Ӯ рӯзи 29-уми январ гуфт, ки ба Эрон барои расидан ба тавофуқ шарт гузоштааст, ки танҳо мақомоти Ҷумҳурии исломӣ медонанд, ки он чӣ ҳаст.
Доналд Трамп, ки дар Кохи Сафед бо хабарнигорон суҳбат мекард, гуфт, “онҳо мехоҳанд, ки ба тавофуқ бирасанд.”
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳузури низомиашро дар Ховари Миёна дар наздикиҳои Эрон афзоиш додааст.
Доналд Трамп гуфт, нови бузурги ҳавопаймобари дигаре дар ҳоли ҳаракат ба сӯи марзҳои Эрон аст.
“Умедворам ба тавофуқ бирасем. Агар ба тавофуқ бирасем, хуб аст. Агар ба тавофуқ нарасем, хоҳем дид, чӣ иттифоқе меафтад,”—гуфт ӯ.
Охири моҳи декабри соли гузашта ва аввали моҳи январи имсол ҳазорон нафар бо эътироз ба боло рафтани нархҳо ва поин афтодани қурби пули миллӣ дар Эрон дар хиёбонҳо ба эътироз баромаданд.
Мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ эътирозгаронро бераҳмона саркӯб кард ва ҳоло аз кушта шудани аз 5 то 30 ҳазор нафар дар Эрон хабар мерасад.
Доналд Трамп гуфта буд, ки агар мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ эътирозгаронро бикӯшанд, “посухи сахте хоҳанд гирифт”.
Ҳоло маълум нест, ки президенти ИМА ба Ҷумҳурии Исломии Эрон чӣ шарте гузоштааст. Ба суоли хабарнигорон, ки агар ба тавофуқ нарасанд, чӣ хоҳад шуд, ӯ гуфт, намехоҳад, дар бораи ҷузъиёт суҳбат кунад.
Ин ҳарфҳо дар ҳолест, ки мақомоти Эрон, аз ҷумла, Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии ин кишвар гуфтааст, ки ҳеч суҳбате бо ҷониби Амрико надоштаанд.
Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон рӯзи 30-юми январ, ки дар Туркия буд, гуфт, омодаи музокира бо ИМА дар бораи барномаи ҳастаӣ ҳастанд, вале дар бораи барномаи дифои мушакӣ гап нахоҳанд зад.
Эрон, пас аз инқилоби исломӣ дар 47 соли пеш Амрико ва Исроилро кишварҳои “душман” эълон карда, солҳост алайҳи онҳо шиорҳои бадбинона паҳн мекунад.
ИМА ва Исроил ҳукумати Ҷумҳурии Исломиро хатари аслӣ дар Ховари Миёна медонанд, ки дар пайи сохтани силоҳи ҳастаӣ аст.