Домоди раисҷумҳур будан дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, роҳро ба таъсиргузорӣ дар сиёсат, назорат ба бахшҳои муҳими иқтисод ва ҳатто дахлнопазирӣ (масуният) боз мекунад. Аммо азбаски ин ҷойгоҳ бештар аз шахсияти хусур ё падари ҳамсар вобаста аст, чандон устувор нест. Таҷрибаи беш аз се даҳаи охир дар кишварҳои минтақа баёнгари он аст, ки агар хонаводаи раисҷумҳур домодро "чап" гиранд ё ҳукумат иваз шавад, онҳо дороӣ ва нуфузи худро аз даст хоҳанд дод.
ТОҶИКИСТОН
Эмомалӣ Раҳмон, ки қариб 35 сол боз бидуни танаффус Тоҷикистонро раҳбарӣ мекунад, соҳиби ду писар ва ҳафт духтар аст. Бино ба гузориши расонаҳои мустақил ва мухолифи ҳукумат, аъзои хонаводаи ӯ, аз ҷумла домодҳояш, тиҷоратҳои сердаромадро зери назорат доранд.
Ба гуфтаи Муҳаммадҷон Кабиров, бунёдгузори телевизиони “Аздо” дар Лаҳистон (Полша), барои ҷомеаи Тоҷикистон бештар фаъолияти чаҳор домоди раисҷумҳур ошкор аст.
"Маҳмадзоир Соҳибов, шавҳари Фирӯза, духтари калонии раисҷумҳури Тоҷикистон, дар тиҷорати калон нуфуз дорад. Ҷамолиддин Нуралиев, шавҳари Озода, духтари дувум, солҳои зиёд муовини раиси Бонки Миллӣ буд. Инчунин, ширкати офшории Innovative Road Solutions ба ӯ нисбат дода мешавад. Ин ширкат роҳи пулакии байни Душанбе ва шимоли Тоҷикистонро идора мекунад, ки бо пули буҷа ва қарзи Чин сохта шудааст," -- мегӯяд Кабиров.
Ҷамолиддин Нуралиев дар гузашта ин иддао ва ҳамчунин ба ӯ рабт доштани "Спитаменбонк"-ро рад кардааст. Вай соли 2022 аз мақоми худ дар Бонки Миллӣ маҳрум карда шуд. Дар бораи ҷойи нави кори ӯ ҳеч иттилоъ нашр нашуд ва худаш ҳам дар фазои умумӣ дида намешавад. Ҳамсари ӯ, Озода Раҳмон, ҳамоно раҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон аст.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, бо ҳамсар ва чанде аз духтаронаш. Акс аз бойгонӣ
"Шамсулло Соҳибов, шавҳари Рухшона, духтари президенти Тоҷикистон, солҳои зиёд намояндаи тиҷоратӣ дар Бритониё буд. Рухшона Эмомалӣ ҳоло сафири Тоҷикистон дар ҳамин кишвар аст. Соҳибов, инчунин, тавассути ширкати бисёрсоҳаи “Фароз” бахшҳое аз иқтисодро назорат мекунад. Барои мисол, низоми додани шаҳодатномаи ронандагӣ дар Тоҷикистон тавассути ширкатҳои вобаста аз “Фароз” амал мекунад. Ба наздикӣ онҳо пардохти ҳатмии утилизиатсияи мошинҳоро низ ҷорӣ карданд. Ҳангоми харидани мошин аз хориҷа, ғайр аз боҷи гумрукӣ, маблағи зиёди дигар ҳам бояд пардохта шавад," – идома дод Муҳаммадҷон Кабиров.
Чанд сол пеш ва баъди танқидҳои зиёд, ширкати "Фароз" эълон карда буд, ки фаъолияташро қатъ кардааст, аммо дертар таҳқиқ нишон дод, ки ин ширкат бо номҳои дигар тиҷоратҳои сердаромадро дар Тоҷикистон дар даст дорад.
