Австрия дархости истирдоди паноҳҷӯи тоҷикро рад кардааст

Нуриддин Ризоӣ то соли 2021 узви фаъоли Гурӯҳи 24, як созмони мухолифи давлати Тоҷикистон буд.

Додгоҳи Австрия дархости расмии мақомоти интизомии Тоҷикистон барои истирдоди Нуриддин Ризоӣ, яке аз мухолифони собиқи давлат ва паноҳҷӯи тоҷик дар он кишварро рад кардааст.

Ҳангоми баррасии дархост, ки рӯзи 9-уми сентябр дар шаҳри Вена сурат гирифтааст, додрас гуфтааст, сабабе барои ба Тоҷикистон фиристодан ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидани Нуриддин Ризоӣ дар ватанашро намебинад.

Дар дархости расмии мақомоти Тоҷикистон аз Австрия, ки Радиои Озодӣ низ онро дид, омадааст, ки ба зидди ӯ ҳанӯз 12 сол пеш ва дар моҳи декабри соли 2014 бо иттиҳоми “даъвати оммавӣ ба фаъолиятҳои экстремистӣ аз тариқи матбуот ва интернет” парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Ӯ, ки дар гузашта узви Гурӯҳи 24, яке аз созмонҳои мухолифи давлати Тоҷикистон буд, ба гуфтаи муфаттишони тоҷик “пайваста ба зидди низоми конститутсионии Тоҷикистон” таблиғот мебурдааст. Худи Нуриддин Ризоӣ, ки номи расмиаш Нуриддин Ғаниев аст, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки муҳокима фақат 15 дақиқа идома кард ва бо суолу ҷавоби кӯтоҳе байни ӯ ва додрас ба поён расид.

Нуриддин Ризоӣ афзуд: “Дар қисмати аввал маро бо парванда ва айбнома ошно карданд. Ва айбнома иборат аз 12 саҳифа буд, ки маълум буд ҳама гапҳои пучу холӣ, бидуни кадом асосу далел. Хуб, бо кадом айб? Узвият дар "Гурӯҳи 24" ва ҳамон моддаи машҳури 307, қисми 2. Додрас аз ман пурсид, ки чӣ гуфтанӣ дорӣ? Ман гуфтам, ки ин парванда сиёсӣ аст ва ба ҳеҷ гуна паҳлӯи ҷиноятӣ надорад. Гуфт, ки чӣ гуноҳ доред? Гуфтам, гуноҳам ҳамин аст, ки кишвари худро дӯст медорам ва мехоҳам кишвари худро озоду демократӣ, мисли Австрия, мисли дигар кишварҳои Аврупо бубинам. Бо ҳамин ҷаласа поён ёфт ва додрас гуфт, ки даъвои ҷониби Тоҷикистон манфӣ аст ва шумо истирдод нахоҳед шуд.»

Нуриддин Ризоӣ дар гузашта як узви фаъоли «Гурӯҳи 24» ва раҳбари шуъбаи равобити байналмиллалии ин созмон буд, вале ба қавли худаш соли 2021 аз ин масъулият даст кашид ва аз сиёсат дур шуд. Ӯ 11 сол боз аст, ки дар Австрия зиндагӣ мекунад ва ҳаққи паноҳандаи сиёсӣ гирифтааст.

“Гурӯҳи 24”, ки соли 2012 таъсис ёфт ва пайваста сиёсатҳои ҳукумати Тоҷикистонро танқид мекард, соли 2014 бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон созмони экстремистӣ ва мамнӯъ эълон шуд.

Дархости истирдод барои таскини дили худ?

Нуриддин Ризоӣ, ки сокини ноҳияи Рӯдакӣ буд, мегӯяд, худаш низ дар ҳайрат аст, ки чаро бо вуҷуди поён додан ба фаъолиятҳои сиёсӣ мақомот ҳамчунон мехоҳанд, ӯро дар радифи дигар мухолифони давлат ба Тоҷикистон бурда, ҷазо бидиҳанд.

Ӯ ба ин суол, ки бими онро дошт, ки додгоҳи Австрия ба нафъи мақомоти Тоҷикистон қароре содир кунад, чунин посух дод: "Хушбахтона, мо дар Аврупо қарор дорем, на дар Русияву Туркия. Агар он ҷо мебудем, кайҳо мисли дигар бародарону ҳамсафони мо дуздида мешудем."

Баъди мамнӯъ шудани фаъолияти «Гурӯҳи 24» даҳҳо нафар аз аъзои он дар Тоҷикистону Русия ва кишварҳои дигари пасошӯравӣ боздошту зиндонӣ шуданд. Дар идомаи талошҳо барои бозгардонидани мухолифони ҳукумати Тоҷикистон дар хориҷ, ки мақомот бисёре аз онҳоро ба ифротгароӣ муттаҳам мекунад, вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон соли гузашта бо фиристодани як нома аз мақомоти Австрия хостааст, 18 узви созмонҳои мухолифи ҳукуматро, ки дар ин кишвар ҳастанд, ба Душанбе бисупорад.

Ҳамаи онҳое, ки ба ифротгароӣ муттаҳам шудаанд, ин иттиҳомотро беасос хонда рад кардаанд. Аз ин пештар Додгоҳи Австрия дархости истирдоди Фирдавс Шукуров, узви ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро рад карда буд.

Моҳи августи имсол низ дархости Тоҷикистон барои истирдоди Шавкати Муҳаммад (Шавкатҷон Шарипов), сухангӯйи Паймони миллӣ, модари 76-сола ва ҳамсару бародарашро беасос дониста рад кард. Созмони Freedom House ё Хонаи Озодӣ соли 2021-ум 38 мавриди рабудан, озору азият ва таъқиби мухолифону мунтақидони ҳукумати Тоҷикистон дар хориҷро сабт кардааст.