Мақомоти Эрон ва се кишвари узви як паймони дифои минтақаӣ тасмим гирифтаанд, ки пас аз нишасти нахустини худ дар Теҳрон гуфтушунидҳоро идома диҳанд. Дар ин бора телевизиони давлатии Эрон хабар дод.
Мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ рӯзи 26-уми октябр бо намояндагони Арабистони Саудӣ, Покистон ва Туркия (аъзои Паймони Макка) мулоқот карданд. Ҳадафи нишаст коҳиши танишҳо дар минтақа номида шудааст. Телевизиони давлатии Эрон гуфт, ҷонибҳо “барои таҳкими ҳамкорӣ, аз ҷумла дар заминаи сулҳ ва амният дар минтақа ба идомаи музокирот” розӣ шуданд.
Ин мулоқот дар ҳоле гузашт, ки ҷанги миёни Иёлоти Муттаҳида ва Эрон, инчунин, афзоиши ҳамлаҳои шӯришиёни ҳусии Яман, яке аз ҳампаймонони Теҳрон, ба зидди Арабистони Саудӣ вазъи минтақа ва ҳамзамон интиқоли нафту борро дар ҷаҳон печида гардондааст.
“Кӯшиши охирин”
Як мансабдори баландпояи амниятӣ дар Исломобод пеш аз оғози мулоқот ба Радиои Озодӣ гуфт, яке аз мавзуъҳои асосии нишаст талош барои розӣ кардани Эрон аст, ки бо истифода аз нуфузи худ ҳусиҳоро ба қатъи ҳамлаҳо ба Арабистони Саудӣ водор кунад. Ба гуфтаи ӯ, кишварҳои узви Паймони Макка омода буданд эҳтимоли ҳамкории наздиктари амниятии Арабистони Саудӣ ва Исроилро ҳамчун василаи фишор матраҳ кунанд.
"Суоли асосӣ ин аст, ки чаро Эрон бояд ба чунин дархост розӣ шавад? Посух ин аст, ки Арабистони Саудӣ метавонад аз Исроил ёрӣ бихоҳад ва ин эҳтимол аз Риёз талаб мекунад, ки ба Паймони Иброҳим ҳамроҳ шавад," -- гуфт ӯ.
Паймони Иброҳим, ки соли 2020 ба имзо расид, ба одӣ шудани муносибатҳои Исроил бо чанд кишвари арабӣ, аз ҷумла Имороти Муттаҳидаи Араб ва Баҳрайн, замина гузоштааст.
Мақоми покистонӣ афзуд, азбаски Туркия аллакай бо Исроил муносибатҳои дипломатӣ дорад, се кишвари узви Паймони Макка метавонанд дар сурати сарпечии Теҳрон аз боздоштани ҳусиҳо, чунин сенарияро рӯйи миз бигузоранд. Вай гуфт, ҳарчанд мумкин аст Эрон бо истифода аз нуфузи худ бар ҳусиҳо ба чунин дархост посухи мусбат диҳад, гумон намеравад Ҷумҳурии Исломӣ мавқеи худро дар бораи музокира бо Иёлоти Муттаҳида дар робита ба ҷанг нармтар кунад.
Шӯришиёни ҳусии Яман, шаҳри Санъо, 27-уми майи 2026
Азоз Саид, таҳлилгари муқими Исломобод, гуфт, дар мулоқоти Теҳрон масъалаи низои Амрико ва Эрон низ аҳамияти калидӣ дошт, зеро ин нигарониҳо вуҷуд доранд, ки Вашингтон метавонад ҳамлаҳои низомиро алайҳи Эрон аз сар бигирад. Осим Мунир, фармондеҳи артиши Покистон, ҳафтаи гузашта ба Теҳрон рафта, ба навиштаи расонаҳо, ба раҳбарони Эрон "ҳушдори охирин"-ро расондааст.
Саид ба Радиои Озодӣ гуфт, "ба назар мерасад, ин кӯшиши охирин барои бовар кунондани эрониҳо буд, то роҳи ҳалли музокирашударо бо Иёлоти Муттаҳида бипазиранд." Ба қавли ӯ, "се шарик, албатта, қатъи ҳамлаҳои ҳусиҳоро талаб мекунанд, аммо паёми асосӣ расидан ба як созиши фарогиртар аст."
Ҳамидризо Азизӣ, таҳлилгари аршади Гурӯҳи Байнулмилалии Бӯҳронҳо, қароргоҳаш дар Белгия, гуфт, мулоқоти Теҳрон талоши лаҳзаҳои охир барои пешгирӣ аз авҷи нави танишҳо буд. Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, "ба назар мерасад, ҳадафи фаврӣ пайдо кардани роҳе барои пешгирӣ аз шурӯи дубораи ҷанг миёни Эрон ва Иёлоти Муттаҳида аст."
Азизӣ афзуд, нишасти рӯзи 26-уми октябр аслан идомаи талошҳои дипломатии пешина буд ва кишварҳои минтақа ҳарчи бештар нигаронанд, ки фурсат барои натиҷа додани ин талошҳо рӯ ба поён аст.
