"Беморон зиёданд." Дари як чойхонаро дар Панҷакент бастаанд

Шаҳри Панҷакент

Дари бузургтарин чойхонаи шаҳри Панҷакентро бо сабаби риоя накардани қоидаҳои беҳдорӣ ва ба муштариён додани ғизои олудае бастаанд, ки даҳҳо нафарро бемор кардааст.

Ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, рӯзи 6-уми апрел баъд аз хӯрдани кабоби мурғӣ даҳҳо муштарии чойхона шикамдард ва барои муолиҷа ба бемористон бурда шудаанд.

Кӯшиши мо барои суҳбат бо молики чойхонаи “Абубакр” то ин дам натиҷа надод. Чанд нафари наздик ба ӯ гуфтанд, ки “соҳибкор барои бозпурсӣ ба мақомот даъват шудааст”.

Маркази беҳдории вилояти Суғд рӯзи 16-уми апрел ҳодисаро тасдиқ кард, аммо дар як эъломияи расмӣ дар Фейсбук навишт, танҳо чаҳор кас мубталои бемории сахти меъдаю рӯда шудаанд.

Ин манбаъ афзудааст, дар шаҳри Панҷакент 25 нафарро бо аломатҳои беморӣ маълум карданд, аммо азбаски зарурате ба бистарӣ кардан набуд, онҳоро ба хона ҷавоб доданд.

Дар ҳамин ҳол, як манбаи огоҳи Радиои Озодӣ дар минтақа, ки ба далели пеш наомадани мушкил номаш навишта намешавад, рӯзи 16-уми апрел гуфт, “беморон зиёданд ва вазъи чанде аз онҳо бад арзёбӣ мешавад.” Вай афзуд, “аксари онҳо аз дарди шикам шикоят кардаанд”.

Ҳамчунин, ба қавли мусоҳиби мо, ҳангоми санҷиш дар чойхонаи “Абубакр” “як қатор камбудҳо”, аз ҷумла риоя накардани қоидаҳои беҳдорӣ ошкор шудааст. “Биноан, то замони бартараф кардани камбудҳо фаъолияти ошхона боздошта шуд”, -- афзуд ӯ.

Чойхонаи “Абубакр” ду сол пеш дар Бозори марказии шаҳри Панҷакент боз шуд.

Бори аввал нест, ки шикояти сокинон аз хӯроки олуда дар баъзе ошхонаҳои Тоҷикистон расонаӣ мешавад.

Соли 2021 парвандаи як дӯкони мурғпазӣ дар шаҳри Хуҷанд то ба додгоҳ расид. Дар он сол додситонии Хуҷанд соҳиби дӯкони фурӯши кабоби мурғиро барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ, ки боиси заҳролуд шудани дастикам бист нафар шуд, айбдор кард.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Санҷиши як чойхона баъд аз шикояти сокинон

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Парвандаи мурғкабоби "заҳролуд"-ро дар Хуҷанд ба додгоҳ фиристодаанд. ВИДЕОДодситонӣ гуфт, бактерияи “Эколӣ” даҳҳо сокини Хуҷандро заҳролуд кардааст. ВИДЕОПас аз заҳролудшавии сокинон дукони фуруши мурғкабобро дар Хуҷанд бастанд