Доналд Трамп: "Эрон бо Амрико "гуфтугӯ дорад ва ҷиддӣ"

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико борҳо ба Эрон ҳушдор додааст.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико гуфт, пас аз таҳдидҳои ӯ ба иқдоми низомӣ ва дар пасманзари ирсоли як “сипоҳ”-и" Амрико ба Ховари Миёна, Эрон бо Иёлоти Муттаҳида "ҷиддӣ гуфтугӯ дорад".

Ӯ рӯзи 31-уми январ дар мусоҳиба бо шабакаи "Fox News" гуфт: "Теҳрон бо мо суҳбат дорад ва мебинем, ки оё метавонем, коре кунем ё на. Дар ғайри ин сурат, хоҳем дид, ки чӣ мешавад... Мо як сипоҳи бузурге дорем, ки ба он ҷо меравад. Онҳо машғули музокира ҳастанд."

Баъдан ӯ дар дохили ҳавопаймои президентӣ ба хабарнигорон гуфт: "Онҳо бо мо суҳбат мекунанд — суҳбати ҷиддӣ." Маълум нест, ки ин гуфтугӯҳо таҳти кадом шароит ва чӣ гуна сурат мегиранд.

Трамп ҳамчунин гуфт, ҳукумати Амрико ба сабабҳои амниятӣ, муттаҳидони нигарони худро дар минтақа дар ҷараёни ҳамлаҳои эҳтимолӣ нагузоштааст.

Ӯ гуфт: "Мо наметавонем, ба онҳо гӯем. Агар ман ба онҳо мегуфтам, ин тақрибан ҳамон қадар бад мешуд, ки барномаро ба шумо (расонаҳо) гӯям. Дар асл, ин метавонист бадтар ҳам бошад."

Трамп дар ҳоле алайҳи ҳокимони худкомаи Эрон мавқеи сахт гирифтааст, ки саркӯби эътирозгарони зиддиҳукуматӣ дар Теҳрон ва шаҳрҳои дигари кишвар идома дорад.

Доналд Трамп рӯзи 29-уми январ гуфт, ки Эрон бояд барномаи ҳастаии худро мутаваққиф ва "куштани эътирозгарон"-ро бас кунад ва иддао кард, ки ин талабот ба мақомоти Эрон расонида шудаанд.

Сипоҳи азим дар Халиҷи Форс?

Ду рӯз пеш аз ин, раиси ҷумҳури Амрико эълон кард, ки як "сипоҳи азим" ба сӯи Эрон дар ҳоли ҳаракат аст ва ҳушдор дод, ки дар сурати зарурат ин неруҳо метавонанд «босуръат ва сахт» амал кунанд. Ҳамзамон ӯ изҳори умедворӣ кард, ки як "созиши одилона" ҳосил мешавад, ки Эронро бидуни силоҳи ҳастаӣ мегузорад.

Неруҳои низомии Амрико як гурӯҳи зарбазани баҳриро бо раҳбарии киштии ҳавопаймобари "USS Abraham Lincoln" дар наздикии соҳилҳои Эрон ҷойгир кардаанд.

Бинобар сабаби қатъи интернет дар Эрон, муайян кардани шумораи дақиқи эътирозгароне, ки дар ҷараёни тазоҳуроти оммавӣ кушта шудаанд, душвор аст.

Созмони ҳуқуқи башари HRANA, ки қароргоҳаш дар Амрико аст ва Радиои Озодӣ аз оғози саркӯбҳои хунин пайваста ба омори он такя мекунад, мегӯяд, шумори тасдиқшудаи кушташудагон бо шумули неруҳои амниятӣ ҳоло ба 6563 нафар расидааст. Дар ҳамин ҳол, шумораи фавтидагоне, ки ҳанӯз таҳти таҳқиқ қарор доранд, 17 091 нафарро ташкил медиҳад. Беш аз 49 000 нафар боздошт шудаанд.

Бархе аз мақомоти расмӣ, дар суҳбатҳои бидуни зикри ном бо расонаҳо шумори кушташудагонро чанд баробар бештар тахмин задаанд.

Эрон аз рӯзи 28-уми декабри соли 2025 инҷониб аз замони оғози эътирозҳои осоишта бо талаби ҷилавгирӣ аз таварруми зиёд ва суқути қурби пули миллии кишвар ноором аст.

Тазоҳурот, ки дар Теҳрон оғоз ёфт, дар саросари кишвар паҳн шуд ва ба як ҳаракати густурдаи зидди низом табдил ёфт. Посухи мақомот ҳам саркӯби сахт ва маргбори тазоҳургарон буд, ки хашми ҷаҳониёнро барангехт.