Ашраф Гулов, шавҳари Парвина, духтари дигари Эмомалӣ Раҳмон, дар бахши хидмати давлатӣ фаъол аст: сафири Тоҷикистон дар Имороти Муттаҳидаи Араб. Кабиров мегӯяд: "Ӯ фаъолияти худро дар Вазорати иқтисод оғоз кард, сипас консули Тоҷикистон дар Русия шуд. Сафир дар Туркия буд ва тақрибан ду сол пеш сафир дар Имороти Муттаҳидаи Араб таъйин гардид. Дар таҳқиқоти муштараки телевизиони "Аздо" бо OCCRP (Маркази пажӯҳиши фасод ва ҷиноятҳои созмонёфта) ду сол пеш маълум шуд, ки Гулов, дар ҳоле ки корманди давлатӣ аст, барои писари 9-солааш дар Дубай ба 1,3 миллион доллар манзили гаронарзиш харидааст."
Номи Ашраф Гулов, ки писари вазири собиқи энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ аст, соли 2023 низ дар расонаҳо матраҳ шуда буд. Он вақт бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар ҷараёни як таҳқиқот маълум кард, ки ҳамсари ӯ, Парвина Раҳмонова, аз бунёдгузорони ширкати "Сифат саноат" аст. Ин ширкат бо дӯхтани либосҳои пизишкӣ ва низомӣ машғул буда, аз ҳисоби қарордодҳои чандмиллиондолларии давлатӣ ба яке аз бозигарони асосии бахши тандурустии кишвар табдил ёфтааст.
Раисҷумҳури Тоҷикистон бо пайвандонаш
Дар бораи домодҳои дигари президент маълумоти пароканда ҷой доранд. Зарина Раҳмон, духтари президенти Тоҷикистон ва муовини аввали раиси "Ориёнбонк”, соли 2014 бо Рамз Зуҳуров, писари Бег Сабур, раиси пешини Хадамоти алоқа, издивоҷ кардааст. Дар бораи онҳо маълумоти зиёде дастрас нест. "Писару духтар якдигарро писандида, оиладор шуданд," - гуфта буд Бег Сабур соли 2019 ба Радиои Озодӣ.
Қаблан хабари издивоҷи Фарзонаи Эмомалӣ, духтари хурдии раисҷумҳур, бо писари Юсуф Раҳмон, додситони кулли собиқ, расонаӣ гашта буд. Аммо дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ, ки Фарзонаи Эмомалӣ дар онҷо кор мекунад, моҳи августи соли 2025 ӯро "соҳиби як фарзанд, аммо феълан муҷаррад" муаррифӣ кард.
Муҳаммадҷон Кабиров
Муҳаммадҷон Кабиров мегӯяд, "домодҳо тамоми тиҷоратро байни худ тақсим кардаанд. Ғаллаву шакар дар дасти яке, орду сӯзишворӣ дар ихтиёри дигаре. Ҳама чиз тақсим шудааст. Рақобат як чиз аст, тақсим кардани тиҷорат чизи дигар. Ғайр аз ин, монополияи содироту воридоти молҳо низ вуҷуд дорад. Аслан домодҳо ин равандҳоро назорат мекунанд. Дар кишвар на нафту газ ҳаст ва на захираҳои дигари бузург, аммо пайваста пардохтҳои нав ихтироъ мешаванд."
Кабиров афзуд, Эмомалӣ Раҳмон дар ибтидои раёсати ҷумҳурии худ ба мардуми Тоҷикистон ваъда дода буд, ки хешовандонашро ба қудрат роҳ нахоҳад дод, "аммо пас аз се даҳсола, президент ва оилаи калони ӯ иқтисоди кишварро инҳисор (монополия) кардаанд."
УЗБЕКИСТОН
Домоди президентҳо дар Узбекистон маъмулан мақомҳои бонуфузро соҳиб шуда, дороиҳои бузургро дар ихтиёр доранд. Ин раванд ҳам дар давраи ҳукуматдории президенти аввал Ислом Каримов ва ҳам дар замони раисҷумҳури кунунӣ Шавкат Мирзиёев мушоҳида шудааст.
Инро ҳам бинед:
Ғуруби хонаводаи Ислом КаримовШавҳари Гулнора ва Лола, духтарони Ислом Каримов, танҳо ба тиҷорати калон машғул буданд ва худро аз сиёсат ва хидмати давлатӣ дур нигоҳ медоштанд. Мансур Мақсудӣ, ҳамсари Гулнора Каримова, шаҳрванди Иёлоти Муттаҳида, соҳибкор ва хатмкардаи Донишгоҳи Ҳарвард буд. Ӯ пас аз издивоҷ бо духтари калонии президенти Узбекистон дар соли 1991 саҳмдори асосии корхонаи муштараки "Coca-Cola Uzbekistan" шуд ва ҳамчунин дар бахшҳои тиҷорат ва мухобирот кор мекард.
Оилаи Гулнора Каримова ва Мансур Мақсудӣ соли 2001 пош хӯрд. Ин ҳодиса боис ба моҷарои тӯлонии байнулмилалӣ ва баҳсҳои додгоҳӣ дар Амрико дар мавриди парастории фарзандон гардид. Дар Узбекистон домоди собиқи президентро ба пинҳон кардани молиёт ё андоз, қаллобӣ, гирифтани ришва ва пулшӯйӣ муттаҳам карданд. Тиҷоратҳои ӯ миллӣ карда шуданд ё ба дасти дигарон гузаштанд. Хонаводаи Мақсудӣ маҷбур шуд, ки аз Узбекистон равад.
Домод дар посух мақомоти Тошкандро ба фишор ва таъқиб айбдор кард. Аз он вақт то ҳоло Мақсудӣ дар Иёлоти Муттаҳида зиндагӣ мекунад. Пас аз марги Каримов ва зиндонӣ шудани духтараш Гулнора, ӯ дар суҳбат бо расонаҳои Швейтсария Der Bund ва Tages-Anzeiger гуфтааст, мехоҳад ҳамроҳи бародараш Фарид аз 800 миллион франке, ки соли 2012 дар доираи парвандаи пулшӯии ҳамсари собиқаш дар Швейтсария мусодира шуда буд, 100 миллион франк биситонад.
Ба гуфтаи Мақсудӣ, ин пул ҷуброни амволест, ки ғайриқонунӣ аз ӯ дар Узбекистон гирифта шудааст. То имрӯз дар манбаъҳои боз ягон иттилои расмӣ дар бораи қонеъ шудани талаботи домоди собиқи Ислом Каримов аз тарафи додгоҳҳои Швейтсария ё интиқоли бахше аз маблағи мусодирашуда ба ӯ вуҷуд надорад.
Мансур Мақсудӣ (дувум аз тарафи чап) ва Фарид Мақсудӣ (нафари аввал аз рост)
Тимур Тиллоев, домоди дигари Ислом Каримов ва ҳамсари Лола Каримова, дар замони зинда будани хусураш бозори бузурги "Абу Сахи"-ро назорат мекард. Ин ҷуфт ҳанӯз дар солҳои 2000-ум ба хориҷа кӯчида, дар Амрико, Фаронса, Швейтсария ва Имороти Муттаҳидаи Араб зиндагӣ мекарданд. Лола Каримова ва Тимур Тиллоев борҳо "қаҳрамон"-и таҳқиқоти байнулмилалӣ ва расонаҳои ғарбӣ гаштаанд. Сабаб моликияти гаронбаҳои онҳо дар Амрико ва Аврупо буд. Рӯзноманигорон шаффоф набудани сарчашмаи садҳо миллион доллареро, ки барои хариди ин амвол сарф мешуд, ба баҳс мекашиданд.
