Мулоқоти Муҳаммадҷавод Зариф рӯзи якшанбеи 25-уми август дар шаҳри Биаррис -- ҷои баргузории нишасти сарони "Гурӯҳи 7", доир шуд.
Хабаргузории "Рейтерз" ба нақл аз мақомоти Фаронса иттилоъ дод, ки дар ин сафари кӯтоҳ Муҳаммадҷавод Зариф бо масъулони он кишвар севуним соат гуфтугӯ кард, ки ним соати он бо Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса будааст. Ба гузориши ин хабаргузорӣ, як мақоми фаронсавӣ гуфт, ки музокирот мусбат будааст. Ҷузъиёти ин музокирот эълом нашудааст.
Муҳаммадҷавод Зариф дар паёми твиттери худ навиштааст, ки дипломатияи фаъоли Эрон барои амалӣ шудани ҳамкориҳои созанда идома дорад. Қаблан Аббос Мусавӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон гуфта буд, сафари Муҳаммадҷавод Зариф ба Биаррис бо даъвати ҳамтои фаронсавиаш барои идомаи баҳсу баррасиҳо дар бораи ибтикорҳои ахир миёни президентҳои Эрон ва Фаронса, сурат гирифтааст. Ба гузориши хабаргузории "Форс", ҳавопаймои ҳомили вазири умури хориҷии Эрон шоми якшанбе ба Теҳрон баргашт.
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико бо ишора ба ин, ки ҳамтои фаронсавиаш пешопеш ӯро аз сафари вазири умури хориҷии Эрон ба Биаррис хабардор карда ва "таъйид"-и ӯро гирифта буд, гуфт, ҳанӯз барои мулоқот бо Муҳаммадҷавод Зариф хеле зуд аст.
"Хабар доштам, ки меояд. Президент Макрон мувофиқати манро гирифта буд. Дар ҷараёни ҳама иқдомоти ӯ (Макрон) будам ва бо ҳама корҳояш мувофиқат кардам. Гуфтам, агар мехоҳед ин корро бикунед, бисёр хуб. Аслан ғайримуҳтарамона ба назарам наомад".
Оқои Трамп бо ин ҳол ҳозир нашуд дар бораи анҷом гирифтани мулоқоти эҳтимолӣ байни Муҳаммадҷавод Зариф ва ҳайати амрикоии ҳозир дар Биаррис изҳори назар бикунад. Раиси ҷумҳури Амрико дар гуфтугӯи кӯтоҳаш бо хабарнигорон ҳамчунин таъкид кард, ки "дар пайи тағйири режими (Ҷумҳурии исломӣ) нест. "Ман ба дунболи эрониҳои воқеан хуб ва қавӣ ҳастам. Эрон воқеан ин тавоноиро дорад, ки худро бозсозӣ кунад ва ба кишвари қудратманд табдил шавад, вале бояд даст аз терроризм бардорад",-афзуд вай.
Дар ҳамин ҳол, Ангела Меркел, нахуствазири Олмон дар робита ба музокироти Эрон ва Фаронса гуфтааст, ки бояд ҳама роҳҳои бартараф кардани таниш миёни Эрон ва Амрико баррасӣ шавад ва аз ҳар фурсате барои ин кор бояд истифода кард. Меркел гуфтааст, "мо бояд роҳе барои коҳиши таниш байни Амрико ва Эрон биёбем, вагарна бояд нигарони қадами дигаре аз Эрон дар моҳи оянда бошем".
Хонум Меркел бо ишора ба қарор гирифтаи мавзӯи созиши ҳастаии Эрон дар музокироти "Гурӯҳи 7" гуфт, танҳо баъд аз ворид шудани Зариф ба шаҳри Биаррис, аз сафари вай огоҳ шудааст.
"Рейтерз" аз қавли дипломатҳо ва манбаъҳои эронӣ гуфтааст, ки Ҷумҳурии исломӣ пешниҳод кардааст, ки дар баробари иҷозаи содироти рӯзона ҳадди ақал 700 ҳазор бушка нафт, омода аст ба созишномаи ҳастаӣ ё БАРҶОМ, пойбанд бимонад.
Эрон баҳори имсол эълон кард, ки аз созиши ҳастаӣ фоидаи лозимро набурдааст ва дар ду марҳила бахше аз ӯҳдадориҳояш дар баробари ин созишро бекор кард ва сатҳи ғанисозии ураниюмро афзоиш дод. Эрон таҳдид кардааст, ки агар манфиатҳои иқтисодии Эрон аз созиши ҳастаӣ таъмин нашавад, қадами севумро хоҳад бардошт.
Сафари вазири умури хориҷии Эрон ба Биаррис ғайримунтазира буд, чун пештар дар бораи он хабар дода нашуда буд. Ин дар ҳоле аст, ки оқои Зариф рӯзи ҷумъа дар Порис буд ва бо Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса мулоқот ва дар бораи тарҳҳои ду кишвар барои коҳиши таниш байни Теҳрон ва Вашингтон гуфтугӯ карда буд.
Вазири умури хориҷии Эрон пас аз он мулоқот ба муҳтавои гуфтугӯҳояш ишорае накард ва танҳо гуфт, Фаронса пешниҳодҳое дар бораи созиши ҳастаӣ додааст, ки нуқтаҳои муштарак бо дидгоҳҳои Эрон дорад. Дар моҳҳои ахир гузоришҳое дар бораи талошҳои Фаронса барои наҷоти созиши ҳастаӣ ва миёнҷигарӣ барои коҳиши таниш байни Эрон ва Амрико, мунташир шуда буд.
Хабаргузориҳои "Франс-пресс" ва "Ассошиэйтед пресс" гузориш додаанд, ки раиси ҷумҳури Фаронса рӯзи шанбе бо Доналд Трамп, ҳамтои амрикоиаш ҷузъиёти тарҳи худро барои коҳиши танишҳо бо Эрон ба вай тавзеҳ додааст.