Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шарофиддин Гадоев гуфт, мақомот модарашро дастгир кардаанд


Ойишамо Абдуллоева, модари Шарофиддин Гадоев. Акс аз бойгонӣ
Ойишамо Абдуллоева, модари Шарофиддин Гадоев. Акс аз бойгонӣ

Шарофиддин Гадоев, яке аз намояндагони мухолифони ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, мақомот модари пиронсоли ӯро боздошт карда бурданд ва дигар намедонанд, ки ӯ чӣ ҳол дорад. Шарҳи расмии қазия то ин дам дастрас нест.

Шарофиддин Гадоев 1-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, кормандони идораи амнияти ноҳияи Фархор субҳи имрӯз модари ӯ Ойишамо Абдуллоеваро аз хонаашон боздошт карда, бо худ бурданд.

"Дар вақти бурдани модарам кормандони амният бо хашм пурсидаанд, ки чаро писарат ҷаноби олиро диктатор гуфт, чаро ба мошини президент тухм задааст, ором гардад намешавад?"-афзуд Гадоев.

Мақомоти амнияти ноҳияи Фархор то ҳол боздошти Ойишамо Абдуллоеваи 72-соларо шарҳ надодаанд.

Чанд фаъоли дигари мухолифин ҳам аз боздошти наздиконашон дар Тоҷикистон хабар доданд. Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор, фаъоли "Гурӯҳи 24" ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти ноҳияи Рашт, падари 69-солаашро даъват карда, дигар раҳо накарданд. Абдуқаҳҳор Сайғозиев, падари Муҳаммадсобир қаблан дар мактаби деҳа омӯзгор кор мекарда ва ҳоло нафақахур будааст.

Муҳаммадсобир Абдуқаҳҳор ҳамчунин гуфт, субҳи имрӯз падари сухангӯи "Гурӯҳи 24" Ҷумъабой Носиров ҳам дар деҳаи Шуғли ноҳияи Рашт дастгир шудааст. "Аз ӯ дигар дарак нест,"-афзуд масъули "Гуруҳи 24".

Ҳамсуҳбати мо гуфт, Раҳматулло Ашӯров, бародари Ҳусейн Ашӯров, муовини раиси "Гурӯҳи 24" ҳам боздошт шуд.

Хабарҳо аз боздошти пайвандони мухолифини ҳукумат баъд аз он зиёд шуд, ки баъзе аз мухолифин дар ҷараёни сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Олмон намоишҳои эътирозӣ баргузор карданд. Намояндагони мухолифин алайҳи раиси ҷумҳури Тоҷикистон шиор дода, ба мошини нишастааш тухм ҳаво доданд.

Рӯзи 30-юми сентябр баъзе аз мухолифони ҳукумати Тоҷикистон гуфтанд, ки мақомот чанд узви оилаашонро дар кишвар боздошту бозпурсӣ кардаанд. Аз ҷумла "Гуруҳи 24", ки фаъолияташ дар Тоҷикистон манъ аст, дар изҳороте аз боздошти пайвандони баъзе аз аъзои гуруҳ дар дохили кишвар хабар дод.

Бино ба изҳороти созмон аз 30-юми сентябр, падари пиронсол ва шаш намояндаи дигари хонаводаи Дилшод Шарифов, аъзои хонаводаи Исмоил Маҳмадов, Ҷамшед Шарифов, падари Беҳрӯз Тағойзода ва чор узви хонаводаи Муҳаммадҷон Абдуллоев боздошт шудаанд.

Маълум нест, ки боздоштшудаҳо раҳо гаштаанд ё не. Талошҳои хабарнигорони Радиои Озодӣ барои гирифтани шарҳи мақомот то ин дам бенатиҷа буд.

XS
SM
MD
LG