"Падарам ин корро намекард." Духтар дастдарозиро ба номусаш "туҳмат" номид

Ин духтар иддао дорад, ки бо маслиҳати модар нисбат ба падараш бадгӯйӣ кардааст

Як духтари ноболиғ талош дорад, ки мақомот падарашро аз зиндон озод ва ӯро пурра бегуноҳ эълон кунанд. Ин мард ду сол пеш бо гуноҳи дастарозӣ ба номуси ду духтари наврасаш 23 сол аз озодӣ маҳрум гаштааст. Духтарон ҳоло дар ятимхона ҳастанд. Яке аз онҳо иддао дорад, ки падараш бо айби модар гунаҳкору зиндонӣ шуд, вале ҷониби дигар онро намепазирад.

"Фикр кардам, зиндагиям хуб мешавад"

Ноболиғ З.Р. мегӯяд, соли 2024 ба як омӯзгори мактаби миёна дар деҳа нақл карда буд, ки падараш ӯ ва хоҳарашро озор медиҳад.

“Модарам гуфт, рафта дар мактаб бигӯ. Ман омада, ба як муаллим гуфтам, ки падарам маро ғам медиҳад, дастдарозӣ мекунад. Гиря кардам. Муаллим гуфт, ҳамин гап рост аст? Ман гуфтам, ҳа. Муаллим гапи маро сабт кард. Бегоҳ падарамро бурданд,” – нақл кард ӯ.

Падари духтарон бар асоси моддаи 139 (қисми 4), яъне "зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ" муҳокима ва зиндонӣ шуд. Бо гузашти ду сол аз ин ҳодиса ноболиғ мегӯяд, ҳама гуфтаҳояш нисбат ба падар туҳмат буд ва ба ин кор ӯро модараш водор кард. Вай 3-сола будааст, ки падару модараш аз ҳам ҷудо шуданд.

“Модарам гуфта буд, чӣ хеле пеш будем, ҳамин хел якҷоя мешавем, зиндагӣ мекунем. Ман моиндар доштам, бисёр азоб кашидам, маро зад, дар об партофт. Аз ҷонам сер шуда будам, бисёр мехостам очаамро бинам. Фикр кардам, баъд аз ин зиндагиям хуб мешавад,” – гуфт ӯ.

Ҳоло ин духтари 16-сола бо муроҷиат ба чанд ниҳод, аз ҷумла порлумон, хоҳони озодии падараш шудааст. Дар ин кор ба ӯ аммааш ёрӣ мекунад.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Падарам дастдарозӣ накардааст, мехоҳам номаш сафед шавад"

"На гап мезадам, на рафтуомад доштам"

Пас аз боздошти падар, ноболиғро бо хоҳару бародараш ба парваришгоҳ доданд. Модари онҳо, ки ҳоло оилаи дигар дорад, гуфтаҳои духтарашро беасос хонд ва гуфт, ба боздошти шавҳари собиқаш пайванд надорад. Вай дар як суҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, баъд аз ҷудо шудан, шавҳари собиқаш иҷборан кӯдаконро аз ӯ гирифт.

“Аз вақте ҷудо шудам, на бо падари онҳо дар иртибот будам, на гап мезадам, на мерафтаму меомадам. Шавҳар кардаам, фарзанд дорам, зиндагиям хуб аст. Кӯдакҳо ҳам меомаданд, мерафтанд, вале аз рӯзе, ки ба ятимхона рафтанд, намеоянд. Агар меомаданд, ман ҳеч вақт онҳоро намепартофтам,” – изҳор дошт зан.

Бар асоси қонунгузории Тоҷикистон, баёноти дурӯғ ҷазо дорад. З.Р. мегӯяд, пушаймон аст ва мехоҳад падараш озод шаваду онҳоро ба тарбияи худ гирад. Дар мактабе, ки ӯ мехонд, тасдиқ карданд, ки духтар аз амали падараш шикоят карда буд.

Ба гуфтаи ноболиғ, ҳангоми ташхиси ӯ ва хоҳараш мудири мактаб онҳоро ҳамроҳӣ кардааст. Натиҷаи ташхис ба Радиои Озодӣ дастрас нест. Ба далели ноболиғ будани духтарон ҷузъиёти парванда ва хулосаи ташхиси пизишкӣ пинҳон мемонад.

"Писарамро шикастанд"

Раъно Фозилова

Ҳоло падари ноболиғ дар як зиндони Хуҷанд адои ҷазо мекунад. Вакили мудофеи ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, мард ҳангоми таҳқиқи ҳодиса ба гуноҳаш эътироф кардааст. Аммо пайвандонаш иддао доранд, ӯ шиканҷа шудааст ва шояд зери фишор гуноҳро бар дӯш гирифтааст. Ба гуфтаи онҳо, падари ноболиғон худро бегуноҳ медонад.

Раъно Фозилова, модари марди зиндонӣ, гуфт: “Писарамро шикастанд. Мисли гове, ки дар оғил меандозанд, бачаи маро ҳамин хел карданд. Ҳатто напурсиданд.”

Қонунҳои Тоҷикистон барои дастдарозӣ ба номус ҷазои сангин пешбинӣ мекунанд. Бахусус, ҷиноятҳои шаҳвоние, ки дар миёни аъзои як оила рух медиҳад.

Бино бар гузориши Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон соли 2024 дар кишвар 88 мавриди озори ҷинсиву ҳаракатҳои дигари бадахлоқона нисбат ба ноболиғон сабт шудааст.