Тиллоев пас аз марги Каримов дар соли 2016, фаъолияти худро дар дохили Узбекистон бас кард. Бозори "Абу Сахи"-ро ҳам фурӯхт. Ҳоло ӯ домоди собиқ аст. Лола Каримова моҳи июн хабар дод, ки баъди беш аз 27 сол зиндагии муштарак онҳо аз ҳам ҷудо шуданд.
Алишер Илҳомов
Ба назари сиёсатшинос Алишер Илҳомов, мудири Маркази Central Asia Due Diligence дар Лондон, агар дар замони Ислом Каримов хешовандонаш, аз ҷумла домодҳо, танҳо ҷараёнҳои молиро назорат мекарданд ва дар сохтори ҳукумат ҷойгоҳ надоштанд, Шавкат Мирзиёев модели дигареро нишон дод. Ба гуфтаи ӯ, домодҳои президенти ҳозира ҳам дар хидмати давлатӣ ва ҳам дар тиҷорат фаъоланд.
"Аз нигоҳи фасод ва ҳузури хонаводаи президент дар тиҷорат, аз замони Ислом Каримов то имрӯз дар Узбекистон тағйири ҷиддие рух надодааст. Танҳо шакли он дигар шудааст. Намудҳои шадиди фасод, мисли ситондани ришваҳои чандмиллиондолларӣ аз ширкатҳои хориҷӣ камтар шудаанд, вале бархӯрди манфиатҳо, хешутаборбозӣ ва непотизм кам нашудаанд," – шарҳ дод ӯ.
Дар солҳои аввали президентии Мирзиёев баъзе аз расонаҳои мустақил навиштанд, ки Ойбек Турсунов, ҳамсари духтари калонии президент, муовини аввали раҳбари маъмурияти президент буд. Аммо дар фармонҳои расмӣ ва вебсайти маъмурияти президент номаш дар рӯйхати роҳбарият вуҷуд надошт. Ҳамсари ӯ, Саида Мирзиёева, тобистони соли 2025 раҳбари маъмурияти падараш шуд.
Турсунов маъмулан аз таваҷҷуҳи ҷомеа дурӣ меҷӯяд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифа надорад ва қариб ҳеч гоҳ изҳорот намедиҳад. Номи ӯ дар таҳқиқоти марбут ба тақсими дороиҳои калони давлатӣ, бахши бонкдорӣ ва амволи ғайриманқул зикр шудааст. Бахши узбекии Радиои Озодӣ мегӯяд, баъди ба қудрат расидани хусураш, Ойбек Турсунов дастикам нӯҳ ширкат таъсис дода, қитъаҳои заминро дар Тошканд ва минтақаҳои дигар дар ихтиёри худ гирифтааст. Яке аз муҳимтарин дороиҳои ӯ "Капиталбонк" буд, вале охири соли 2022 назоратро бар он аз даст дод.
Чанде пеш маълум шуд, ки домоди калонии президенти Узбекистон қароргоҳи асосии ширкати мобилии Perfectum-ро дар ноҳияи Мирободи Тошканд мехарад, ки аз минтақаҳои тиҷоратӣ ба ҳисоб меравад. Чор бино бо масоҳати беш аз 10 ҳазор метри мураббаъ ва қитъаи замини 0,7-гектарӣ барои ӯ 98,37 миллиард суми узбекӣ ё тақрибан 8,2 миллион доллари Амрико арзиш хоҳад дошт. Ҳар метри мураббаъ – 529 доллар. Чизе, ки ба иттилои баъзе аз ширкатҳои хариду фурӯши манзил дар Узбекистон "аз нархи бозор поинтар аст".
Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбекистон бо пайвандонаш
Ба назари Алишер Илҳомов, соҳиб шудани домоди президент ба дороиҳои бузург масъалаҳои бархӯрди манфиатҳо ва непотизмро дар сатҳи олӣ матраҳ мекунад: "Манзара бисёр ҷолиб аст. Дар назари аввал духтарони Мирзиёев, бар хилофи духтарони Ислом Каримов, камтар дар соҳиб шудани дороиҳо мушоҳида шудаанд. Аммо дар бораи ҳамсарони онҳо чунин гуфтан намешавад. Матолиби матбуот ва таҳқиқоти рӯзноманигорӣ пур аз далелҳое ҳастанд, ки нишон медиҳанд ин домодҳо дороиҳои азими тиҷоратиро назорат мекунанд. Ин масъалаи бархӯрди доимии манфиатҳо ва хешутаборбозиро дар сатҳи баландтарин дар Узбекистон ба миён меорад. Дар акси ҳол шарҳи сарчашмаи ин ҳама сарвати бузурги хонаводаи президент душвор аст."
Фаъолияти Ойбек Турсунов ва манбаи сармояи ӯ аз ҷониби мақомоти давлатӣ санҷида нахоҳад шуд. Вай чанде пеш масуният ё дахлнопазирӣ гирифт. Ин мақомро на ҳамчун домоди президент, балки ҳамчун шавҳари Саида Мирзиёева, раҳбари маъмурияти президент, соҳиб шуд.
Отабек Умаров, домоди дигари президенти Узбекистон ва ҳамсари духтари хурдии ӯ, Шаҳноза, аз оғоз роҳи ҳузури фаъолро дар фазои умумӣ интихоб кард. Муддати дароз дар Инстаграм саҳифа дошт ва худро ҳамчун шахсияти мустақили шинохташуда муаррифӣ мекард.
Аз моҳи январи соли 2018 то ноябри соли 2024 муовини раҳбари Хадамоти давлатии амнияти раисҷумҳури Узбекистон буд. Ҳамзамон бо хидмати давлатӣ, ӯ раиси Федератсияи триатлон, роҳбари Конфедератсияи ММА-и Осиёи Марказӣ буд ва сипас муовини раиси Шӯрои олимпии Осиё ва муовини аввали раиси Кумитаи миллии олимпии Узбекистон шуд.
Инро ҳам бинед:
Шиносномаи арабӣ ва дороиҳо дар Дубай. Домоди Шавкат Мирзиёев дар хидмати кист?Номи Отабек Умаров солҳои охир пайваста дар таҳқиқоти байнулмилалии рӯзноманигорӣ дар бораи фасод, дороиҳои пинҳонӣ ва суистифода аз ваколатҳо садо медиҳад. Дар моҳи октябри имсол таҳқиқоти муштараки Маркази таҳқиқи фасод ва ҷинояткории муташаккил (OCCRP) ва бахши узбекии Радиои Озодӣ ошкор кард, ки Отабек Умаров моҳи апрели соли 2023 ҳангоми фаъолият дар хадамоти амнияти хусураш пинҳонӣ шаҳрвандии Имороти Муттаҳидаи Арабро гирифтааст. Гирифтани шиносномаи хориҷӣ аз ҷониби як афсари баландрутбаи хадамоти махсус поймоли ҷиддии қонунгузории Узбекистон ва савганди ҳарбӣ дониста мешавад.
Ба ҷуз ин, тибқи маълумоти фошшуда, Умаров аввали соли 2025 дар Дубай ба тақрибан 7 миллион доллар 13 манзили боҳашамат харидааст. Номи Умаров охири соли 2024 дар маркази як моҷарои дигари бузурги сиёсӣ қарор гирифт, ки пас аз суиқасд ба Комил Алламҷонов, сухангӯйи собиқи раисҷумҳури Узбекистон, боис ба поксозиҳои густардаи кадрӣ дар ниҳодҳои қудратии кишвар шуд.
ҚАЗОҚИСТОН
Дар замони ҳукуматдории Нурсултон Назарбоев, раисҷмуҳури пешини Қазоқистон, домодҳо дар сиёсат, тиҷорат ва хадамоти вижа ҷойгоҳҳои муҳимро ишғол мекарданд. Роҳат Алиев, шавҳари собиқи Дариға, духтари Нурсултон Назарбоев, дар солҳои 1990 ва аввали солҳои 2000 домоди маъруфтарин ва пурнуфузтарин на танҳо дар Қазоқистон, балки дар тамоми Осиёи Марказӣ буд.
