Ҷасади ин сарбози нерӯҳои марзбониро баъди якуним моҳи бенишонӣ аз канори рӯди Панҷ, дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон, пайдо карданд.
Фирӯз Раҷабзода, додситони ҳарбӣ дар минтақаи Кӯлоб гуфт, ки наметавонад ҷузъиёти парвандаро шарҳ диҳад, чун тафтишот тоза оғоз шудааст.
Шоҳдил Ҷӯразода, 8-уми декабр аз дидбонгоҳи деҳаи Шоҳон нопадид шуд.
Фармондеҳон ва ҳамхидатонаш бар инанд, ки ӯ дар рӯди Панҷ ғарқ шудааст.
Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулода низ ба ҷустҷӯ ҳамроҳ гашт.
Баъди якуним моҳ пайкари сарбоз аз сӯи Афғонистон пайдо ва ба Тоҷикистон баргардонида шудааст.
Видеоро инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Додситонии ҳарбӣ фавти сарбоз дар марз бо Афғонистонро таҳқиқ мекунад
Содиқҷон Раҳмонзода, сардори Кумитаи Ҳолатҳои Фавқулода дар минтақаи Кӯлоб гуфт, соҳили рӯди Панҷро “аз дидбонгоҳи Шоҳон то Анҷироб кофтанд, вале ҷасадро аз он сӯи дарё пайдо кардаанд.”
Шоҳдил Ҷӯразода моҳи апрели соли 2025 аз деҳаи Баҳори ҷамоати Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент ба хидмат ҷалб шудааст.
Ӯ ҳашт моҳи хидматашро дар қисми марзбонии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, ҳамсарҳад бо Афғонистон, сипарӣ намуд.
Наздиконаш ба Радиои Озоӣ гуфтанд, ки пеш аз нопадидшавӣ бо бародараш суҳбат доштаанд ва шикояти ӯро аз сангинии хидмат шунидаанд.
Як манбаъ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, чанд нафар дар робита ба марги ӯ боздошт шудаанд, вале нагуфт, ки онҳо бо кадом иттиҳом айбдор мешаванд.
Додситони ҳарбии гарнизони Кӯлоб гуфт, ки баъди анҷоми тафтишот ин ҷузъиётро ошкор хоҳад кард.