Даъват дар Қирғизистон: арақро бирез, то дигарон нанӯшанд

Даъват ё челленҷи зидди машрубот дар Қирғизистон: иштирокдорони он машруботро аз мағоза мехаранд ва дар зарфи калоне мерезанд. Ба ин тартиб, ба гуфтаи иштирокдорон, онҳо бо “манбаи бадӣ” мубориза мебаранд.

Наворҳои холӣ кардани бутрӣ ё зарфҳои оби ҷав, арақ, май ва дигар навъи машрубот аз сӯи ҷавонон баҳсҳоеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овардаанд. Бархеҳо ин маъракаро харҷи беҳудаи маблағ медонанд, ки ба боварашон, ба коҳиши истеъмоли машрубот ҳеч таъсире нахоҳад дошт, теъдоди дигаре аз иштирокдорони иқдом ҷонибдорӣ мекунанд ва машруботро манбаи бадиҳо меноманд.

Чаро мефурӯшед? Биёед, онро бирезем!

Даъват ё челленҷ аз онҷо оғоз шуд, ки як мағозаи хурди маҳсулоти ғизоӣ дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон мебоист, чаппа карда шавад. Соҳиби он Карим Жунушов тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ аз одамон хоҳиш кард, ки маҳсулоти боқимондаи мағозаашро харидорӣ кунанд, то ин ки вай зиён набинад. Ба гуфтаи Карим, соҳибони мағозаҳои дигар ва сокинони одӣ хоҳиши ӯро пазируфтанд. Бархеҳо яхмосҳоро хариданд, бархеи дигар кулчақандҳоро. Барои машрубот ҳам харидор пайдо шуд.

Карим Жунушов, соҳибкор

“Бисёриҳо ба ман навиштанд, ки: “Чаро машруботро намерезӣ, аз арақ даст намекашӣ?” Ман посух додам, ки: “Дар ин сурат чи гуна метавонам, қарзро пардозам, ман маҳсулотро бо пули қарз харидаам”. Баъдан як нафар ба ман пешниҳод кард, ки машруботро ба ӯ барои нобуд кардан фурӯшам. Ман, албатта, розӣ шудам”, - нақл кард Карим.

Дар андак фурсат, ба гуфтаи соҳибкор, ин ташаббус ба челленҷ табдил шуд. Карим наворҳоеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кард, ки дар онҳо дида мешавад, одамон ба мағозаи вай меоянд, машруботро мехаранд ва ҳамонҷо ба зарфи калоне мерезанд.

“Дӯстон, ана, мо ба қимати шаш ҳазор сом ($69) машрубот харидем. Мо челленҷро давом медиҳем, то ин ки ҳамаи инро бирезем. Аммо, бубинед, инҷо ҳанӯз машрубот зиёд аст, шумо ҳам метавонед, биёеед, харидорӣ ва маҳв кунед”, - муроҷиат мекунад яке аз иштирокдорони маърака ба обуначиҳои саҳифаи худ.

Иштирокдорони маърака

Дар маърака ё иқдоми мазкур на танҳо мардон, балки занон ҳам иштирок мекунанд. Дар яке аз наворҳо дида мешавад, ки духтари ҳиҷобпӯше бо 10 ҳазор соми қирғизӣ ($114) машруб мехарад ва аз худи Карим хоҳиш мекунад, ки “манбаи бадиҳоро нобуд кунад”.

“Барои нобуд кардан мо 10 ҳазор сом гузаронидем. Ин арақ ба ҳеч куҷо намеравад. Ҳоло ҷаноби Карим онро мерезад. Зеро дар ҳар хонаводае, ки онро мехарад, метавонад ҷанҷолу хархашае сар занад, бадбахтиву нооромие пайдо шавад. Аз ҳамин хотир, ҷаноби Карим, шумо паҳнкунандаи он набошед”, - мегӯяд он духтар дар муроҷиат ба фурӯшанда.

Дар иқдом на танҳо мардон иштирок мекунанд

Ҳар бутрии шикасташуда – аз бадбахтии нафаре пешгирӣ мекунад?

