Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҲНИТ ҳукми як фаъолаш ва наздикони ӯро "худсарона" номид


Илҳомҷон Ёқубов бо падараш Дадоҷон Ёқубов
Илҳомҷон Ёқубов бо падараш Дадоҷон Ёқубов

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки фаъолияташ дар дохили кишвар манъ аст, мурофиа ва ҳукми ғоибонаи фаъоли мухолифон Илҳомҷон Ёқубов ва волидону хоҳарашро "худсарона", "сиёсӣ" ва "идомаи саркӯб" номид.

Радиои Озодӣ даҳуми январи имсол хабар дод, ки Додгоҳи шаҳри Хуҷанд Илҳомҷон Ёқубов, падараш Дадоҷон Ёқубов, модараш Очаҷон Ёқубова ва хоҳараш Мунира Ёқубоваро ҳанӯз моҳи декабри соли 2023 дар ғайбашон ба муҳлатҳои дароз маҳкум кардааст.

Илҳомҷон Ёқубов, раиси пешини дафтари Ҳизби ҳоло мамнӯи наҳзати исломӣ дар вилояти Суғд, беш аз ҳашт сол боз дар хориҷа қарор дорад. Волидонаш низ дар берун аз Тоҷикистон ҳастанд.

"Ин ҳукм муҷозоти дастаҷамъонаи як оила барои фаъолиятҳои сиёсии як нафар дар Тоҷикистон аст, ки мухолиф бо сарқонун ва қонунҳои байнулмиллалӣ мебошад," -- гуфта шудааст дар изҳороти ҲНИТ рӯзи 15-уми январ.

Масъулони ҳизб бовар доранд, ки "раҳбарияти кишвар додгоҳҳоро ба василаи саркуби дигарандешӣ ва таҳкими раванди худкомагӣ табдил додааст."

Мақомоти Тоҷикистон аз соли 2017 ба ин тараф парвандаи шахсони гумонбарро, ки дар хориҷа ҳастанд, дар ғайбашон баррасӣ мекунанд. Таҷрибае, ки дар Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон истифода мешавад.

Додгоҳи вилояти Хатлон Шамсиддин Саидов, яке аз собиқадорони ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро соли 2018 дар ғайбаш ба 15 сол зиндон маҳкум кард.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Паймони Миллӣ ва раҳбари Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, низ дар соли 2018 дар ғайбаш ба солҳои дарози зиндон маҳкум шуда, амволи вобаста ба ӯ мусодира гардидааст.

XS
SM
MD
LG