Шиква аз дандонпизишкон. "Дард"-е, ки аз дарди дандон камтар нест

Акс аз бойгонӣ

Як сокини вилояти Хатлон тасмим дорад, Маркази дандонпизишкии рақами 2-и ин вилоятро ба додгоҳ бикашад.
Гуландом Раҷабова, сокини шаҳри Кӯлоб мегӯяд, пизишкони ин марказ ба ҷои кандани дандони пӯсидаи писари 12 солааш якбора дандони солими ӯро кандаанд, ки пас аз ин фарзандаш Далер солимиашро аз даст додааст.
Ҳангоми кандани дандони солим ба гуфтаи ин зан ҳуши фарзандаш рафта, давоми як ҳафта рӯю сараш варам мекунад. Ҳоло ҳарчанд, варами руй баргашта бошад ҳам, Далери 12-соларо дарди асаб ранҷ медиҳад.

Хонум Гуландом гуфт: «Чор моҳ шуд, табобат мекунем. Лекин боз мегӯяд, ки оча сарам сахт дард мекунад. Духтури асаб меравем, мегӯяд, ҳангоми кандани дандони солимаш асабҳояш осеб дидаанд. Маро дардам мекунад, ки наход, ҳамин духтурон дандони солимро аз маъюб фарқ накунанд. Писарам то ҳамин дандонашро кандан ҳеҷ дарде надошт. Ҳоло меравам ба суд медиҳам, ки саломатии писарамро барқарор кунанд.»

Тасмими муроҷиати ин сокин ба додгоҳ дар ҳолест, ки даҳҳо сокин аз он шикоят мекунанд, ки пас аз кандани дандон гирифтори бемориҳои гуногун шудаанд. Намозалӣ Назаров, як сокини дигар мегӯяд, ду соли пеш ду моҳ пас аз кандани дандон дар яке аз Марказҳои дандонпизишкӣ гирифтори бемории зардпарвин, беморие, ки ҷигарро заиф мекунад, шудааст. Ӯ мегӯяд, ҳангоми табобат аз зардпарвин пизишкон барояш гуфтанд, ки маҳз кандани дандон бо асбобҳои покношуда ӯро ба ин беморӣ гирифтор кардааст. Аммо ин сокин баръакси Гуландом дар ин робита ба додгоҳ муроҷиат накардааст ва чунин як тасмиме ҳам надорад.

Дар ҳамин ҳол, Ҳусейн Дониёров, директори Маркази дандонпизишкии рақами 2-и вилояти Хатлон воқеъ дар шаҳри Кӯлоб мегӯяд, фаъолияти онҳо бо риояи тамоми талаботи дандонпизишкӣ роҳандозӣ шудааст ва омодаанд, ба ҳар нафари даъвогар бегуноҳии пизишконашонро исбот кунанд. Дониёров мегӯяд, чунин даъво аз ҷониби сокинон, ки пас аз кандани дандон гирифтори беморие шудаанд, ба онҳо низ мерасад, аммо ӯ мегӯяд, ин ҳарфҳо асос надоранд:

«Дар се моҳ муайян карда мешавад, ки аз кадом ҳисоб шахс ба бемории сироятӣ гирифтор шудааст. Сокинон шояд сартарошхона рафтаанд ва ё ҷои дигар, аммо боз аз мо мебинанд. Мо асбобоҳоямонро ҳамеша тоза нигоҳ медорем. Қабл аз оне, ки нафаре ба мо муроҷиат мекунад, мо аз ӯ мепурсем, ки кадом бемории сироятӣ дар гузашта шудааст. Мо онҳоро ба таври ҷудогона табобат мекунем. Асбобоҳои кориамонро дар ҳарорати 180 градус меҷӯшонем. Дар ҳақиқат вируси бемории зардпарвин дар ин ҳарорат намемирад ва мо онро дар дегҳои алоҳида бо роҳи бӯғӣ меҷӯшонем, ки ҳама гуна микроб мемирад.»

Ин шикоятҳо ҳам дар ҳолест, ки Идораи вогиршиносии Қӯрғонтеппа фаъолияти се маркази дандонпизишкӣ дар ин шаҳрро қатъ кардааст.Бо бастани се маркази дандонпизишкӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа, масъулони Идораи вогиршиносии ин шаҳр мегӯянд, сокинони зиёде пас аз мулоиҷаи дандон назди дандонпизишкон ба бемориҳои сироятии гуногун гирифтор шудаанд.

Миралӣ Сабзаев, сардухтури Маркази санитарию эпидимиологии шаҳри Қӯрғонтеппа мегӯяд, ин се марказ бинобар риоя накардани қоидаҳои тозагӣ то ислоҳи камбудиҳо дарҳояшон ба рӯи мизоҷон баста боқӣ мемонад: "Аксари ин марказҳо парвтовҳои худро, ки иборат аз сӯзандорӯ ва дигар маводҳои кимиёвӣ ҳаст, дар нуктаҳои партовҳои умумии сокинони шаҳр мандозанд, ки ин ҳолат ҳам хатарнок маҳсуб меёбад. Ба он хотир, ки эҳтимоли истифодаи ин сӯзандорӯҳо аз ҷониби кӯдакон дар хиёбонҳо вуҷуд дорад."

Ҳамчунин Сабзаев мегӯяд, фаъолияти аксари Марказҳои хусусии дандонипизишкӣ ва кори бархе аз пизишкон қаноатманд набудааст. Ин масъул мегӯяд, ҳоло ба тамоми марказҳои дандонпизишкӣ барои ислоҳи фаврии камбудиҳо супориш шудааст. Ҳарчанд, ин масъул шумори дақиқи афроде, ки пас аз муолиҷаи дандон ба бемориҳои сироятӣ гирифтор шудаанд, нагуфт, аммо иброз дошт, ки шикоятҳои шифоҳию хаттӣ дар ин робита афзоиш ёфтааст. Тибқи иттилои расмӣ дар вилояти Хатлон давоми панҷ моҳи ахир беш аз 5 ҳазор барои муолиҷаи дандон ба Марказҳои дандонпизишкӣ муроҷиат кардаанд.