Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, аз мақомот хостааст, ки ҷавонони аз 18 то 27-соларо барои хидмат дар артиш даъват кунанд. Фармон дар ин бора рӯзи 28-уми август имзо шуд.
Даъват аз аввали моҳи октябр то охири ноябри имсол бо ҳузури маъмурони милиса ва амниятӣ идома хоҳад кард. Дар ин муддат сарбозонеро, ки муҳлати хидматашон ба поён расидааст, ба хонаҳояшон ҷавоб медиҳанд.
Тибқи фармони нав, Вазорати тандурустӣ вазифадор шудааст, ки "барои муоинаи даъватшавандагон табибону мутахассисони ботаҷрибаро сафарбар намояд".
Тайи солҳои охир ба сафи артиш фиристодани ҷавонони бемор, ки гоҳо бо марги онҳо низ анҷомидааст, дар Тоҷикистон сабт шудааст.
Аз ҷумла, моҳи феврали имсол наздикони Эмомҷон Шаханов, як сокини ноҳияи Муъминобод шикоят карданд, ки ӯро, ки гирифтори бемории рӯҳӣ аст, бо зӯр ба артиш бурданд.
Инро ҳам бинед:
Баъд аз гузориши Озодӣ. Сарбози беморро аз артиш ҷавоб додаандДаъват ба сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳар сол бо сарусадо дар бораи сарпечии ҷавонон аз хидмат ва ё сарбозшикор (облава) мегузарад.
Як сабаби аслии сарпечии ҷавонон аз хидмати ҳарбии ҳатмии дусоларо дар бадрафторӣ дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон меноманд.
Мақомот баръакс мегӯянд, вазъ дар қисмҳои ҳарбӣ назар ба солҳои пеш беҳтар шудааст.