Дар Душанбе пешниҳод кардаанд, ки як кӯчаро ба номи Шакурӣ гузоранд

Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ. Соли 2011. Акс аз бойгонии Радиои Озодӣ

Дар як маҳфил дар Душанбе пешниҳод кардаанд, ки кӯчаеро дар пойтахти Тоҷикистон ба номи донишманди маъруф Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ бигузоранд.

Хабаргузории "Азия-Плюс" навишт, ин пешниҳод 28-уми октябр аз забони академик Кароматулло Олимов, мушовири собиқи раисҷумҳур, дар пайванд ба 100-солагии Шакурӣ садо дод.

"Хуб мешуд, ки раёсати Иттифоқи нависандагон бо раёсати Академияи миллии илмҳо якҷоя ба шаҳрдорӣ муроҷиат мекарданд, то барои абадӣ гардондани хотираи устод Шакурӣ ягон кӯча ба номашон гузошта шавад," – гуфтааст ӯ.

Академик Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ соли 2012 дар Душанбе даргузашт.

“Азия-Плюс” мегӯяд, Абдуҷаббор Раҳмонзода, адабиётшинос ва вазири пешини маорифи Тоҷикистон, дар суҳбати ҷудогона бо ин расона хоҳони ба номи Шакурӣ гузоштани як мактаб низ шудааст.

Муҳаммадҷон Шакурӣ соли 1925 дар хонаводаи Шарифҷон Махдуми Садри Зиё, қозикалони собиқи аморати Бухоро ба дунё омада, умрашро дар Тоҷикистон гузарондааст.

Ӯ шаст сол дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, яке аз ниҳодҳои Академияи илмҳои Тоҷикистон кор кардааст.

"Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад", "Сарнавишти форсии тоҷикии Фарорӯд дар садаи бист", "Хуросон аст ин ҷо", "Садри Бухоро", "Равшангари бузург", "Фитнаи инқилоб дар Бухоро" ва “Пантуркизм” аз намунаҳои осори ӯст.

Шакурӣ яке аз ташаббускорон ва муаллифони пешнависи Қонуни забони давлатии Тоҷикистон дар соли 1989 буд.

Инҳоро ҳам бинед:

Муҳаммадҷон Шакурӣ. Писари қозикалони Бухоро ва пуштибони забони тоҷикӣ. ВИДЕОГулрухсори Сафӣ: “Шакурӣ охири Садри Зиё буд”Академик Муҳаммадҷон Шакурӣ дар тасвирҳоУстод Шакурӣ: “Китобхонаи Садри Зиё дар Тошканд монд”М.Шакурӣ: "Забони тоҷикӣ ҳанӯз ба истиқлоли комил нарасидааст"Муҳаммадҷон Шакурӣ: “Инқилоби Бухоро фоҷиа буд”