Чунин кумаки ғайриинтизор муносибати Карим Жунушовро ба тиҷорат тағйир додааст. Акнун вай эътироф мекунад, ки агар дубора мағоза кушояд, эҳтимол дорад, ки дигар машруб нафурӯшад.

“Албатта, машрубот даромади хуб меорад, аммо аз нуқтаи назари дин, ин даромад танҳо рақам аст. Зиёнаш ба ҷомеа ба маротиб бештар аст”, - бовар дорад Жунушов.

Навори нобудсозии машрубот зуд паҳн шуд ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳоро ба бор овард. Ҷонибдорони ин ташаббус машруботро сабаби низоъҳои хонаводагӣ, хушунатҳои оилавӣ, ҷиноятҳо ва садамаҳои нақлиётӣ меноманд. Танқидгарони маъракаи мазкур мегӯянд, ин ташаббусҳо боис намегарданд, ки вазъи бозор тағйир ёбад. Ба бовари онҳо, истеҳсолкунандагон ва таъминкунандагони машрубот ба ҳар ҳоле аз фурӯши он даромад мегирад ва ин маънои онро дорад, ки чунин иқдомҳо чизеро тағйир намедиҳанд.

Миёни онҳое, ки дар иқдоми мазкур иштирок кардаанд, соҳибкори ҷавон Ойбек Қодирбеков низ ҳаст. Дар навори видеоие вай аз дигарон даъват мекунад, ба иқдом ҳамроҳ шаванд. Ойбек эътироф мекунад, ки бо чунин иқдомҳо пеши роҳи истеҳсоли машруботро наметавон гирифт, аммо, ба гуфтааш, “ҳар бутрии нобудшуда – ин бутриест, ки дигар онро касе наменӯшад ва амалан кореро анҷом намедиҳад, ки боиси хиҷолаташ гардад”.

Иқтисод зидди эътиқод: “То замоне, ки талабот бошад, пешниҳод ҳам мешавад”

Ба бовари иқтисоддон Кайрат Итибоев, насле, ки баъди солҳои 90-уми асри гузашта таваллуд шудааст, дар воқеъ аксаран ҳаёти солимро интихоб мекунад, сигор камтар мекашад ва машруб камтар менӯшад. Яке аз сабабҳои он эътиқоди динист. Аммо қонуни бозор мегӯяд: “то замоне, ки талабот бошад, пешниҳод ҳам ҳаст”.

Кайрат Итибоев, иқтисоддони қирғизистонӣ

“Зумерҳо (онҳое, ки аз охири солҳои 90 то солҳои 2010 таваллуд шудаанд) ҷонибдори зиндагии солим ҳастанд – зиндагии бидуни машрубот, бидуни сигор. Чунин тренд (анъана) роиҷ аст. Вале ин маъракаи нобудсозии машруботро ман намоишкорӣ меномам. Ҳамчун иқтисоддон ман мегӯям, ки ба фурӯшанда фарқе надорад, ки чӣ мефурӯшад. Вай чизеро мефурӯшад, ки ба фурӯш меравад. Сониян, албатта, фурӯшанда хоҳад гуфт, ки: “Хуб, ман дигар намефурӯшам”. Дар иваз вай чӣ хоҳад фурӯхт? Моли мазҳабӣ? Бигзор фурӯшад, агар онҳо тавонанд, ки чунин молро таъмин кунанд. Ин ба як ҳаракати иҷтимоӣ монанд аст. Ва онҳо бо ин корашон ба ҷомеа нишон медиҳанд, ки набояд машруб нӯшид, ин кори бад аст. Аммо одамоне ҳам ҳастанд, машруб менӯшанд, зеро мо дар ҷомеаи озод зиндагӣ мекунем. Интихоби ҳар кас дар дасти худаш аст”, - мегӯяд иқтисоддон.

Қирғизистон давлати дунявист, ки дар он истеҳсол ва фурӯши машрубот қонунан иҷоза дода шудааст.