Дар Тоҷикистон қимати маводи сӯхт дигарбора боло рафт. Сабаб чист?

Идомаи афзоши нархи сӯзишворӣ дар моҳҳои ахир дар Тоҷикистон ронандагон ва мардумро нигарон кардааст. Мегӯянд, аз ин ҳисоб рӯз то рӯз харҷашон бештар, даромадашон кам мешавад.

Ҳувайдо Саъдуллозода, сокини шаҳри Душанбе, яке аз онҳост. Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт: "Маҷбур мешавӣ бихарӣ, нашавад бо об биравад мошин. Аввал дар 500 сомонӣ бензин мерехтӣ, як ҳафта мегаштӣ, ҳоло дар 500 сомонӣ мерезӣ, ду рӯз мегардӣ”.

Ҳувайдо бензин истифода мебарад ва нархи он дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Душанбе аз 10 сомониву 50 дирам то 11 сомонист. Ду моҳ пеш арзиши бензин 9 сомониву 50 дирам буд. Ронанда Наҷибулло Азимов, ки барои хариди гази моеъ омада буд, ба Радиои Озодӣ гуфт: “Нарх боло рафтааст. Шаш сомониву 70 дирам шудааст. Дар як ҳафта якуним ду сомон боло рафтааст. Албатта ин барои мардуми камбизоат ҷабр аст. Дар 100 сомонӣ мехаридем пеш хуб кор мекардем, ҳозир дар 100 сомонӣ мерезем, ҳеч пул кор намекунем”.

Нархи гази моеъ моҳе қабл 5 сомониву 40 дирам буд. Сӯзишвории дизелӣ, яъне солярка феълан 12 сомониву 50 дирам аст, ки дар муқоиса ба моҳи гузашта бештар аз як сомонӣ гарон аст. Ин нархҳо дар ҳудуди Душанбе дида мешаванд, дар минтақаҳои дурдаст арзиши сӯзишворӣ аз ин ҳам болотар аст.

Афзоиши аз 3 то 18 дарсадӣ

Барномаи Ҷаҳонии Озуқаи Созмони Милал ки вазъи умумии бозори Тоҷикистонро баррасӣ мекунад, дар гузориши нави худ гуфтааст, нархи миёнаи сӯзишвории дизелӣ, бензин ва гази моеъ нисбат ба ҳафтаи гузашта 3-18 дарсад боло рафтааст.

Мақомот ва баъзе ронандагон гуфтанд, аз ҳама бештар нархи сӯзишвории дизелӣ рӯ ба афзоиш аст. Кормандони баъзе аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ гуфтанд, поин ё боло рафтани нарх аз онҳо бастагӣ надорад, балки нархномаро мақомот барои онҳо муайян мекунад.

Дар Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, ки салоҳияти танзиму таҳлили нархҳоро дорад, мавзуъро чунин шарҳ доданд. Зафар Наҷотов, намояндаи Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон: “Дар ҳақиқат имрӯз дар бозори дохилӣ ва бозори ҷаҳонӣ маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ албатта болоравии нархҳо мушоҳида гардида истодаанд, аз он ҷумла дар ҷумҳурии мо. Ин пеш аз ҳама рабт дорад ба он ҳодисаҳое, ки тай моҳҳои ахир дар Ховари Миёна ба амал омад, низоъҳои байни давлатҳо, аз он ҷумла байни давлати Эрон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико албатта бевосита таъсирашро ба бозори нафтӣ ва гази моеъ расонида метавонад ва ҳамин ҳам аст”.

Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон бештари маҳсулоти нафтии худро аз Қазоқистону Русия мехарад ва дар ин ду кишвар ҳам нархҳо боло рафтаанд. Дар ҳамсоякишварҳо аз ҷумла Қирғизистону Узбекистон ҳам арзиши сӯзишворӣ боло рафтааст. Болоравии нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон дар ҳоле иттифоқ меафтад, ки ахиран ҳукумат барои ворид кардани маҳсулоти нафтӣ ва газ молиёт ё молиёти нав ҷорӣ кард.

Бар асоси қарори ҳукумат, минбаъд аз ҳар тонна бензин, сӯзишвории дизелӣ ва газ 30 евро боҷи экологӣ ситонида мешавад. Феълан ҳангоми ворид кардан ба Тоҷикистон аз ҳар тонна маҳсулоти нафтӣ 70 евро андози аксиз ситонида мешавад. Ба ин тартиб акнун аз ҳар тонна маҳсулоти нафтӣ 100 евро молиёт ё андоз мегиранд.

Бозори сӯзишвории Тоҷикистон пойбанди бозори берунӣ буда, ба иттилои расмӣ, дар 4 моҳи соли ҷорӣ ба кишвар 483 ҳазор тонна сӯзишворӣ ворид гардидааст. Воридоти ин навъи маҳсулот соли 2025 бештар аз 1 миллиону 200 ҳазор тонна будааст.