Алиев дар авҷи қудрати худ дар Кумитаи амнияти миллӣ, пулиси андоз ва Вазорати корҳои хориҷӣ масъулиятҳои муҳим дошт. Вай ҳамроҳи ҳамсараш чанде аз телевизиону рӯзномаҳои Қазоқистонро назорат мекард. "Нурбонк" ва корхонаҳои истеҳсоли шакар низ зери назорати ӯ буданд. Хусураш ӯро соли 2007 "чап" гирифт. Ин воқеа тамоми зиндагии ӯро дигар кард ва ба фурӯпошии комили оила, фаъолияти сиёсӣ ва тиҷоратиаш овард.
Мақомоти Қазоқистон Роҳат Алиевро ба рабудани мудирони аршади "Нурбонк" муттаҳам карда, нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноӣ боз намуданд. Аммо худи Алиев мегуфт, сабаби аслии норозигии Назарбоев тасмими ӯ барои номзад шудан ба мақоми президент будааст. Дар пасманзари ин ихтилоф, Роҳат Алиев ба Аврупо гурехт, издивоҷаш барҳам хӯрд ва ӯ ба мухолифи Назарбоев табдил ёфт. Додгоҳи Қазоқистон ӯро дар набуданаш бо гумони кӯшиши табаддулот ва одамрабоӣ ба зиндон маҳкум кард. Ӯро соли 2015 дар боздоштгоҳи Вена мурда ёфтанд. Додситонии Австрия гуфт, Роҳат Алиев худкушӣ кардааст.
Нурсултон Назарбоев бо Роҳат Алиев
Ғайрат Шарифбоев, ки ӯро шавҳари дуюми Дариға меноманд, аз соли 2014 ширкати миллии QazaqGaz-ро роҳбарӣ мекард. Пас аз рӯйдодҳои моҳи январи соли 2022 дар Қазоқистон, ки нуфузи Нурсултон Назарбоевро суст карданд, Шарифбоев аз ширкат берун шуд.
Тимур Қулибоев, домоди дигари Назарбоев ва шавҳари Динора, муваффақтарин домод аз лиҳози молӣ на танҳо дар Қазоқистон, балки дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Тибқи арзёбии Forbes, дороии ӯ 5,4 миллиард долларро ташкил медиҳад. Ҳамсараш низ ҳамин қадар сарват дорад. Қулибоев дар замони раҳбарии хусураш ба шахси сарватманд табдил ёфт. Солҳои дароз бахши нафту гази кишварро назорат мекард, муовини аввали раиси ширкати миллии "ҚазМунайГаз" буд ва дар роҳбарияти Бунёди "Самрук-Хазина" ва Палатаи соҳибкорони "Атамекен" фаъолият дошт.
Ӯ ва ҳамсараш соҳиби "Халиқ Бонк", бузургтарин бонки кишвар ҳастанд. Пас аз моҳи январи хунин дар соли 2022, Қулибоев мисли дигар наздикони Назарбоев мақомҳои расмии худро аз даст дод, аммо яке аз сарватмандтарин шахсони кишвар монд.
Рӯзноманигори мустақили қазоқ Луқпон Аҳмадяров мегӯяд: "Дар ибтидои соли 2022 чунин маълумот паҳн шуд, ки баъд аз рӯйдодҳои январ аъзои хонаводаи Назарбоевро аз дороиҳояшон маҳрум месозанд ё маҷбур мекунанд қисме аз онҳоро ба номи дигарон гузаронанд. Аммо дар бораи Тимур Қулибоев ба назари ман ҳеч чиз тағйир накардааст. Ӯ ҳамоно баҳрабардори асосии “Халиқ Бонк” аст ва шабакаи густардаи ширкатҳояшро нигоҳ доштааст. Аз ин рӯ, вақте мегӯянд, ки Қулибоевро ҳам “хурдтар кардаанд”, бовар намекунам. То ҳол ягон санади боэътимоде надидаам, ки инро тасдиқ кунад. Ба назари ман, эҳтимол байни ӯ ва ҳокимияти нав як навъ мувофиқа вуҷуд дорад ва ӯ аҳди вафодорӣ додааст."
