷом диҳанд. Ронандагони таксӣ ва курйерҳо артиши чусту чолоке ҳастанд, ки ин ё он кӯчаро баста метавонанд ва ё мардумро аз инҷо ба онҷо мебаранд,” – иддао кард ӯ.

“Ба онҳо касе чизе намегӯяд”

Дар солҳои охир санҷишу боздошт ва ихроҷи муҳоҷирони корӣ дар Русия бештар шудааст

Баъзе аз сиёсатмадорони муҳоҷирситези Русия пайваста дар Думаи давлатӣ ё расонаҳои ин кишвар муҳоҷиронро балое вонамуд мекунад, ки барои вайрон кардани Русия омадаанд. Чаро? Ботирҷон Шермуҳаммад, коршиноси узбекистонӣ, гуфт, “барои онки бисёр осон ва бехатар аст.”

Ӯ афзуд: “Вақте сиёсатмадорони Русия дар бораи муҳоҷирон ва муҳоҷират бад мегӯянд, ба онҳо касе чизе намегӯяд. Ҳамзамон мутобиқ ба хости ҷомеаи Русия аст. Азбаски дар Русия муҳоҷирон ҳомӣ надоранд, барои ҳамин метавонед, оромона муҳоҷиронро танқид кунед ва имтиёзҳои иловагии раъйдиҳандагон ва мардумро ба даст биёред. Ва дастгирӣ ёбед. Аз ин рӯ, барои онҳо осонтар аст, ки дар бораи муҳоҷирон гап зананд, на мушкилоти воқеии Федератсияи Русия.”

Ҳамин назарро ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон Валентина Чупик баён дошт, ки ӯро маҳз барои садо баланд карданаш дар бораи беҳуқуқии муҳоҷирон аз Русия ронданд.

Валентина Чупик

“Магар дар Русия зиндагии ҳама хуб аст? Зиндагии осудаву роҳат? Ҳама пули кофӣ кор мекунанд, аз ояндаи худ тарс надоранд? Чунин нест. Магар не? Барои ҳамин зарур аст, ки як гунаҳкорро пайдо кунанд. Бояд як душмани хориҷӣ сохт, ки аз дигарон бисёр фарқ мекунад ва сабаби ҳамаи мусибатҳо онҳоянд. Барои ҳамин аз муҳоҷирон душман месозанд,” – шарҳ дод Валентина Чупик, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон.

“Муҳоҷирон ҷабр мебинанд”

Душмантарошӣ аз муҳоҷирони корӣ ва бадномсозии пайвастаи онҳо ба гуфтаи мусоҳибони Радиои Озодӣ, зиндагии як инсони одӣ ва коргари боинсофро гоҳо ба дӯзах табдил медиҳад. Ботирҷон Шермуҳаммад гуфт, “вақте пайваста ва зиёд такрор мекунанд, ки бахусус муҳоҷирон бештар ҷиноят мекунанд, террорист ҳастанд, кадом як ҷойҳои кориро мегиранд, ин бисёр хатарнок аст.”

Ботирҷон Шермуҳаммад

“Дар зеҳни қисмате аз аҳолӣ ин ақидаро ҳосил мекунад, ки муҳоҷирон, узбекҳо ё тоҷикон ҷинояткор ва террорист ҳастанд ва бояд бо онҳо мубориза бурд. Ин ҳама сабаб мешавад, ки ин қисмати аҳолӣ ба амалҳои ғайриқонунӣ даст зананд ва аз он муҳоҷирони бегуноҳ ва қонунпарваре ҷабр бинанд, ки дар Русия оромона кор мекунанд,” – илова кард ӯ.

Бино ба гузориши маркази “СОВА” дар Русия, ки омори ҷиноятҳо дар заминаи бегонаситезиро ҷамъоварӣ ва таҳқиқ мекунад, танҳо дар моҳи июл дар Русия ба 12 нафар, бахусус зодагони Осиёи Марказӣ ҳамла сурат гирифтааст. Аз аввали сол 110 мавриди ҳамла ба мардуми ғайрирус, аз ҷумла қатли як нафарро сабт кардаанд.