Ҳамлаи ҳусиҳо
Шӯришиёни ҳусии Яман, аз ҳампаймонони Теҳрон, ҳафтаҳои охир ҳамлаи мушакии худро ба Арабистони Саудӣ бештар карда, асосан фурудгоҳу зербунёдҳои нафтии ин кишварро нишон гирифтаанд. Ин вазъ дар ҳоле рух медиҳад, ки интиқоли сӯзишворӣ дар Ховари Миёна аллакай ба сабаби баста шудани тангӣ ё гулӯгоҳи Ҳурмуз маҳдуд шудааст. Қаблан аз ин роҳ тақрибан панҷяки нафту гази ҷаҳон мегузашт.
Шӯришиёни ҳусӣ дар аввали моҳи октябр ба Фурудгоҳи Байнулмилалии Шоҳ Холид дар Риёз ҳамла карданд. Бар асари он 13 кас кушта ва беш аз 300 тан захмӣ шуданд. Ҳамчунин ҳусиҳо ширкатҳои ҳавопаймоиро ҳушдор додаанд, ки аз фазои Арабистони Саудӣ истифода накунанд. Арабистони Саудӣ низ дар посух ба мавқеи ҳусиҳо дар Яман ҳамла анҷом додааст.
Паймони Макка низоми дифои ҷамъиро пешбинӣ мекунад, ки ба банди панҷуми паймони НАТО монандӣ дорад. Тибқи он, "ҳамлаи мусаллаҳона ба ҳар кадоме аз се давлат ҳамчун ҳамла ба ҳамаи онҳо арзёбӣ мешавад."
Муҳаммад бин Салмон (байн), валиаҳди Арабистони Саудӣ бо Раҷаб Таййиб Эрдуғон (чап), раисҷумҳури Туркия ва Шаҳбоз Шариф (рост), нахуствазири Покистон. Макка, 7-уми августи 2026
Баҳси Эрону Покистон
Мулоқоти Теҳрон ҳамзамон дар шароите баргузор шуд, ки танишҳо миёни Эрон ва Покистон аллакай боло гирифтаанд. Исломобод ду гузаргоҳи марзиро миёни вилояти Балуҷистони Покистон ва вилояти Систону Балуҷистони Эрон бастааст.
Ба гуфтаи манобеъ, Исломобод инчунин иҷозати фаъолияти ширкати ҳавопаймоии эронии "Моҳон Эйр"-ро боздоштааст. Гуфта мешавад, ин ширкат бо Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон пайванд дорад. Мақомоти Эрон ва Покистон ин хабарҳоро на тасдиқ кардаанд ва на рад.
Эрон дар ҷавоб содироти гази моеъро ба Покистон қатъ кардааст. Ин иқдом боис шудааст, ки нархи газ барои мардуму соҳибкорон ба таври қобили мулоҳиза боло равад. Покистон ҳар рӯз аз Эрон тақрибан ҳафт ҳазор тонна гази моеъ мегирад.
Роид Қаримлӣ, муовини вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ, дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, нишасти рӯзи 26-уми октябр нақши муҳими кишварҳои узви Паймони Маккаро дар таҳкими амният ва субот дар минтақа нишон медиҳад. "Он баёнгари ӯҳдадорӣ барои ҳамкорӣ бо ҳамаи кишварҳои минтақа ҷиҳати расидан ба ин ҳадаф аст," – афзуд ӯ.
Сафири Эрон дар Исломобод Ризо Амирӣ Муқаддам низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, барои ҳалли мушкили тиҷорати фаромарзӣ машваратҳо бо ҷониби Покистон идома доранд. Ба гуфтаи ӯ, чандсад мошини борбар, ки гази моеъро интиқол медоданд, аз гузаргоҳи Римдон вориди минтақаи Габд дар ҷониби Покистон шудаанд.
Гузориши видеоӣ дар инҷо:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Эрон ва се узви Паймони Макка чӣ гуфтанд?
Қадами муҳим
Робиа Ахтар, профессори равобити байнулмилал дар Донишгоҳи Лоҳур, гуфт, нигаронии фаврии се кишвари узви Паймони Макка пешгирӣ аз густариши бештари рӯёрӯии кунунӣ мебошад. "Ҳеч як аз ҷонибҳои ин мулоқот аз сар задани ҷанги нав дар минтақа манфиат намебинад," – гуфт ӯ ба Радиои Озодӣ.
Ба қавли вай, агар тарафҳо битавонанд дар бораи худдорӣ аз ташдиди вазъ, бахусус дар масъалаҳои амнияти Арабистони Саудӣ, ҳусиҳо ва танишҳои бештар бо Эрон ба як хулосаи муштарак бирасанд, ин худ натиҷаи арзишманд хоҳад буд. Робиа Ахтар афзуд: "Инро бештар талош барои идора кардани бӯҳрони минтақаӣ мебинам, на оғози як сохтори нави амниятӣ. Ва дар шароити ҳозира ҳатто ҳамин ҳам пайомадҳои муҳим дошта метавонад."
Ҳамидризо Азизӣ аз Гурӯҳи Байнулмилалии Бӯҳронҳо гуфт, ин мулоқот метавонад, дастикам ба таври муваққатӣ ба коҳиши танишҳо мусоидат кунад, зеро роҳҳои иртиботиро боз нигоҳ медорад. Аммо ӯ таъкид кард, ки мушкили асосӣ ҳамоно ҳал нашудааст.
"Дар ҳоле ки миёнравони минтақаӣ имкони маҳдуде барои таъсир расондан ба қарорҳои Вашингтон доранд, Эрон замонати боварбахши амниятӣ мехоҳад, то аз такрори ҳамлаҳо дар амон монад," – хулоса кард ӯ.