Сарфи назар аз изҳороти ширкатҳои барқрасон дар Тоҷикистон, ки “барои тирамоҳу зимистон омодагии ҷиддӣ гирифтаанд”, шикоятҳо аз сатҳи хидматрасонии онҳо бештар шудааст. Масъулони ширкати “Барқи тоҷик” вуҷуди камбудҳоро дар кори таъмини сокинон бо барқ қисман мепазиранд.
Маҳмадумар Асозода, раиси ширкати “Барқи тоҷик”, гуфт, “тамоми ҷамъият кӯшиш мекунад, ки таъмини барқ боз ҳам хубтар шавад. Ҳангоми фаъолияти бефосила ин омилҳо ба вуҷуд меоянд. Кӯшиш мекунем, ҳаракат мекунем, ки ин ҳодисаҳо камтар сабт шаванд. Лекин бе ин тамоман фаъолият карда намешавад.”
Хидматрасонии паст ва камбудҳои кори ширкатҳо аз назари мақомоти интизомӣ низ дур намондааст. Ҷомӣ Умарзода, мушовири ширкати “Тақсимоти барқ”, гуфт, “пас аз қонуни нав бисёре аз камбудҳо аз тарафи баъзе кормандон ошкор карда шуд. Дар соли 2025 нисбат ба 125 корманд аз ҷониби сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, аз кор озод карда шуданд. Боз ҳолатҳое ҳастанд, ки дар тафтишот ҳастанд.”
Намояндагони ширкатҳои барқрасон мегӯянд, онҳо на танҳо дар таъмини барқ дасткӯтоҳанд, ҳамчунин бо вуҷуди ҷалби сармояҳои ҳангуфт, имтиёзҳои зиёди давлатӣ ва таҷдиди сохтор ҳанӯз ба мушкилоти зиёд гирифторанд.
“Қарздории “Барқи тоҷик” дар маҷмуъ дар соли 2025-ум 2,6 миллиард сомонӣ поин рафт. То якуми январи соли 2025-ум 24,2 миллард сомонӣ буд. Ба ҳолати якуми январи соли 2026-ум 2,6 миллард сомонӣ камтар шуд,” – гуфт Маҳмадумар Асозода.
Бинои "Барқи тоҷик"
Бо вуҷуди шикоятҳо аз сатҳи пасти хидматрасонӣ ва нотавонӣ дар таъмини барқ, дар як соли охир, моҳи апрели 2025 ва феврали 2026 ду бор ҳаққи истифодаи барқ дар Тоҷикистон боло бурда шуд.
Аз ҷумла, аҳолӣ ҳар киловат соат нерӯи барқро бо 41,37 дирам мехарад. Аммо ширкатҳое чун "Алюминийи тоҷик" ва "Комбинати металлургии тоҷик" камтар аз аҳолӣ бо 24,30 дирам ва Ҷамъияти саҳомии "Азот"-у корхонаи "Шаҳри ҳушманд"-и Душанбе баробари аҳолӣ барқ мехаранд.
Дар ин бобат ширкатҳои масъули барқ мегӯянд, имтиёзҳоро на онҳо, балки ҳукумати Тоҷикистон муайян мекунад. Ҳукумати Тоҷикистон ҳеч гоҳе далелҳои додани имтиёзро дар хариди барқ ба ин ширкатҳои марбут ба мансабдорони калон ё наздик ба оилаи рақами яки кишвар шарҳ надодааст.
Тақрибан 70 дар сади манотиқи Тоҷикистон аз миёнаҳои моҳи сентябр то апрел дар як шабонарӯз ҳамагӣ 6-8 соат барқ доранд. Ширкатҳои масъули барқ ваъда додаанд, ки ин камбарқӣ дар моҳи сентябри соли 2027 аз байн хоҳад рафт. Ваъдае, ки борҳо дода шудааст.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Раиси “Барқи тоҷик” гуфт, “баъзе камбудҳо ҳаст”