Пайвандҳои дастрасӣ

Дандонатон дард мекунад? Дандони садаф мехоҳед?


Бо баланд шудани арзиши доллари амрикоӣ дар Тоҷикистон қиммати хизматрасонии дандонпизишкӣ низ гарон шудааст. Комрон як нафар дандонпизишкӣ табобатхонаи хусусӣ гуфт, сабаби қиммат шудани хизматрасони дандонпизишкӣ дар он аст, ки ҳамаи доруҳои масрафшаванда аз хориҷӣ кишвар оварда мешаванд ва ба он доллар таъсир мекунад.

Агар дандони шумо хароб ва ё сӯрох шуда бошад, пас барои тармими он дандон ва ё гузоштани пломба аз 20 то 40 сомонӣ бояд масраф кунед. Аммо агар дандони шуморо бо васоили ҳозиразамони тармим ва маводи сахте, ки барои он истифода мешавад, барқарор кунанд, пас барои он бояд аз буҷаи хеш аз 10 доллари амрикоӣ бештар сарф мекунед.

Кандани дандон низ вобаста ба заҳмати духтур аз 10 то 20 сомонӣ будааст. Аксари одамон аз дарди дандон метарсанд ва агар мизоҷ хоҳиши камтар эҳсос кардани дардро дошта бошад ин ҳам имконпазир аст ва дар ивази 7 ё 8 сомонӣ. Яъне доруе, ки барои фурӯ нишондани дард истифода мешавад, аз 7 то 8 сомонӣ арзиш дорад.

Коршиносон ҷой доштани хатар дар дандонпизишкӣ ба вирусҳои гуногун сироят шуданро таъкид кардаанд. Ва агар хоҳед, ки духтур аз таҷҳизоти наву амн истифода кунад ба маблағи табобат аз 10 то 50 сомонӣ изофа хоҳед кард. Санги дандонро низ бар ивази аз 15 то 40 сомонӣ тоза мекунанд.

Парвин Абдуғаниев, як ҷавони тоҷик гуфт, қиммати хизматрасонии дандонпизишкон барои мардуми камбизоат ба вижа донишҷӯён дастнорас аст, ки одатан бо истифода намакоб, демидрол - доруи карахткунанда, нос ва амсоли инҳо дарди дандонашонро як лаҳзае ором месозанд.

Ҳоли ҳозир ба ҷойи дандони тилло садаф дар мӯд аст. Арзонтарин дандони садафини мустаҳкам 200 сомонӣ будааст. Аммо табибон мегӯянд, эҳтиёт кардани дандон роҳи асосии сарфа кардани маблағҳо ва камхарҷ гардонидани табобат мебошад. Зеро ҳар қадар дандони шумо солим бошад, ҳамон қадар дору ва вақти табиб ба он камтар харҷ мешавад.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG