Ҳазорон мошини борбар, ки бояд ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон бор интиқол диҳанд, дар бандари байнулмилалии "Алат" дар Озарбойҷон банд мондаанд. Пас аз ҳамлаи Амрико ва Исроил ба Эрон марзи ин кишвар баста шуд ва роҳи обии Озарбойҷон - Туркманистон ба ягона масири расидан аз Туркия ва Аврупо ба Осиёи Марказӣ табдил ёфтааст.
Баъзе аз тоҷирону ронандагони тоҷик, ки аз Туркия ва Аврупо ба Тоҷикистон молу маҳсулот интиқол медиҳанд, гуфтанд, ки ним моҳ боз дар интизори гузаштан аз Баҳри Хазар (Каспий) ҳастанд.
Самандар, як тоҷири тоҷик, рӯзи 15-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, сабаби банд мондани мошинҳо дар он аст, ки якбора садҳо мошини боркаш хостанд, аз ин роҳ гузаранд, вале паром ё киштиҳои бузург тавони интиқоли ҳаҷми бузурги борро надоранд.
"Пештар аз Аврупо ва Туркия мошинҳои боркаш бо роҳи заминӣ марзи Эронро гузашта вориди Туркманистон мешуданд. Ин роҳ баста шуд ва ҳама мехоҳанд аз роҳи обӣ истифода кунанд. Инҷо дар як рӯз се паром ҳаракат мекунад ва шояд то 100 мошини боркашро бурда тавонанд. Ҳар рӯз шояд то 300-400 мошин меояд. Аз ин рӯ, ҳама интизор аст, ки кай навбаташ мерасад," -- гуфт ӯ.
Аз бандари "Алат" дар Боку то бандари "Туркманбошӣ" дар Туркманистон 12 соат аз як самт роҳ аст. Анвар, як ронадаи тоҷик, ки 14 рӯз боз интизори гузаштани Баҳри Хазар аст, мегӯяд, "ҳоло инҷо беш аз чор ҳазор мошини боркаш дар интизор ҳастанд."
Пас аз ҷанг дар Эрон масири боркашонӣ ба Осиёи Марказӣ тағйир кард
Тоҷирони тоҷик мегӯянд, ҳанӯз маълум нест, ки кай навбаташон барои интиқоли бор мерасад.
Самандар, як тан аз он тоҷиронест, ки ду мошини боркашаш инҷо мондааст: "Ин роҳ барои мо ҳам гарон ва ҳам дарозтар аст. Агар онҳое, ки аз Туркия бор меоранд, роҳ дарозтар мешавад. Инҷо бояд ҳаққи паромро диҳем, ки аз як соҳил ба соҳили дигар моро расонад,”—гуфт ӯ.
Онҳо мегӯянд, борҳои банд мондаашон бештар аз мошину таҷҳизоти гуногун ва либос иборат аст.
Эрон пас аз ҳамлаи Амрико ва Исроил дар рӯзи 28-уми феврал марзашро баст. Ҳоло, бо вуҷуди оташбаси дуҳафтаина, ки аз 7-уми апрел оғоз шуд, марзи Эрон ҳамоно баста аст.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Мошинҳои борбари тоҷикон дар Боку дармондааст