Дилрабо Самадова: Донишҷӯён рӯҳан ба хидмат дар артиш омода нестанд

Дилрабо Самадова, раҳбари Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ

Дилрабо Самадова, раҳбари Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ мегӯяд, ҳодисаҳои мудҳиши марги сарбозон дар артиш бояд ҳамаҷониба тафтиш шаванд ва шаффофияти ин тафтишот барои ҷомеа ва матбуот бояд таъмин карда шавад.  

Марги пурсарусадои се сарбоз дар моҳи апрел дар авҷи маъракаи даъват ба артиш бисёриҳоро дар Тоҷикистон таконзада кард, чун то ҳол маҳз хушунат ва бадрафториву марги сарбозон дар қисмҳои низомӣ як мояи ҷиддии дилсардии ҷавонон аз хидмат гуфта мешавад.

Мақомот гуфтанд, сабаби марги онҳоро таҳқиқ мекунанд ва Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи рӯзи 4 май аз мақомоти интизомӣ ва бахусус фармондеҳони нерӯҳои мусаллаҳ хост, масъалаи тартибу низом дар воҳидҳои низомиро бисёр ҷиддӣ бигиранд.

Дилрабо Самадова, раҳбари Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ, ки ҳодисаҳои марбут ба сарбозонро пайгирӣ мекунад, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ аз шароит дар артиш ва марги сарбозон гуфт.

Дилрабо Самадова: Нахуст бояд гуфт, имрӯзҳо шароити хидмат дар артиш беҳтар мешавад. Ин қобили таъкид аст. Дастрасӣ ба қисмҳои ҳарбӣ аз тарафи волидон, мутахассисон ва ҳам ҳуқуқшиносон назар ба солҳои қаблӣ беҳтар мешавад. Ин воқеан ҳам хашмовар аст, ки дар ду ҳафтаи аввали ҷалби ҷавонон ба артиш се нафар ба ҳалокат расидаанд. Бояд қайд кард, ки аз ҷиҳати равонӣ қисми ҳарбӣ як олами дигар аст. Сарбозонро ба хидмати сарбозӣ бояд аз пеш омода кунанд. Он ҷо реҷаи рӯз, муносибат дигар аст, онҳо дигар дар иҳотаи модар, падар, зан, фарзанд нестанд, хӯрок, сарулибос нав мешавад, номаш сарбоз мешавад, ҳама баробар – як хел мешаванд. Муҳит ё дунёи дигар аст ва ин дунё талабот ва мушкилоти зиёд дорад. Барои ҳамин онҳо давоми сад рӯз дар карантин, дар омӯзиш, одаткунӣ ба дунёи наву қоидаҳои нав мебошанд. Дар ҳамин сад рӯзи аввал бояд аҳамияти махсус дода шавад, то ки сарбозон барои ду соли баъдии хидмат омода шаванду рӯҳафтода нашаванд. Одатан, дар рӯзҳои аввале, ки сарбозон ба хидмати ҳарбӣ рафтаву ба телефони мобилӣ дастрасӣ пайдо мекунанд, ба хонаҳояшон занг зада мепурсанд, ки оё “мешавад маро ҷавоб гиранд?” ё “ба наздиктари хона барои хидмат гузаронанд?” Онҳо роҳи озод ё дур шудан аз ин мушкилотро мекобанд. Яъне онҳо рӯҳан омода нестанд. Албатта, қисмҳои ҳарбӣ онҳоро омода мекунанд, лекин бояд ҳамеша аҳамият бидиҳанд. Мо ҳамеша машварат медиҳем, ки дар қисмҳои ҳарбӣ равоншиносон бошанд ва онҳо зан бошанд. Чунки зан, меҳр, модар барои рӯҳан омода кардани сарбозон ба хидмат ёрӣ карда метавонанд.

Суҳбати видеоии Дилрабо Самадоваро инҷо тамошо кунед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Бадрафторӣ бо сарбозони тоҷик кам шудааст?

Радиои Озодӣ: Дар робита бо марги се сарбоз чӣ мегӯед?

