Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, бори охир рӯзи 28-уми январи имсол дар як ҷаласаи ҳукумат дида шуд ва баъд аз он, аз ҳузури ӯ дар чорабиниҳои давлатӣ ҳеч аксу наворе нашр накарданд.
Ин вазъ ва хомӯшии мақомот сабаби пайдо шудани сару садо дар бораи вазъи сиҳатии ӯ шуда буд.
Сомонаи президенти Тоҷикистон рӯзи 14-уми феврал бо нашри аксу видео хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмон бо Тсзоу Ҷиай, раҳбари Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Зерсохторӣ мулоқот намуда, дар бораи тарҳи сохтмони нерӯгоҳи Роғун ва бозсозии нерӯгоҳи Норак суҳбат кардаанд. Ҳадафи ин мулоқот ҷалби “маблағгузории дарозмуддат” номида шудааст.
Акси Эмомалӣ Раҳмон аз мулоқоташ бо раҳбари БОСЗ
Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Зерсохторӣ дар Чин таъсис ёфтааст ва Тоҷикистон солҳо боз бо он ҳамкорӣ дорад.
Мақомот ҳеч шарҳе надоданд, ки Эмомалӣ Раҳмон ним моҳи ахир куҷо буд.
Баъзе аз манбаъҳои Радиои Озодӣ рӯзи 10-уми феврал гуфта буданд, ки “ӯ дар рухсатӣ аст” ва “дар хориҷ аз Тоҷикистон қарор дораду муолиҷа мегирад”. Камаш ду нафари онҳо дар бораи эҳтимол дар Чин будани ӯ хабар доданд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Камнамо" шудани Эмомалӣ Раҳмон ҳадсу гумон барангехтаастБино ба ёфтаҳо, ҳавопаймои президент рӯзи 28 ва 29-уми январ дар фазои Душанбе сабт шудааст, аммо дар бораи самти парвози он ва ҷойи фурудоӣ маълумот дастрас нест. Ҳавопаймо рӯзи 13-уми феврал ба Душанбе баргаштааст.
Дар рӯзҳои нонамоён будани президент писари калонии ӯ Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ, рӯзи 6-уми феврал шӯро ва иҷлосияи панҷуми табақаи болоии порлумони Тоҷикистонро баргузор кард. Як акс аз ин ҷаласа, ки се раиси вилоят дар назди ӯ рост истодаанд, сарусадои бештареро дар бораи интиқоли қудрат аз падар ба писар ба миён овард.
Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1992, ду соли аввал ба ҳайси раиси Шӯрои олӣ ва боқимонда дар мақоми президент, Тоҷикистонро раҳбарӣ мекунад.
Вай дар беш аз се даҳаи охир қудратро мутамарказ карда, бештар аъзои хонавода ва ҳампаймонҳои наздикашро дар мақомҳои калидӣ ҷой додааст.
Тибқи Қонуни асосӣ, агар раисҷумҳури Тоҷикистон ба таври муваққат ё доим вазифаашро иҷро карда натавонад, масъулиятро раиси Маҷлиси миллӣ бар уҳда хоҳад гирифт. Мақоме, ки ҳоло Рустами Эмомалӣ, писари Эмомалӣ Раҳмон, бар дӯш дорад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Эмомалӣ Раҳмон дар куҷост?