"Ду-се тир зад." Дар "Тоҷмаҳал"-и Хуҷанд чӣ гузашт?

Додситонии шаҳри Хуҷанд ба таҳқиқи ҷанҷол дар тарабхонаи "Тоҷмаҳал" дар маркази вилояти Суғд шуруъ кардааст.

Дар он ҳодиса дар шаби 12-уми сентябр, ки мақомот ҷузъиёташро намегӯянд, аз силоҳ истифода шудааст.

Як манбаи наздик ба мақомоти тафтишотӣ, ки номаш ба далели амниятӣ нашр намешавад, рӯзи 21-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, "муноқиша миёни соҳибони маърака ва моликони тарабхона сар зада, сипас ба ҷойи ҳодиса маъмурони милиса даъват шудаанд."

Ба нақли ин мусоҳиби мо ва дастикам ду шоҳиди дигари ҳодиса, ки номи онҳо низ бо сабабҳои амниятӣ навишта намешавад, ҷонибҳои даргир ба талаботи маъмурони милиса итоат накарда, вориди баҳс шудаанд.

"Бо шиддат гирифтани вазъият, ба ҷойи ҳодиса кормандони иловагии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ расиданд. Яке аз онҳо барои ором кардани тарафҳо ба ҳаво ду-се тир холӣ кард," – афзуд мусоҳиби мо.

Дар як навори кӯтоҳ, ки дастраси Радиои Озодӣ шуд, лаҳзаи ба ҳаво тир андохтани як нафар либоси мулкӣ дида мешавад.

Шарҳи расмии маъмурони милиса ба ҳодиса маълум нест. Дар Шуъбаи корҳои дохилии Хуҷанд баробари шунидани суоли мо гӯширо хомӯш карданд.

Ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, он шаб дар "Тоҷмаҳал" тӯйи яке аз пайвандони соҳибкори маъруф Абдураҳим Исмоилов баргузор шудааст. Ӯ раиси пешини бозори "Панҷшанбе" аст.

Кӯшишҳои мо барои гирифтани назари моликони тарабхонаи "Тоҷмаҳал" ва наздикони Абдураҳим Исмоилов то ин дам бенатиҷа буд.

Яке аз шоҳидони ҳодиса рӯзи 21-уми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, он шаб тақрибан даҳ нафар аз ҷониби пулис дастгир шуда, аммо дақиқ нест, чанд кас озод ва чанд кас ҳанӯз дар боздошт ҳастанд.

Инро ҳам бинед:

Занозанӣ дар "Арбоб". Як кас боздошт шудааст, дигарон дар куҷо?

Ҷанҷолу занозанӣ дар тарабхонаву қаҳвахонаҳои вилояти Суғд дар як соли охир зиёд шудааст.

Дар занозанӣ дар тарабхонаи "Парламент"-и шаҳри Хуҷанд, ки моҳи феврали имсол рӯй дода, сарусадои зиёд барпо кард, додситони пешини шаҳри Бӯстон низ ширкат дошт. Пас аз расонаӣ шудани ҳодиса, ӯ аз соҳа ронда шуд ва чанд нафари дигар ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.

Мақомоти умури дохилӣ на ҳамеша дар бораи чунин ҳодисаҳо маълумот медиҳанд, ҳарчанд дар бораи ҳодисаҳои дигар зуд ва ботафсил гузориш нашр мекунанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар "Тоҷмаҳал"-и Хуҷанд чӣ гузашт?