Дилрабо Самадова: Нисбат ба фоҷеаҳое, ки рух дод, мақомот бояд тафтишоти пурра ва ҳамаҷониба барпо кунанд. Ягон шубҳае, ки дар дили волидон ва оила ҳаст, бояд аз байн бурда шавад ва натиҷаи тафтишот бояд ба ҷомеа дастрас бошад. Дар гирди ин ду-се фоҷеа гапу шубҳа ва суханҳое, ки шояд ба ҳақиқат наздик нестанд, паҳн мешаванд. Мақомот бояд тарафдор бошанд, ки ҳақиқатро ошкор кунанд. Агар пинҳон кунанд, овозаю гапу тарс зиёд мешавад. Мурофиаҳо ҳам бояд ҳамчун муҳокимаҳои намунавӣ ва боз гузаронида шаванд, дастрасии ҷомеа ва ВАО таъмин карда шавад – бо ҳамаи маводҳои ин парвандаҳо. Новобаста ба он ки натиҷаи тафтишот чӣ мешавад – худкушӣ аст ё расонидан ба худкушӣ – гунаҳгорон бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Илова ба ин, бояд афсарони масъули амнияти сарбозон, ки дар қисмҳои ҳарбӣ ҳастанд, дар ҳолати сар задани чунин ҳодисаҳо ба ҷавобгарии интизомӣ, ҷиноӣ, маъмурӣ ё ҳарбӣ кашида шаванд. Онҳо бояд назорат мекарданд, ки чунин фоҷеаҳо рӯй надиҳанд.

Радиои Озодӣ: Чаро бо вуҷуди ин ки солҳои охир талошҳои мубориза бо хушунат ва меҳтарсолорӣ дар артиш бештар шудаву ҳамарӯза дар борааш суҳбат мешавад, бадрафториву фоҷеа кам намешавад?

Дилрабо Самадова: Кам мешавад ё зиёд, мо омори дақиқ надорем, чун ин омор махфӣ аст. Масалан, Додгоҳи олӣ оморе нашр мекунад, вале мо на ҳамеша ба дохили парвандаҳо дастрасӣ дорем. Мо пурра гуфта наметавонем, ки зиёд мешавад ё кам. Мо ҳаминро гуфта метавонем, ки ҳоло муроҷиат бисёр мешавад. Шояд пеш мардум зиёд бовар надоштанду муроҷиат намекарданд, ҳоло ҳуқуқи худро медонанду боварӣ пайдо кардаанд, талаб мекунанд, ки адолат барпо шавад. Боварӣ ба мо, ба мақомот нишон медиҳанду талабот ҳам зиёд мешавад. 95 дарсади муроҷиатҳо дар бораи муносибатҳои бераҳмона ё дашному дигар шикоятҳо ҳатман санҷидаву таҳқиқ ва гунаҳгорон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Лекин масъала дар он аст, ки то куҷо муроҷиат мекунанд ё пинҳон медоранд? Мо бояд пинҳон надорем, махфӣ надорем, чунки ин бехатарии давлат, обрӯи артиши мо аст ва агар мо хоҳем, ки ҷавонон нотарсона ва бо хоҳиши худ ба хидмати ҳарбӣ раванд, мо бояд дар ҷомеа ингуна масъалаҳоро ошкор баррасӣ кунем.

Радиои Озодӣ: Ба Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ бештар аз кадом мушкил шикоят мекунанд?

