Додхоҳии шаҳрванди Тоҷикистон аз Кумитаи Ҳуқуқи Башари Созмони Милал

Илҳомҷон Ёқубов ва падару модараш дар Аврупо зиндагӣ мекунанд.

Яке аз мухолифони ҳукумати Тоҷикистон ба чанде аз созмонҳои байналмилалӣ аз ҷумла Кумитаи Ҳуқуқи Башари Созмони Милал ба доди ӯ ва се узви хонаводааш, бирасанд.

Илҳомҷон Ёқубов, муовини раиси Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ дар муроҷиат ба кумитаи мазкур гуфтааст, ки ҳукумати Тоҷикистон ҳақу ҳуқуқи инсонии ӯ, падару модар ва хоҳарашро зери по кардааст ва умедвор аст, ки ин ниҳод дар барқарории адолат ва ҳимояти ҳуқуқи онҳо мусоидат мекунад.

Дар муроҷиати Илҳомҷон Ёқубов ба Кумитаи Ҳуқуқи Башари Созмони Милал омадааст, ки мақомоти додгоҳии Тоҷикистон, бахусус Додгоҳи шаҳри Хуҷанд дониста “ҳуқуқи ман ва аъзои хонаводаи ман, падарам, модарам ва хоҳарамро ҷиддан зери по кардаанд.”

Худи Илҳомҷон Ёқубов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, азбаски додгоҳҳои Тоҷикистон ба ҳеч дархосташ барои муҳокимаи одилона ҷавоб надоданд, маҷбур шуд ба ниҳодҳои байналмилалӣ муроҷиат кунад. Ӯ афзуд: «Ман дар номаи худ ба додгоҳи Хуҷанд бо далелҳои собит зери по кардани ҳуқуқи худам ва аъзои оилаам падар, модар ва хоҳарамро навиштам. Аз ҷумла, баррасии “парвандаи ҷиноятӣ” дар ғайби ман, бе огоҳии қонунӣ, бе иштироки мо ё намояндаи ҳуқуқӣ ва бо мусодираи моликиятро зикр кардам.»

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Эълони ҳукми як намояндаи мухолифон ва волидону хоҳараш дар Тоҷикистон. ВИДЕО

Илҳомҷон Ёқубов ҳамчунин гуфт, азбаски Додгоҳи шаҳри Хуҷанд ба муроҷиатҳояш посух надода, аз имкони ба зинаҳои болоӣ шикоятӣ бурдан маҳрум кардааст, муроҷиат ба Кумитаи Ҳуқуқи Башари Созмони Милал ва дигар додгоҳҳои байналмилалӣ ягона умедаш ба барқарории адолат аст.

Илҳомҷон Ёқубов дар муроҷиаташ ба ин ниҳод гуфтааст, ки ҳукумати Тоҷикистон бо ин рафтораш ӯву хонаводаашро аз ҳуқуқи мурофиаи одилона ва ширкат дар мурофиаҳои додгоҳӣ маҳрум кардаанд. Ба ҳаёти оилавӣ ва дахлнопазирии манзили онҳо ғайриқонунӣ дахолат шудааст ва ҳаққи онҳо дар баробарӣ дар назди қонун ва додгоҳ риоят нашудааст.

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд Илҳомҷон Ёқубов, падар модари ӯ хоҳараш Мунира Ҷӯраеваро моҳи декабри соли 2023 дар ғайбашон ва дар дар шоҳидии амаку чаҳор ҳамсоя ба тундгароии исломӣ гунаҳкор дониста, аз 5 то ба 14 соли зиндон маҳкум ва хонаҳояшонро ба нафъи давлат мусодира кард.

Илҳомҷон Ёқубов, ки раиси бахши Ҳизби наҳзат дар вилояти Суғд буд, пас аз ифротӣ ва ғайриқонунӣ эълон шудани ҳизб ва оғози таъқибу боздошт ва зиндонӣ кардани аъзои он дар соли 2015 Тоҷикистонро тарк кард ва соле баъд падару модари солхӯрдааш ва хоҳараш ҳам аз бими таъқиб аз кишвар берун рафта ба ӯ пайвастанд.

Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид дар гузашта чандин парванда аз Тоҷикистонро барои беэътиноӣ ба ҳуқуқи бунёдии шаҳрвандонаш баррасӣ карда ва ба ҳукумат тавсия додааст, ки адолатро барқарор ва ҷабрдидагон барои зери по кардани ҳуқуқи онҳо ҷуброн бипардозад. Азбаски иҷрои тавсияҳои созмон ҳатмӣ нест ва ҳукми иҷро надоранд, бисёре аз онҳо нодида гирифта шудаанд.