Як мансабдори баландпояи вилояти Суғдро, ки ба қаллобӣ ва ҳам тасарруфи пули давлат муттаҳам мешуд, пас аз ҷуброни зиён ва пардохти ҷарима аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод кардаанд. Шерзод Ҳасанзода, раиси намояндагии Хадамоти иҷро дар вилояти Суғд моҳи феврал бо иттиҳоми "қаллобӣ", "баромадан аз ҳадди ваколати мансабӣ" ва "тасарруфи пулу мол" боздошт шуд.
Дар Додгоҳи вилояти Суғд рӯзи 21-уми май ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳукми Ҳасанзода моҳи гузашта содир шудааст ва ҳоло иҷрои амри додгоҳ идома дорад. Бар асоси ҳукми додгоҳ, Шерзод Ҳасанзода бояд бештар аз 140 ҳазор сомонӣ ҷарима пардозад. Ӯро ҳамчунин аз ҳаққи ишғоли ягон мақоми раҳбарӣ барои 5 сол маҳрум кардаанд. Назари худи ӯ ба ҳукм маълум нест ва бо вуҷуди дархости Радиои Озодӣ, нахост, масъаларо шарҳ диҳад.
Шерзод Ҳасанзодаро кормандони Оҷонси мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд моҳи феврали имсол ба ҷиноят муттаҳам карданд ва ду моҳ дар боздошт нигаҳ доштанд. Агарчӣ гуфтанд, ки ӯ ба қаллобӣ, баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва тасарруфи пулу мол муттаҳам мешавад, аммо ҷузъиёти онро шарҳ надоданд ва маълум нест, ӯ чӣ гуна қаллобӣ ва пулу моли киро тасарруф кардааст ва берун аз салоҳияташ чӣ коре анҷом додааст.
Шерзод Ҳасанзода тақрибан як сол пеш сардори раёсати Хадамоти иҷро дар вилояти Суғд таъйин шуда буд. Хадамоти иҷро дар Тоҷикистон, ҳашт сол пеш таъсис ёфт ва масъулияти он иҷрои қарору ҳукми додгоҳҳо аст.
Бори аввал нест, ки мансабдорон дар Тоҷикистон ба ҷиноят муттаҳам мешаванд. Қаллобӣ, сохтакории санадҳо, ё сӯистифода аз мақом, аз ҷумлаи иттиҳомоти маъмул алайҳи онҳост. То кунун бархе барои ингуна амалкардҳо боздошту зиндонӣ шудаанд, бархеи дигарро баъди пардохти ҷуброну ҷарима аз ҷавобгарии ҷиноӣ кардаанд.
Созмонҳои байналмилалӣ ва ҳомиёни ҳуқуқ Тоҷикистонро пайваста барои он танқид мекунанд, ки дар мубориза бо коррупсияву ришвахорӣ ва ҷиддӣ нестанд ва бештар бо боздошти мансабдорони зинаи поёнӣ ё омӯзгорону пизишкони камбизоат вонамуд мекунанд, ки бо ин зуҳуроти хатарнок барои ҷомеа мубориза мебаранд.