Эрон дар иҷрои ҳукми қатл дар мақоми аввал

Тазоҳурот дар Олмон бо талаби поён додан ба қатлу шиканҷа дар Эрон.

Дар Эрон ҳафтаи гузашта, рӯзи 13-уми май ду мардро ба қатл расонданд. Ин иқдоми мақомот нишон медиҳад, ки қатлҳои сиёсӣ пас аз оғози ҷанг бо Иёлоти Муттаҳида ва Исроил ҳамчунон ва бидуни ҳеҷ нишоне аз коҳиш идома дорад.

Эҳсон Афрошта, мутахассиси амнияти интернетӣ, субҳи ҳамон рӯз бо гуноҳи ҷосусӣ барои Исроил, душмани деринаи Эрон ба дор кашида шуд.

Шоми ҳамон рӯз Муҳаммад Аббосиро, ки дар эътирозҳои густурдаи моҳи январ ширкат дошт, дар зиндони Қизилҳисор бо иттиҳоми қатли як маъмури амниятӣ дар Малард шаҳраке дар наздикии Теҳрон қатл карданд.

Ба гузориши созмони ҳуқуқи башари HRANA, ки қароргоҳаш дар Амрикост, хонаводаи Аббосиро бо баҳонаи мулоқот ба зиндон даъват карданд, аммо аз назди дарвозаи зиндон онҳоро ноумед пас гардонданд. Аҳли хонавода баъдан тавассути телефон аз қатли фарзанди худ бохабар шуданд.

Созмони Муҷоҳидини Халқ, як гурӯҳи мухолиф дар хориҷи Эрон, ки солҳо аз сӯи Иёлоти Муттаҳида ва Бритониё ҳамчун як созмони террористӣ шинохта мешуд, рӯзи 14-уми май бо судури баёнияе эълон кард, ки Аббосӣ узви ин созмон будааст.

Оҷонсии хабарии «Мизон», вобаста ба вазорати адлияи Эрон, бидуни ишора ба иртиботи Аббосӣ бо Муҷоҳидини Халқ, эъдоми ӯро «қасос» ва интиқоми шаръӣ бо хости хонаводаи мақтул унвон кард.

Ҷумҳурии Исломӣ пештар наворҳои муҳокимаи додгоҳии Аббосиро нашр карда буд, ки дар он ӯ ба куштани як узви нерӯҳои амниятӣ дар авҷи эътирозҳои оммавии рӯзҳои 8–9-уми январ муттаҳам мешуд.

Эътирозҳои саросарии чандинҳафтаина алайҳи рӯҳониёни ҳоким дар Эрон охири моҳи декабр оғоз шуд. Мақомот бо саркӯби сахт посух дода, ҳазорон эътирозгарро ба ҳалокат расонданд.

Дар мавриди парвандаи Афрошта, ду манбаъ дар гуфтугӯ бо Радиои Фардо гуфтанд, ки ҳангоми сафараш ба Туркия як хадамоти ҷосусии хориҷӣ ба ӯ наздик шудааст. Ба гуфтаи ин манобеъ, Афрошта қабл аз бозгашт ба ватан ба Вазорати иттилооти Эрон дар ин бора хабар додааст, аммо ба маҳзи нишастани ҳавопаймо дар Фурудгоҳи байналмилалии Имом Хумайнӣ ӯро боздошт карда, ба зиндон бурдаанд.

ҲРАНА қаблан гузориш дода буд, ки эътирофоти Афрошта дар замони боздошт «сохта ва маҷбурӣ» будааст ва худаш иттиҳомотро рад кардааст. Ҳамчунин амволи хонаводаашро мусодира кардаанд ва наздиконаш зери назорат қарор гирифтаанд.

Гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқи башар ва манобеи наздик ба хонавода мегӯянд, ки парвандаи Афрошта намунаи барҷастаи истифодаи Ҷумҳурии Исломӣ аз эътирофҳои маҷбурӣ ва муҳокимаҳои замони ҷанг барои аз байн бурдани таҳдидҳои эҳтимолии амниятист.

Ин эъдомҳо охирин маврид аз корзори шиддатёбандаи қатлҳо аз 18-уми март ба ин сӯ мебошанд ва чанд ҳафта пас аз он ки Иёлоти Муттаҳида ва Исроил бомбаборони Эронро оғоз карданд. Аз он замон то кунун дастикам 29 мавриди эъдоми сиёсии таъйидшуда сурат гирифтааст.

Ин эъдомҳо ба се гурӯҳи асосӣ тақсим мешаванд. Аввал мӯътаризоне, ки дар тазоҳуроти моҳи январ ширкат доштанд ва ба «муҳориба» (душманӣ бо Худо) муттаҳам шуданд, Дуввум, аъзо ё афроди муттаҳам ба узвият дар Муҷоҳидини Халқ, ки ба шӯриши мусаллаҳона гунаҳкор дониста шудаанд. Саввум касоне, ки ба ҷосусӣ барои Хадамоти Ҷосусии Амрико ва ё Моссад, созмони ҷосусии Исроил гунаҳкор дониста шудаанд.

Созмонҳои ҳуқуқи башар муҳокимаҳои қатлшудагонро маҳкум карданд. Маркази Ҳуқуқи Башари Эрон, ки қароргоҳаш дар Норвегия аст, моҳи апрел гуфт, бисёре аз ин мурофиаҳо бо «шиканҷа, эътирофҳои маҷбурӣ ва адами адолати додгоҳӣ» ҳамроҳ будаанд.

Созмони Iran Human Rights Monitor, як гурӯҳи хориҷ аз кишвар, ки нақзи ҳуқуқи башар дар Эронро сабт мекунад, суръат гирифтани қатлҳоро «поксозии сиёсӣ» бо сӯиистифода аз шароити замони ҷанг тавсиф кардааст.

Ин созмон дар баёнияе дар моҳи моҳи апрел навишт: «Авлавияти режим ҷанги хориҷӣ нест, балки саркӯби дохилист». Созмон гуфт, шумори қатлҳои сиёсӣ дар шаш ҳафтаи аввали ҷанг аз омори умумии соли 2025 гузаштааст.

Фолкер Тюрк, комиссари олии ҳуқуқи башари Созмони Милал моҳи гузашта аз Эрон хост, ки «иҷрои ҳукми қатлро муваққатан боздорад» ва зиндониёнеро, ки «худсарона боздошт шудаанд», озод кунад.

Ӯ гуфт: «Ман аз ин масъала ба даҳшат омадаам, ки бар замми паёмадҳои сангини ин муноқиша, мақомот ҳамчунон ҳуқуқи мардуми Эронро бо равишҳои хашин ва бераҳмона поймол мекунанд».

Эрон яке аз бузургтарин иҷрокунандагони ҳукми қатл дар ҷаҳон ба шумор меравад ва солона садҳо нафарро, ки аксари онҳо ба ҷиноятҳои марбут ба қочоқи маводи мухаддир муттаҳаманд, ба дор мекашад.