Эрон гуфта буд, дар Тоҷикистон корхонаи тавлиди паҳпод сохт. Оё вуҷуд дорад?

Фармондеҳи пешини артиши Эрон Муҳаммад Боқирӣ (чап) ва собиқ вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Мирзо (рост) дар маросими ифтитоҳи корхонае, ки иддао шуд паҳподи эронӣ тавлид мекунад. Шаҳри Душанбе, 12-уми майи соли 2022

Ҳудуди чаҳор сол қабл, пас аз он ки Эрон аз ифтитоҳи як корхонаи тавлиди паҳпод (дрон, ҳавопаймои бесарнишин) дар атрофи шаҳри Душанбе хабар дод, фаъолиятҳо ва ҳатто мавҷудияти он ҳамчунон норӯшан аст.

Замира Эшонова, Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ

Моҳи майи соли 2022. Фармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар маросими эълони як тарҳи нави калон, дар маконе номаълум дар наздикии Душанбе, иштирок кард ва дар аксҳо вазири дифои Тоҷикистон ҳам дар паҳлӯи ӯ дида мешуд.

Ба гуфтаи онҳо, ин аввалин маркази тавлиди паҳподи Эрон дар берун аз он кишвар буд. Корхонаи истеҳсоли паҳподи иктишофӣ-тактикии "Абобил 2", бо бурди ҳудуди 200 километр, хурдтар ва арзонтар аз паҳподҳои "Шоҳид", ки ба рамзи содироти низомии Эрон табдил шудааст.

Ҳеч яке аз ин ду нафар ҳоло дар мақоми худ нестанд. Вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Мирзо дар моҳи январи соли 2025 аз мақомаш барканор шуд. Муҳаммад Боқирӣ дар як ҳамлаи ҳавоӣ дар ҷараёни ҷанги 12-рӯза байни Исроил ва Эрон дар моҳи июни соли 2025 кушта шуд.

Аммо Муҳаммад Боқирӣ дар соли 2022 бо шӯру шавқ аз ояндаи рӯшан сухан мегуфт: "Имрӯз ба ҷойе расидаем, ки илова бар таъмини ниёзҳои дохилӣ, метавонем бо ҳадафи таҳкими амният ба кишварҳои муттаҳид ва дӯст таҷҳизоти низомӣ содир кунем".

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ҳамон вақт бо Муҳаммад Боқирӣ дар Душанбе мулоқот кард ва расман аз "ҳамкориҳои дифоӣ ва низомӣ" байни ду кишвар истиқбол намуд. Пас аз тақрибан чаҳор сол ҳанӯз маълум нест, ки оё ин корхона паҳпод истеҳсол мекунад ё не. Ва агар бале, ин паҳподҳо ба куҷо мераванд ва чӣ касе аз онҳо истифода мекунад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Созишнома қабул шуд, Тоҷикистон аз Туркия бесарнишин мехарад?

ОЁ АСЛАН ВУҶУД ДОРАД?

Бахши тоҷикии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ба Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати саноату фанновариҳои нави Тоҷикистон нома бурд ва мунтазири посух аст. Аммо ду мақоми баландпоя дар Душанбе дар суҳбатҳои хусусӣ гуфтанд, ки "ин корхона ҳаргиз ифтитоҳ нашудааст".

Яке аз онҳо бо шарти фош нашудани номаш гуфт, "таъсиси як маркази тавлиди паҳпод монанди тавлиди "Пепси-Кола" нест. Ман 1000 дарсад мутмаинам, ки чунин корхона дар Тоҷикистон вуҷуд надорад. Аслан чунин корхонае вуҷуд надорад."

Як дипомати ғарбии муқими Душанбе низ ҳамин гуна назарро баён кард. Вай гуфт, "мо дар ин бора як замоне дар хабарҳо хондем. Ростӣ, баъд аз он мо на аз амрикоиҳо ва на аз ҷониби худамон дар мавриди он нашунидем. Агар чунин чизе вуҷуд дошт, ҳатман дар бораи он суол мекарданд ва онро тасдиқ мекарданд. Аммо чунин иттифоқе науфтод."

Расонаҳои эронӣ гузориш дода буданд, ки ин корхона дар атрофи шаҳри Душанбе, ҷойгир шудааст. Баъзе аз нозирон тахмин кардаанд, ки ин корхона метавонад дар наздикии пойгоҳи ҳавоии "Айнӣ" ҷойгир шуда бошад. Пойгоҳи "Айнӣ" як иншооти низомии калон дар атрофи пойтахти Тоҷикистон ва мизбони нерӯҳои ин кишвар ва гоҳе низ мизбони нерӯҳои Русия аст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

ИМА гуфт, Эрон метавонист ба Тоҷикистону Русия "дар истеҳсоли паҳпод мусоидат кунад"

Игор Семиволос, мудири Маркази таҳқиқоти Ховари Миёна дар Киев, гуфт, бо истифода аз маълумоти манбаъҳои боз, тасвирҳои моҳвораӣ ва маълумоти дигари умумӣ эҳтимол тавлидоти ҳамчун корхонае қобили ташхис мебуд.