Тимур Қулибоев бо ҳамсараш Динора
Президенти ҳозираи Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев духтар надорад ва танҳо як писар дорад. Аммо Темиртай Избастин, шавҳари хоҳараш, солҳои зиёд дар низоми Вазорати корҳои хориҷӣ кор кардааст, аз ҷумла дар замоне ки худи Тоқаев роҳбарии ин ниҳодро бар уҳда дошт. Исбастин аз соли 2009 то 2022 сафири Қазоқистон дар Булғористон буд. Аммо пас аз ислоҳоте, ки Тоқаев соли 2022 дар посух ба талаботи ҷомеа барои мубориза бо непотизм эълон кард, ӯ аз вазифа озод шуд. Дар бораи фаъолияти минбаъдаи Избастин маълумоти дастрасе нест.
Аҳмадяров мегӯяд: "Агар дар замони Назарбоев ҳама чиз маълум ва ҳуҷҷатгузорӣ шуда буд, ҳоло вазъият каме дигар аст. Вақте Қосимҷомарт Тоқаев ба қудрат омад, яке аз паёмҳои асосии ӯ ин буд, ки ҳеч хешованд ё узви хонаводааш дар сохтори ҳукумат фаъолият нахоҳад кард. Аммо имрӯз мебинем, ки ҷиянаш дар порлумон ҳузур дорад ва баъзе равандҳои тиҷоратӣ бо иштироки дигар аъзои оила сурат мегиранд. Чаро мо дар бораи аъзои хонаводааш кам мешунавем? Шояд онҳоро бештар пул ва тиҷорат ҷалб мекунад, на мансаб. Тавре мегӯянд, пул хомӯширо дӯст медорад."
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Дипломатияи "духтарони президентҳо" дар Осиёи МарказӣТУРКМАНИСТОН
Сардор Бердимуҳамадов, раисҷумҳури ҳозираи Туркманистон, се духтару як писар дорад, аммо маълумот дар бораи онҳо ошкор нест. Дар расонаҳои мустақил бештар дар бораи шавҳарони хоҳарони ӯ, яъне домодҳои раҳбари пешини давлат Қурбонқулӣ Бердимуҳамадов маълумот пайдо мешавад.
Бердимуҳамедови калонӣ ҳарчанд аз президентӣ рафтааст, ҳамоно салоҳиятҳои зиёд дорад, раҳбари Халқ Маслаҳатӣ аст ва унвони "Арқадағ"-ро дорад. Ба ҷуз Сардор, ӯ ду духтар дорад: Оғулҷаҳон Отабоева ва Гулҷаҳон. То чанд сол пеш дар бораи онҳо иттилои бисёр кам вуҷуд дошт. Дар бораи Оғулҷаҳон танҳо маълум буд, ки бо шавҳараш Давлат Атабоев дар Лондон зиндагӣ мекард. Ӯ он замон мушовири сафорати Туркманистон дар Бритониё буд.
Давлат Отабоев баъд аз як тасодуфи роҳ дар Лондон соли 2019 дар расонаҳои мустақил маъруф шуд. Навори як блогер нишон медод, ки ӯ ҳангоми рондани мошин бо рақамҳои дипломатӣ аз телефон истифода мекунад, ки хилофи қонунҳои Бритониёст. Отабоев ба эроди блогер вокуниши тунде нишон дода буд. Баъдан Оғулҷаҳон ва шавҳараш ба Туркманистон баргаштанд.
