Дар Тоҷикистон истеъмоли “лирикаву кристалл” зиёд шудааст

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Афзоиши истеъмоли навъҳои нави маводи мухаддир, ки ҳоло дар Тоҷикистон бо номи лирика ва ё кристалл маъруфанд, мояи нигаронии амиқи ҷомеашиносон шудааст. Кор ба ҳадде расидааст, ки баъзе аз ҷавонон баъди истифодаи онҳо касеро бераҳмона мекушанд. Ё масалан гӯши касеро газида мекананд.