Дар Тоҷикистон акнун барои дуздии нерӯи барқ бо қасди офаридани "биткойн" ҷазо медиҳанд

Дар Тоҷикистон то кунун ҳеч ҷазои хосе барои истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ барои офаридани пулҳои рақамӣ вуҷуд надошт.

Дар Тоҷикистон нахустин бор барои истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ ба офаридани пулҳои рақамӣ, аз қабили «биткойн» ҷазо таъйин карданд.

Вакилони Маҷлиси намояндагон рӯзи 3-уми декабр тарҳи тағйиру ислоҳот ба Кодекси ҷиноиро қабул карданд, ки дар он моддаи 253 ва махсус бо мазмуни “«Ғайриқонунӣ истифода бурдани қувваи барқ барои истеҳсоли дороии маҷозӣ» илова шудааст.

Бар асоси ин моддаи иборат аз қисм, онҳое, ки барои майнинг ва ё офаридани пулҳои рақамӣ дар Тоҷикистон аз нерӯи барқ ғайриқонунӣ истифода мебаранд, аз 15 000 то 37 000 ҷарима ва ё то ду соли зиндон маҳкум мешаванд.

Аммо агар ин корро гурӯҳи созмонёфта ва барои «истеҳсоли дороии маҷозӣ ба миқдори махсусан калон» анҷом бидиҳад, пас бар асоси қонун аз 5 то 8 соли зиндон маҳкум мешаванд.

Муаллифони тарҳи ислоҳи Кодекси ҷиноӣ гуфтаанд, зиёд шудани истифодаи ғайриқонунӣ барои офаридани пулҳои рақамӣ дар Тоҷикистон зарурати таъйини чунин ҷазоро ба вуҷуд овардааст.

Ҳабибулло Воҳидзода яке аз онҳо ва додситони кулли Тоҷикистон зимни суханронӣ дар Маҷлиси намояндагон гуфтааст: «Дар замони рушди босуръати технологияҳои рақамӣ тарзу усулҳои нави қонуншиканӣ ва дигар кирдорҳои ба давлат ва ҷамъият хавфнок ба вуҷуд омада, боиси халалдор гардидани манфиатҳои давлат ва расонидани зарар ба амнияти иқтисодӣ гардида истодааст. Мисоли равшани ин гуфтаҳо ошкор гардидани ҳолатҳои зиёди дуздии қувваи барқ бо роҳи васл кардани таҷҳизоти истеҳсолку-нандаи дороиҳои маҷозӣ (майнинг фермаҳо) ба ҳисоб мераванд, ки дар баъзе шаҳру ноҳияҳо норасоӣ ва маҳдудияти қувваи барқро аз ин ҳисоб ба таври сунъӣ эҷод карда буд.»

Додситони кулли Тоҷикистон ҳеч мисоле дар ин замина наовардааст, вале тобистони имсол дар як нишасти хабарӣ гуфта буд, ки даҳҳо "майнинг-ферма"-ро дар кишвар ошкор кардаанд. Ҳабибулло Воҳидзода, гуфт, ки соҳибони ин дастгоҳҳои пулсозии рақамӣ ба миқдори қариб 39 миллион сомонӣ барқро "пинҳонӣ истифода бурдаанд". Гуфта мешуд, ки муттаҳамон ба ҷиноятро асосан барои истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидаву ҷазо додаанд.

Айни замон Шуҳрат Ғанизода, вакили Маҷлиси намояндагон зимни шарҳи робитаи байни дороии рақамӣ ва истифодаи нерӯи барқ гуфтааст, «майнерҳо ба шабакаҳои барқ таҷҳизоти компютерӣ ва воситаҳоеро пайваст мекунанд, ки неруи барқро ниҳоят зиёд истифода ва сарф мекунанд.»

Ӯ аз микрочипҳои «ASIC» ном бурдааст, ки бештар барои тавлиди «биткойн» гаронтарин пули рақамӣ дар ҷаҳон ба кор меравад ва ба қавли вакили мардумӣ дар як соат аз 3,5 то 6 киловат соат нерӯи барқ истифода мебаранд. Ба қавли Шуҳрат Ғанизода, «Дар ҳоле ки аз ҷониби майнерҳое, ки фермаҳои калон ташкил мекунанд, Ҳазорҳо ASIC ба низоми энергетикии Тоҷикистон пайваст карда мешавад.»

Ҷазо барои истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ ҷиҳати офаридани пулҳои рақамӣ дар замоне қабул мешавад, ки дар Тоҷикистон нерӯи барқ дар хонаҳои мардум дар соатҳои муайян ва бисёр кам таъмин мешавад. Тарҳи ислоҳу тағйирёфтаи Кодекси ҷиноӣ пас аз тасдиқ дар Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии порлумон ва имзои Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳукми иҷро мегирад.