Вай гуфт, "ман бовар надорам, ки бо таваҷҷуҳ бо тавоноиҳои кунунии маълумоти боз махфӣ нигоҳ доштани он комилан мумкин бошад. Ин воқеият, ки ин паҳподҳо дар ҳеч куҷо дида нашудаанд, ба ин маъно аст, ки ин тарҳ метавонад ҳамчун як намоиш тафсир шавад."

Эълони ин корхона танҳо чанд моҳ пас аз оғози ҳамлаи густурдаи Русия ба Украина дар моҳи феврали соли 2022 сурат гирифт. Дар тобистони соли 2022, Эрон ба фиристодани паҳподҳои "Шоҳид" барои Русия ҷиҳати истифода дар ҷанг оғоз кард.

Игор Семиволос гуфт, бо ҳассостар шудани мавзӯи паҳподҳои эронӣ барои Тоҷикистон, ҷойе ки ҳамкориҳои низомӣ бо Теҳрон ё Маскав метавонад боиси таваҷҷуҳи байнулмилалӣ, таҳримҳо ё фишорҳои дипломатӣ шавад, шояд ҳукумати Тоҷикистон тасмими худро тағйир дода бошад". Ӯ афзуд, "шояд мақомоти тоҷик тасмим гирифтанд, ки зиндагии худро печида насозанд ва ба тадриҷ ин равандро кунд карда ва онро канор бигузоранд."

"НИШОНАЕ ДАР МИЁНИ НЕРӮҲОИ РУС НЕСТ"

Ошкортарин изҳори назари расмӣ аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон 30-юми октябри соли 2022 нашр шуд. Вазорати корҳои хориҷӣ дар баёнияе гузоришҳоро дар бораи ин ки паҳподҳои сохти ин кишвар барои истифода дар Украина ба Русия дода мешаванд, инкор кард.

Дар ин баёния онҳо вуҷуди ин корхонаро тасдиқ ё рад накарданд, аммо гуфтанд, ки Тоҷикистон "ба кишварҳои севум таҷҳизоти низомӣ содир намекунад". Игор Семиволос мегӯяд, ҳеч нишонае аз паҳподҳои ин корхона дар майдонҳои ҷанги Украина дида нашудааст.

"Мо, дарвоқеъ, "Абобил-2"-ро дар ҳеч куҷо надидаем. Агар манзур ҷабҳаи Русия ва Украина аст, чунин паҳподҳое дида нашудаанд. Арзёбии ҳаҷми тавлид ва фаъолияти ин корхона бисёр мушкил аст," --афзуд ӯ.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Вокуниш ба вокуниш. Гордон хост, истеҳсоли дронҳоро дар Тоҷикистон таҳқиқ кунанд. ВИДЕО

Яке аз мақомоти тоҷик, ки бо шарти фош нашудани номаш ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ суҳбат кард, гуфт, маросими ифтитоҳи ин корхонаи тавлиди паҳпод дар соли 2022 танҳо барои ҳадафҳои таблиғотии Эрон созмондиҳӣ шуда буд. Ӯ дар бораи ин ҳадафҳои мушаххаси ин иқдом тавзеҳоти бештар надод.

Эрик Лоб, устоди сиёсат ва робитаҳои байнулмилал дар Донишгоҳи байнулмилалии Флорида ба Радиои Аврупои Озод/ Радиои Озодӣ гуфт, агар маросими ифтитоҳи корхонаи паҳподи Тоҷикистон саҳнасозӣ шуда бошад, эҳтимол ҳадафи он фиристодани паёмҳои сиёсӣ аз сӯи Теҳрон будааст.

"Ин ташрифот ва намоишҳо равише барои Эрон аст, то ба таври рамзӣ дар баробари инзивои байнулмилалӣ вокуниш нишон диҳад, паёмҳоеро ирсол кунад, ки Эрон он қадар ки ба назар мерасад, дар инзиво нест. Ва ҳатто барои машрӯияти дохилӣ, инро нишон медиҳад, ки ин режим ҳампаймонҳо, шарикон ё дӯстоне дорад," -- хулоса кард Эрик Лоб.