Эмомалӣ Раҳмон дар маросими видоъ бо Хоманаӣ ширкат кард

Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳамроҳаш ҳангоми видоъ бо Алии Хоманаӣ, Теҳрон, 3-юми июли 2026

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар сафараш ба Эрон, ки мақомот онро "боздиди корӣ" номиданд, дар қатори чанде аз раҳбарони кишварҳои ҷаҳон дар маросими видоъ бо Алии Хоманаӣ, раҳбари собиқи Ҷумҳурии Исломӣ, иштирок кард.

Ин маросим, ки як ҳафта идома хоҳад дошт, рӯзи севуми июл дар Теҳрон оғоз шуд.

Алии Хоманаӣ, чанде аз аъзои оилаи ӯ ва як идда мансабдорони баландпояи Эрон 28-уми феврали имсол, дар рӯзи аввали ҳамлаҳои Амрико ва Исроил, ба ҳалокат расиданд.

Ҷанге, ки бо кушта шудани Хоманаӣ шуруъ шуд, 40 рӯз давом кард. Амрико ва Эрон аввали моҳи апрел оташбас карданд ва дар моҳи июн тафоҳумномаи сулҳро имзо намуданд.

Тоҷикистон аз имзои ин тафоҳумнома истиқбол кард ва гуфт, ки имзои ин санад ба амният дар тамоми ҷаҳон мусоидат мекунад. Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 18-уми июн ба раҳбарони Эрону Амрико Масъуди Пизишкиён ва Доналд Трамп барқияои алоҳида фиристод ва имзои тафоҳумномаи сулҳро ба онҳо табрик гуфт.

Тӯли даҳсолаҳои ҳукмронии Алии Хоманаӣ бисёре аз эронинён бо саркӯбу таъқиби сиёсӣ ва иҷтимоӣ, таҳдид, боздошт ва ҳабс рӯ ба рӯ буданд. Баъзеҳо хабари марги ӯро бо шодмонӣ дар мазҳари ом пазируфта, бо ҳукмҳои вазнин ва ҳатто таҳдиди эъдом мувоҷеҳ шудаанд.

Як мард, ки дар пайи саркӯбҳои давлатӣ дар Эрон фарзандашро аз даст додааст, ба Радиои Фардо, бахши форсии Радиои Озодӣ, гуфт, вақте хабари марги Хоманаиро шунид, эҳсос кард, "адолат бар ситамкорӣ пирӯз шуд".

Нерӯҳои амниятии Эрон дар аввали имсол таҷаммӯи зиёди норозиёнро башиддат саркӯб карданд. Баъзе аз гурӯҳҳо иддао доранд, ки дар ин рӯйдод аз 35 то 40 ҳазор кас кушта шудаанд. Радиои Озодӣ ин оморро мустақилона тасдиқ кард ё инкор карда наметавонад.

Мардуми норозӣ ба зидди бадшавии сатҳи зиндагӣ дар Эрон, ки ҳосили сиёсатҳои ҳукумати Ҷумҳурии Исломӣ буд, ба кӯчаву хиёбонҳо баромада буданд.