Дар солҳои охир таҳримҳои молии Ғарб ба иқтисоди Эрон зарари ҷиддӣ расониданд, ки ин гоҳ-гоҳ дар пасманзари болоравии нархҳо ва камбуди молу колои ниёзи аввал ва маводи сӯхт боиси тазоҳурот мешуд.

Нооромиҳои кунунӣ аз замони инқилоби исломӣ дар соли 1979 бузургтарин чолиш барои низоми рӯҳониёни ҳоким дар Эрон дониста мешавад.

Эрон дар соли 2015 бо қудратҳои ҷаҳонӣ созиши таърихие имзо карда буд, ки ҳадафаш ҷилавгирӣ аз дастёбии ин кишвар ба силоҳи ҳастаӣ ва дар ивази сабук кардани таҳримҳои иқтисодӣ буд.

Аммо Трамп дар давраи аввали раёсати худ дар соли 2018 Иёлоти Муттаҳидаро аз ин созиш берун кард ва таҳримҳои фалаҷкунандаро алайҳи Теҳрон дубора баргардонд. Эрон низ дар посух аз иҷрои чанде аз ӯҳдадориҳои худ даст кашид.

Эрон дар посух ба бомбборони иншооти асосии ҳастаии худ дар Форду, Исфаҳон ва Натанз аз сӯи Амрико ва Исроил дар моҳи июли соли 2025 ҳамкориро бо Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ боздошт.

Доналд Трамп рӯзи 28-уми январ дар як паём дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт: "Умедворам, ки Эрон зуд ба сари мизи музокирот меояд ва дар мавриди як созиши одилона ва баробар, БИДУНИ СИЛОҲИ ҲАСТАӢ, тавофуқ мекунад, ки барои ҳама тарафҳо хуб бошад. Вақт кам мондааст, ин воқеан муҳим аст! Тавре ки қаблан ба Эрон гуфта будам, СОЗИШ КУНЕД! Онҳо накарданд ва амалиёти «Чакуши нисфишабӣ» сурат гирифт, ки боиси харобии зиёд дар Эрон шуд. Ҳамлаи навбатӣ бадтар хоҳад буд!"

Хати сурхи Эрон

Аббос Ароқчӣ, вазири умури хориҷии Эрон барои азсаргирии музокироти ҳастаӣ бо Вашингтон изҳори омодагӣ кард, ҳарчанд Теҳрон гуфтааст, ки барномаи мушакӣ ва тавоноии дифоии худ як "хати сурх" барои Эрон аст.

Аббос Ироқчӣ рӯзи 30-юми январ дар Истанбул гуфт, ки Теҳрон омода аст ба музокирот бо Вашингтон баргардад, агар ин гуфтугӯҳо "одилона ва баробар" сурат гиранд.

Ароқчӣ дар як нишасти хабарӣ гуфт, Эрон барои иқдомҳои "эътимодсозӣ" дар робита ба барномаи ҳастаии худ омода аст, аммо таъкид кард, ки тавоноии низомии Эрон қобили музокира нест.

Ӯ афзуд: "Тавоноии дифоӣ ва мушакҳои Эрон ҳеч гоҳ мавзӯи ягон музокира нахоҳанд буд." Айни замон ба қавли Ароқчӣ, дар ҳоли ҳозир ягон музокираи мустақим байни Теҳрон ва Вашингтон ба нақша гирифта нашудааст, ки ин суханон зоҳиран бо изҳороти Трамп дар бораи "музокирот" мухолифат мекунанд.

Дафтари раёсати ҷумҳурии Эрон гуфт, Масъуди Пизишкиён, президенти кишвар ба Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия гуфтааст, ки ҳар гуна музокираи муваффақ ба даст кашидан аз "ҷангҷӯӣ ва иқдомҳои таҳдидомез дар минтақа" вобаста хоҳад буд.

Баъдан дафтари раёсати ҷумҳурӣ хабар дод, ки Пизишкиён дар як тамоси телефонӣ ба Абдулфаттоҳ Сисӣ, раиси ҷумҳури Миср гуфтааст, Эрон "ҳеч гоҳ ба дунболи ҷанг набуда ва нест ва комилан бовар дорад, ки ҷанг на ба нафъи Эрон, на Амрико ва на минтақа аст."

Алӣ Лориҷонӣ, дабири Шӯрои амнияти миллии Эрон гуфт, ки "бархилофи сару садоҳои ҷанги бофтаи расонаҳо, омодагии сохторӣ барои музокирот дар ҳоли пешрафт аст."

Лориҷонӣ ин суханонро рӯзи 31-уми январ, як рӯз пас аз гуфтугӯ бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар Маскав баён дошт.