Эрон ва Фаронса дипломатҳои якдигарро ихроҷ карданд

Даромадгоҳи Сафорати Эрон дар Порис.

Вазорати корҳои хориҷии Эрон бо нашри як баёния ду тан аз кормандони пешини Сафорати Фаронса дар Теҳронро "афроди номатлуб" эълон кард. Дар муқобил, Фаронса низ аз чунин иқдом дар бораи ду дипломати эронӣ хабар дод.

Дар баёнияи Вазорати корҳои хориҷии Эрон омадааст, ки бо таваҷҷуҳ ба "фаъолиятҳои хилофи ҳуқуқи байнулмилалӣ, ба вижаи Конвенсияи робитаҳои дипломатии 1961" аз сӯи ду корманд дар Сафорати Фаронса, ин ду дипломат "афроди номатлуб" шинохта шуда ва ҳаққи бозгашт ба Эронро нахоҳанд дошт.

Пештар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии исломии Эрон бе ишора ба ном ва мақоми ин афрод, нисбат ба рафтори "ғайри маъмули ду дипломати фаронсавӣ" эътироз карда ва ҳушдор дода буд, ки ин афрод аз Эрон ихроҷ шудаанд.

Сафорати Фаронса ҳам бе онки дар ин бора шарҳи бештар ироа кунад, гуфта буд, ки давраи маъмурияти ин ду ба поён расида ва дар остонаи тарки Эрон будаанд.

Тайи рӯзҳои ахир аммо маълум шуда буд, ки ин ду фард аз коркунони бахши фарҳангии Сафорати Фаронса будаанд ва зоҳиран дар иртибот бо тарҳҳои фарҳангӣ, бо ду рассоми графикӣ дидор карданд. Ин ду рассом ҳам аз ҳамон замон дар боздошт ҳастанд.

Сафорати Фаронса дар Теҳрон.

Дар вокуниш ба баёнияи Вазорати корҳои хориҷии Эрон, Жан-Ноэл Барро, вазири корҳои хориҷии Фаронса эълон кард, ки ба зудӣ ду дипломати эрониро аз Порис ихроҷ хоҳанд кард.

Вазири корҳои хориҷии Фаронса бо нашри матлабе дар шабакаи Х навиштааст, "мардуми бузурги Эрон, қурбонии даврае аз фишори беҳад ва маҳдудият шудаанд, ки аз як сӯ таҳти фишори саркӯби хунини моҳи январи имсол буданд ва аз сӯи дигар, зери бамборон".

Вазири корҳои хориҷии Фаронса дар идома навиштааст, ки "ба ҳамин далел ҳимояти Фаронса аз ҳунармандон, донишмандон ва пажӯҳишгарони эронӣ ва истодан дар паҳлӯи мардуми ин кишвар аст, ки дуруст як моҳ пеш, ду дипломати фаронсавӣ барқасдона ва бо бешармӣ мавриди озор ва азият қарор гирифтанд".

Жан-Ноэл Барро дар поён бо ёдоварии инки қаблан ҳам гуфта будааст, ки ин мавзӯъ паёмадҳое хоҳад дошт, аз ихроҷи қарибулвуқӯи дипломтаҳои эронӣ аз Фаронса хабар додааст.