Дар Душанбе тартибу низом дар воҳидҳои низомиро баррасӣ кардаанд

Масъалаи бадрафторӣ бо сарбозони тоҷик ва риоят нашудани ойинномаи низомӣ дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ дар як нишасте бо ҳузури фармондеҳони воҳидҳои низомии Тоҷикистон баррасӣ шудааст. Мушкиле, ки солҳои дароз аст, ба қавли ҳомиёни ҳуқуқ сабаби асосии сарпечии ҷавонон аз хидмат дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи кишвар аст.

Дар ин ҷаласа, ки ба гуфтаи вазорати мудофиа рӯзи 25-уми май дар Душанбе сурат гирифт, Фирдавс Ҳаётзода, додситони низомии Тоҷикистон таъкид кардааст, ки “роҳбарият, фармондеҳон ва сардорони зинаҳои гуногуни ҳама сохторҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳ бояд ба риояи ҳатмии оинномаҳо, тартибу низом диққати ҷиддӣ зоҳир кунанд.”

Дар баёнияи расмии вазорат, омадааст, дар ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва идораи низомии Тоҷикистон “масъалаҳои асосӣ ва муҳими ба хизмати ҳарбӣ дахлдошта давоми солҳои 2025 — 2026, аз ҷумла ҳолати тартиботи дохилӣ, вазъи интизоми ҳарбӣ, таҳкими иҷрои ӯҳдадориҳои хизмат ва таъмини волоияти қонун мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.” Ҳеч оморе дар бораи бадрафторӣ ва ё қонуншиканӣ наовардаанд, вале танҳо дар апрел аз марги се сарбози тоҷик хабар расид. Исрофил Азимзодаи 25-сола аз Рӯдакӣ, Ғолибҷон Иброҳимов - сарбози 23-сола аз ноҳияи Ҳамадонӣ ва Шаҳбоз Ҷонмаҳмадзодаи 23-сола дар зарфи ду ҳафтаи охири моҳи апрел ҳалок шуданд.

Мақомот гуфтанд, сабаби марги онҳоро таҳқиқ мекунанд, аммо ҳомиёни ҳуқуқ бадрафторӣ дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро яке аз сабабҳои қасди ҷони худ кардани сарбозон ва ё ҳалок шудани онҳо медонанд. Айни масъала дар рӯзи 4-уми май дар ҷаласаи Шӯрои амнияти миллии Тоҷикистон ва зери раҳбарии раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон баррасӣ шуд.