Ҷазо барои нарафтан ба овоздиҳӣ. Пешниҳоди вакили қирғиз баҳсбарангез шуд

Интихобот дар Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ

Аввал огоҳии хаттӣ, баъдан ҷарима ва дар ниҳоят маҳдудият барои кор дар идораҳои давлатӣ ё пешниҳоди номзадӣ. Баъзе вакилони порлумон дар Қирғизистон пешниҳод доранд, ки барои ширкат накардан дар интихоб ҷазо муқаррар шавад. Муаллифони тарҳ мегӯянд, давоми 15 соли ахир ширкати сокинон дар интихобот камтару камтар мешавад.

Муаллифи ин тарҳ вакили порлумон Марлен Маматалиев ҳузури ками сокинон дар интихоботро як мушкили миллӣ номид. Мегӯяд, мақомот бояд шароитеро фароҳам кунанд, ки шаҳрвандон дар интихобот фаъолона ширкат кунанд.

Дар пешниҳоди ин вакили порлумон омадааст: давлат барои гузарондани интихобот аз буҷа миллионҳо сом харҷ мекунад, аммо дар асл ин беҳуда аст. Ин як далели равшан аст. Барои ҳамин раванди дурустеро бояд фикр кунем, ки ҳамаи шаҳрвандон дар раванди интихобот ҳузур дошта бошанд. Бар асоси Конститусияи Қирғизистон ширкат дар интихобот ҳуқуқ аст, на уҳдадорӣ ва ин чиз моро водор мекунад, ки масъаларо бозбинӣ кунем: оё дуруст аст, ки аз шахс талаб кунем аз ҳаққи худ истифода барад? Он ҳам дар шароите, ки маблағҳои бузурги буҷа сарф мешавад, вале ягон итминон нест, ки шаҳрвандон аз ҳуқуқашон истифода мебаранд.

Видеоро инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Пешниҳоди таъйини ҷазо барои нарафтан ба интихобот дар Қирғизистон

Вакил Мамбеталиев пешниҳод дорад, ки барои шахсоне, ки ба интихобот мераванд, ҷоиза таъйин шавад. Масалан сабукӣ дар пардохти хадамоти давлатӣ ва ҳатто ташкили лотореяҳои махсуси бурднок. Дар айни ҳол пешниҳод шудааст, ки шахсони аз 70-сола боло, шахсони беҳаракатияшон эътирофшуда, шаҳрвандони дар хориҷбуда аз ширкат дар интихобот озод шаванд.

Атир Абдураҳматова, узви пешини Комиссияи марказии интихоботи Қирғизистон таъкид мекунад, ки лоиҳа вазъи сиёсии кишварро тағйир намедиҳад. Баръакс таъйини ҷазо одамонро асабонӣ хоҳад кард.

Ба андешаи ӯ, чунин нест, ки шаҳрвандони Қирғизистон ба хотири танбалӣ ё бепарвоӣ ба интихобот намераванд, балки онҳо бовар надоранд, ки чизеро тағйир дода метавонанд.

"Афсӯс, дар андешаи одамон ин ақида ҷой шудааст: ман ба интихобот равам ё наравам, овоз диҳам ё надиҳам, дар охир ваъдаҳои додаи вакилон ё ҳатто президент иҷро намешаванд. Ва агар ман садо баланд кунам, ҷазо мегирам. Дар натиҷа, шаҳрвандон хомӯш мондан, нишастан ва иштирок накарданро интихоб мекунанд, зеро онҳо бовар надоранд", - гуфт Атир Абдураҳматова.

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов борҳо гуфтааст, ки шаҳрвандонро бояд ташвиқ кард, то дар интихобот фаъолона ширкат кунанд. Моҳи декабри соли гузашта Ҷабборов аз фаъол набудани мардум нигаронӣ кард.