Оғулҷаҳон Отабоева, духтари Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов
Духтари калонии Бердимуҳаммадов вазифаи муовини раиси як бунёди хайриявиро соҳиб шуд. Муассис ва сармуҳаррири Turkmen.news Руслан Мятиев мегӯяд, имрӯз Давлат Атабоев тарҳҳои бинокориро дар шаҳри нави Арқадағ назорат мекунад. Ӯ афзуд: "Вақте Оғулҷаҳон муовини раиси бунёди хайриявии ба номи падараш шуд, тибқи маълумоти мо Давлат низ ба Туркманистон баргашт. Ҳоло ӯ сохтмони бахши тиббиро дар шаҳри нави Арқадағ назорат мекунад. Албатта, ин ҳама ғайрирасмӣ аст ва касе намедонад ӯ воқеан чӣ кор мекунад. Бахши тиббӣ соҳаи сердаромад аст. Барои сохтмони шаҳр миллиардҳо маблағ ҷудо мешавад ва қарорҳоро шахсан Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов қабул мекунад. Ин на танҳо сарватандӯзӣ, балки намунаи равшани бархӯрди манфиатҳост. Аз дасти хусураш шартномаҳои азимеро мегирад."
Ба гуфтаи Мятиев, Гулҷаҳон, духтари дигари Бердимуҳаммадов, дар Дубай зиндагӣ мекунад ва ҳаёташро оммавӣ намекунад. Шавҳараш консули генералии Туркманистон дар Дубай аст. "Мо медонем, ки ӯ камбағал нест ва дар Дубай амволи гаронарзиш дорад. Ман сахт шубҳа дорам, ки ӯ танҳо бо масъалаҳои дипломатӣ машғул бошад. Ба эҳтимоли зиёд, вай барои ҳалли масъалаҳои вобаста ба амволи ғайриманқул, таъсиси ширкатҳо ва боз кардани ҳисобҳои бонкӣ амал мекунад. Вай манфиатҳои хонаводаро дар Дубай таъмин мекунад," -- мегӯяд Мятиев.
Тибқи таҳқиқоти расонаҳои мустақил ва мухолифи ҳукумати Туркманистон, Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов панҷ хоҳар дорад ва шавҳарони баъзе аз онҳо бахшҳои муҳими иқтисоди Туркманистонро монополия кардаанд. "Дар Туркманистон мардум бештар ба он таваҷҷуҳ доранд, ки кай нархи гӯшт поин меравад. Суолҳо дар бораи он ки кӣ домод аст ва кӣ нест, аксар мардумро аслан ба ташвиш намеоранд. Мардум мушкилоти дигар доранд: болоравии нархи хӯрокворӣ, дастнорас будани манзил ва норасоии чизҳои одитарин барои зиндагӣ. Барои ҳамин, аз фаъолияти домоди президент дар Дубай дида, бештар мушкилоти рӯзмарра онҳоро ба ташвиш меорад," – афзуд ӯ.
Оғулҷаҳон бо шавҳараш Давлат Отабоев барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар Лондон аз ҷониби як блогери бритониёӣ сабт ва сарзаниш шудаанд
ХУЛОСА
Таърихи беш аз сисолаи соҳибихтиёрии кишварҳои Осиёи Марказӣ нишон медиҳад, ки ниҳоди "домоди президент" ба як бахши муҳими сиёсату иқтисоди минтақа табдил ёфтааст. Хешутаборӣ бо раҳбари давлат роҳро ба сӯйи идораи бахшҳои калони иқтисод, назорати ҷараёнҳои молиявӣ ва соҳиб шудан ба мансабҳои баланд мекушояд. Издивоҷи муваффақ метавонад ба як навъ нардбони иҷтимоӣ табдил ёбад, ки инсонро то қуллаҳои баландтарини ҳокимият бирасонад. Аммо таҷрибаи Узбекистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Тоҷикистон нишон медиҳад, ки чунин мақом то замоне боқӣ мемонад, ки пуштибонии сиёсӣ ва хешовандӣ нигоҳ дошта шавад. Вақте ин такягоҳ аз байн рафт, аз даст додани нуфуз, дороӣ ва ҳатто озодӣ метавонад бисёр зуд рух диҳад.