Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, рӯзи душанбе ба хабарнигорон гуфт, ки Эрон метавонад дар як шаб аз байн бурда шавад ва "он шаб метавонад ҳамин фардо бошад".
Ӯ бори дигар ба Ҷумҳурии Исломӣ таҳдид кард, ки агар то шоми сешанбе ба созиш розӣ нашавад, нерӯгоҳҳои барқӣ ва пулҳои Эронро бомбаборон мекунанд. Вақте хабарнигорон аз ӯ пурсиданд, ки оё соати 8-и рӯзи сешанбе мӯҳлати ниҳоӣ аст, ӯ “бале” гуфт.
Наворро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Доналд Трамп: "Эрон пешниҳод дод, вале нокофист"
Раисҷумҳури Амрико иброз дошт, ки Эрон барои хатми даргириҳо пешниҳод фиристодааст, аммо он ба хостаҳои Иёлоти Муттаҳида ҷавобгӯ нест: "Онҳо пешниҳод доданд ва ин як қадами ҷиддист. Ин гоми муҳим аст, вале нокофист."
Мақомоти Эрон рӯзи душанбе гуфтанд, ки хоҳони поёни доимии ҷанг бо Амрикову Исроил ҳастанд, вале ба фишорҳо барои боз кардани гулӯгоҳи Ҳурмуз тан намедиҳанд.
Пит Ҳегсет, вазири дифоъ ё ҷанги Амрико дар нишасти хабарӣ гуфт, рӯзи сешанбе зарбаҳо ба Эрон боз ҳам сахттар хоҳанд шуд: "Тибқи дастури раиси ҷумҳур, имрӯз миқёси ҳамлаҳо бесобиқа хоҳад буд. Фардо бештар. Эрон бояд оқилона интихоб кунад, зеро ин раиси ҷумҳур шӯхӣ намекунад".
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Эрон оташбаси муваққатиро рад кард ва хостори поёни доимии ҷанг шудМунтақидони Трамп мегӯянд, ҳамла ба иншооти ғайринизомии энержӣ метавонад, "ҷинояти ҷангӣ" арзёбӣ шавад. Аммо Трамп гуфт, ҷинояти воқеӣ дастёбии Эрон ба силоҳи ҳастаӣ мебошад.
Доналд Трамп ҳамчунин аз наҷоти халабони амрикоӣ, ки ҳавопаймои онҳо дар Эрон суқут кард, суҳбат кард. Ба гуфтаи ӯ, халабон бо вуҷуди захмҳои амиқ дар дохили кӯҳ, тавонистааст бо нерӯҳои амрикоӣ тамос бигирад ва макони худро хабар диҳад.
Ҷон Рэтклифф, мудири Хадамоти ҷосусии Амрико, гуфт, ин ниҳод бо як "амалиёти фиребанда" низомиёни эрониро, ки дар ҷустуҷӯи халабон буданд, гумроҳ кард: “Субҳи шанбе тавонистем тасдиқ кунем, ки яке аз шуҷоътарин сарбозони мо дар байни кӯҳ пинҳон шудааст ва барои душман ноаён мондааст.”
Дар фарҷоми суҳбат Доналд Трамп бо изҳори норизоятӣ аз ифшои хабари наҷоти халабон дар расонаҳо гуфт, агар хабарнигори ифшокунандаи ин маълумот манбаи худро нагӯяд, ӯро зиндон интизор аст.