Дилрабо Самадова: Бояд бигӯям, ки даъвати баҳорӣ мушкили зиёд дорад, чунки аксари даъватшавандаҳо донишҷӯён мебошанд. Онҳо аз курсии донишҷӯӣ якбора ба қисми ҳарбӣ фиристода мешаванд. Ҳатто барои он ки онҳоро ба қисмҳои ҳарбӣ фиристанд, имтиҳонҳои онҳоро пешакӣ қабул мекунанд. Онҳо моҳи апрел донишҷӯ буданд, дар донишгоҳ, озод буданд, бо рӯҳияи баланд ва ҳанӯз дипломро ба даст нагирифта, ҳамон лаҳзае, ки имтиҳони баҳориро супурданд, рост ба қисми ҳарбӣ мебаранд. Онҳо вақт ё фурсате надоранд, ки ба хидмат рӯҳан омода шаванд, бо волидон хайрухуш кунанд. Ингуна муроҷиатҳо зиёд дорем, ки дар рӯзи супурдани имтиҳон онҳоро рост ба хидмат мебаранд. Мо дидем, ки дар моҳи аввали даъват нақша пур шудааст. Лекин сифати сарбоз, рӯҳияи вай оё омода аст? Мо бояд ба ҳамин чиз аҳамият бидиҳем. Дар гузашта то моҳи июн даъват ба хидмат набуд, чун донишҷӯ имтиҳони давлатӣ супурда дипломро ҳимоя мекард. Тобистон фурсате медоданд ва тирамоҳ ба хидмат мебурданд. Ҳоло азбаски ҷавонон пош мехӯранд – ба муҳоҷират мераванд, ростӣ, пинҳон мешаванд ва фирор мекунанд, аз ҳамин хотир онҳоро аз дохили донишгоҳ гирифта ба комиссариатҳои ҳарбӣ мебаранд. Агар ин васила иҷро шудани нақшаро осон кунад, барои даъватшавандаҳо мушкили бузург аст. Бояд ба ин чиз аҳамият дода шавад, чунки ин рӯҳия метавонад барои ба ҳар гуна амал даст задани сарбози нав сабаб шавад.

Радиои Озодӣ: Чанд сол пеш дар Тоҷикистон талошҳо барои ислоҳи қонуни хидмати ҳарбӣ ҷараён дошт ва пешниҳодҳое барои қарордодӣ шудани хидмат, ҷорӣ кардани имтиёзҳои корӣ барои сарбозон ё расман пардохтани пули хидмат ҳам садо дода буд. Ин қонун то куҷо мушкил дар артишро ҳал кард?

Дилрабо Самадова: Қонун соли 2021 қабул шуд. Қонуне, ки шаш сол аст амал мекунад, ҳам ҷиҳатҳои мусбат ва ҳам манфӣ дорад. Ҷиҳати мусабаташ ин аст, ки хидмати ҳарбӣ барои онҳое, ки мехоҳанд дар мақомоти қудратӣ кор кунанд, хидмати сарбозӣ ҳатмӣ аст. Сифати сарбоз ҳам беҳтар мешавад, чунки баъди донишгоҳ бо диплом сарбозон ба хидмати ҳарбӣ мераванд. Қонунвайронӣ ҳам аз байн меравад. Ҳоло дар қисмҳои ҳарбӣ ҳуқуқшиносони зиёде баъди донишгоҳ хидмат мекунанд. Ин сатҳи дониш, риояи қонун ва фаҳмиши ҳуқуқии сарбозонро боло бурдааст. Қонун муқаррар кардааст, ки дар 16-солагӣ, замони дар комиссариат ба қайд гирифтани кӯдак, волидонаш бояд иштирок кунанд, чунки онҳо саломатии фарзандашонро хубтар медонанд. Ин аз ҷиҳатҳои мусбат аст. Аммо мушкилот ҳам зиёд аст. Масалан, волидонро ҷавобгар кардаанд, ки даъватномаро гирифта ба фарзанди худ супоранд. Волидон бояд чӣ кор кунанд? Масалан, фарзанд дар муҳоҷирати меҳнатӣ аст. Вай даъватномаро гирифта фарзандашро телефонӣ хабардор кард. Вале комиссариатҳои ҳарбӣ бисёр вақт ба волидон фишор меоранд, онҳоро ба комиссариат бурда ба онҳо фишор меоранд, ки фарзандашонро ёфта ба Тоҷикистон биёранд. Ё таҳдид мекунанд, ки ҷавобгарӣ доранд. Яъне қонунро ба василаи фишор ба волидон табдил додаанд. Лекин дар қонун меъёрҳое, ки барои решакан кардани облава ё ҷалби маҷбурӣ ба артиш равона шудаанд, қавӣ нестанд. Облава шаклҳои нав мегирад. Ин чиз пурра ҳуқуқи ҷавонони моро поймол мекунад. Барои мубориза бо ҷалби маҷбурӣ ва меҳтарсолорӣ замина қавӣ нест.